Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба "Корвон" меоянду патентҳояшонро мегиранд. Чаро?


Бозори "Корвон". Акс аз бойгонӣ.
Бозори "Корвон". Акс аз бойгонӣ.

Гурӯҳе аз тоҷирони бозори "Корвон"-и шаҳри Душанбе, ки аз бузургтарин макони тиҷорати либос дар кишвар ба ҳисоб меравад, баъди ду ҳафтаи бастани бозор, мехоҳанд, фаъолияти худро расман қатъ кунанд. Тоҷирон мегӯянд, дар ҳаросанд, ки бо дубора боз шудани бозор, мақомот пардохти андози рӯзҳои бекориро талаб мекунанд, бино бар ин тасмим гирифтанд, муваққатан кори худро қатъ намоянд.

Ҳарчанд мақомоти Кумитаи андоз ва масъулони бозорҳои басташуда мегӯянд, андози рӯзҳои бекорӣ талаб карда намешавад, вале бархе соҳибкорон бар ин ваъдаи масъулон чандон боварӣ надоранд. Ба қавли масъулони бозори "Корвон" бо вуҷуди он ки пардохти иҷорапуливу андозҳои рӯзҳои бекорӣ пешбинӣ нашудааст, аллакай шуморе аз тоҷирон омада аз бозор патенти худро гирифта, ба мақомоти андоз муроҷиат карда, корашонро қатъ намудаанд.

Дар ҳамин ҳол, бархе тоҷирон гуфтанд, рӯзи 15-уми май ба назди "Корвон" рафта, хостори дастрас намудани патентҳои худ аз мағозаҳояшон шуданд, вале масъулон дарвозаи бозорро боз накарданд. Саид Акрамов, аз зумраи тоҷиронест, ки рӯзи 15-уми май ба назди бозори "Корвон" рафта, хостори он шудааст, ки патенташро аз мағозааш гираду дар мақомоти андоз корашро барои як муддат қатъ намояд.

Ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, қариб 50 нафар назди бозор ҷамъ шудаанд, вале дарбонҳо дарвозаро боз намекунанд, ки ворид шуда санадҳояшонро гиранд. "Мумкин нест мегӯянд, моро аввал як ҳафтаина гуфтанд, ки бозор маҳкам мешавад, лекин боз як моҳа шуд, дар Кумитаи андоз гуфтанд бояд ҳуҷҷатҳоятонро биёред ариза нависед баъд корамонро бозмедоранд, агар маҳкам накунем номамон рафтан мегирад, вақте кор сар шуд омада қарздорӣ гуфта, муҳр мезананд" - гуфт Акрамов.

Баъзе аз ҳамсуҳбатонамон миёни тоҷирон гуфтанд, ягон санади расмӣ дастрасашон нашудааст, ки дар рӯзҳои баста будани бозорҳо андоз намепардозанд. Бархе дигар аз он нигаронанд, ки ба умеди он ки пас аз як ҳафта ба кор бармегарданд, болои молҳояшонро дуруст маҳкам накардаанд ва дар дарозмуддат аз офтоб сифаташон паст мешавад, ки боз ба ҷайбашон зарар мерасад.

Касе аҳд надодааст, ки молиёт намегиранд

Нигаронии гурӯҳе аз тоҷирону соҳибкорон аз тақдири тиҷораташон дар ҳолест, ки дар Кумитаи андоз гуфтанд, дар бозорҳое, ки карантин эълон шудаасту соҳибкоронаш воқен ҳам кор намекунанд, пардохти андозҳо дар назар нест.

Як масъули ин ниҳод бидуни зикри номаш гуфт, аз тоҷирон дар ин давра андоз талаб намешавад, вале тоҷире, ки дар ин муддати карантинии бозораш худро бекор гуфта, вале дар дигар ҷо ба тиҷорат машғул шаванду аз пардохти андозҳо саркашӣ кунад, нисбаташон чораандешӣ хоҳад шуд: "Ин ки мехоҳанд, омада ариза нависанду корашонро бас кунанд, ҳуқуқи онҳост, вале набояд нигарон шаванд".

Шералӣ Қарахонов, корманди бозори "Корвон" дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тоҷироне, ки хоҳиши дастрас намудани патентҳояшонро доранд, онҳо омодаанд, мусоидат кунанд. Ӯ гуфт, воқеан дар рӯзҳои баста будани бозор чанде аз тоҷирон омада, патентҳои худро аз мағозаҳояшон гирифтаанд: “Рӯзҳо 8-10 кас меояд, ки патенташонро гиранд, бо риояи талаботи беҳдошти онҳоро ҳамроҳӣ мекунем, мегиранд, ҳуҷҷатҳои лозимаашонро”.

Мушкили яксон дар Суғду Хатлону Бадахшон?

На танҳо бахше аз тоҷирони “Корвон” балки соҳибкорони бозорҳои либосфурӯшии дигар минтақаҳои Тоҷикистон, аз қабили Суғду Хатлон низ нигаронанд, ки дар сурати ба дарозо кашидани карантин, вазъи тиҷорату зиндагияшон бад хоҳад шуд. Тоҷироне ҳастанд, ки мегӯянд, аз бонкҳо қарз гирифта, тиҷоратро ба роҳ мондаанд ва беҳтар аст, дар чунин шароит ба онҳо имтиёзҳои бонкӣ дода шаваду як муддат дар пардохти қарзҳои бонкияшон таътил эълон шавад.

Аммо Бонки милли Тоҷикистон то ҳол дар бораи эълони таътили қарзҳои муштариён хабари расмие надодааст ва бархе масъулони бонкҳо қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки чунин имконро надоранд.

Соҳибкорӣ дар Тоҷикистон аз бахшҳое ба ҳисоб меравад, ки дар пур намудани буҷаи кишвару рушди иқтисод нақши муассир доранд, аммо андозҳои гарону дигар монеаҳои сунъӣ аз мушкилиҳест, ки борҳо аз забони соҳибкорону тоҷирон садо додааст.

Қаблан пас аз як эълони Бонки миллӣ дар бораи пешниҳоди сабукӣ ба соҳибкорон, баъзе бонкҳои кишвар чунин эълонро шарҳ доданд, ки он аз таъхири пардохти қарзу фоизҳои қарзӣ иборат аст, на ин ки муваққатан озод намудан аз пардохтҳои бонкӣ.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG