Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далер Шарифов ба як соли зиндон маҳкум шуд. ВИДЕО


Далер Шарифов

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Далер Шарифов, хабарнигори тоҷикро ба як соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард. Ҳукм 16-уми апрел содир шуд. Додситон барои вай ду солу чаҳор моҳи зиндон талаб карда буд.

Вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарифов гуфт, Далер Шарифов феълан қасди шикоят кардан аз рӯйи ҳукмро надорад, ҳарчанд гуноҳи барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабиро намепазирад. Пештар вакили мудофеъ аз додрас хоста буд, нафари зери ҳимояташро аз толори додгоҳ озод кунад. ​

Мақомот Далер Шарифовро ба барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ гунаҳкор карданд. Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои ин гуноҳ то 5 соли зиндонро пешбинӣ кардааст. Додрас гуфтааст, "ҳолатҳои сабуккунандаро ба назар гирифт".

Худи Далер Шарифов ва хонаводааш аз аввал ин иттиҳомотро беасос номида ва гуфтаанд, ки ӯ ба ҳайси журналисти мустақил мақолаҳои танқидӣ менавишт, вале "узви созмоне набуд ва бо ифротгароён иртибот надошт".

Абдуманнон Шарифов, падари Далер Шарифов рӯзи 16-уми апрел, пас аз итмоми мурофиа гуфт, орзу дошт, ки дар ин рӯз фарзандашро дар озодӣ бубинад, аммо додрас ҳукми дигар баровард. Вай писарашро бегуноҳ мешуморад ва ба озодии кардани ӯ таъкид дорад.

Ҳуқуқдон ва раҳбари созмони "Перспектива Плюс" Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, дар ҷараёни тафтиши парванда ва мурофиаи Далер Шарифов чанд мақолаи ӯро хонд, аммо дар онҳо таркиби ҷиноятро наёфт. "Бояд озод мекарданд, чун барои гунаҳкор карданаш далели собите набуд", - афзуд ӯ.

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буд, ки дар чандин матлаби нашршудаи Далер Шарифов дар расонаҳои кишвар барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабиро дидаанд. Дертар ба ин қатор китоби ӯ бо номи "Муҳаммад ва терроризм" ҳамроҳ шуд. Мақомот мегӯянд, дар ин китоб аз рӯҳониёне иқтибос оварда шудааст, ки паҳну нашри осорашон дар ҳудуди кишвар мамнуъст. Шоҳидон ҳам мегӯянд, додрас асосан аз онҳо дар бораи ин китоб ва рафтори Далер Шарифов пурсидааст.

Муҳокимаи парвандаи Далер Шарифов дар додгоҳ ду рӯз идома кард. Дар ин ду рӯз ба ҷуз аз волидону шоҳидон ва вакили мудофеъ ва раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақил каси дигаре ба мурофиа роҳ наёфт. Рӯзи 15 ва 16-уми апрел барои ҳимоят аз Далер Шарифов ва бозтоби қазияи ӯ тақрибан сӣ нафар дар назди бинои додгоҳ ҷамъ омада буданд.

Додситон ба Далер Шарифов 2 солу 4 моҳи зиндон, вале вакил озодӣ талаб кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00

Мақомот гуфтанд, мурофиа боз аст, вале бар асоси тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус шахси зиёдро ба толор роҳ дода наметавонанд.

Далер Шарифов наздики се моҳ аст, ки дар боздошт аст ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон озодиашро талаб карданд.

Хабарнигори 32-солаи тоҷик рӯзи 28-уми январи имсол аз ҷониби маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуд.

Далер Шарифов дар гузашта дар телевизиони давлатии "Сафина" ва ҳафтаномаи мустақили "Озодагон" ва расонаҳои дигари мустақил кор ва ё ҳамкорӣ кардааст.

Шарҳҳоро бинед (36)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG