Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Ҳамадонӣ сабабҳои аз карантин "фирор" кардани раиси дафтари ҳизби ҳокимро пурсид


Давлатҷон Ғаффорзода

Давлатҷон Ғаффорзода, раиси дафтари ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ, пеш аз адои муҳлати карантин аз бемористони марказии ноҳия "фирор" кардааст. Пизишкон рӯзи 5-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ дар хонааш аст ва қоидаҳои карантинро риоя мекунад, вале раиси ноҳия мегӯяд, дар куҷо будани ӯро намедонанд.

Дастикам ду манбаи Радиои Озодӣ дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон хабар доданд, ки 4-уми май дар маҷлиси ҳукумати ноҳия масъалаи "фирор"-и Давлатҷон Ғаффорзода аз бемористон ва дар куҷо будани ӯ баррасӣ шудааст.

Як ҳамсуҳбати мо, ки дар ҷаласа иштирок дошт ва нахост номаш бурда шавад, гуфт: "Раиси ноҳия сардухтур ва масъулони дигарро аз ҷой хезонд ва пурсид, ки Ғаффорзода дар куҷост ва чӣ гуна аз беморхона баромадааст? Сардухтур ҷавоб дод, ки ба хонааш рафтем, вале наёфтем."

Манбаи дигар дар ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд, раиси ноҳия дар маҷлис аз як корманди ҳизби ҳоким ҳам айни суолро кардааст. "Вай посух дод, ки намедонам ва афзуд, бояд дар беморхона бошад", - нақл кард манбаъ.

Рӯзи 5-уми май Давлатҷон Ғаффорзода, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба зангҳои мо ҷавоб надод, то асли воқеаро аз худаш пурсем.

Бозоралӣ Одиназода, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки воқеан сардухтури бемористони марказиро дар ҷаласаи ахир дар бораи дар куҷо будани Ғаффорзода пурсидааст.

Ӯ гуфт, "пурсидам, лекин маълумот надоданд, ки дар куҷост. Ба фикрам, ӯ бемор нест ва баромада рафтааст. Ба Душанбе ё куҷои дигар рафтааст. Дар Тоҷикистон нисбат ба ин гуна рафтор ягон қонуни алоҳида набаромадааст, ки мо ӯро маҷбурӣ кашида биорем. Барои эҳтиёт гуфтем, ки дар хонааш бошад, карантинро риоя кунад".

Раиси ноҳия таъкид кард, ки ҳамин бегоҳ дар мавриди дар куҷо будани Давлатҷон Ғаффорзода ба ӯ маълумоти дақиқ пешниҳод мекунанд.

Одиназода дар ҳоле мунтазири пешниҳоди маълумот аст, ки Ҳасан Розиқов, сардухтури бемористони марказии ноҳияи Ҳамадонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, Давлатҷон Ғаффорзода дар хонааш аст. Вай шарҳ дод, ки "Ғаффорзода бо дарди узвҳои бадан тайи панҷ рӯз дар беморхона таҳти назорат буд ва баъди ин аз онҷо рафтааст."

Ҳамсӯҳбатамон гуфт, шахсан беморро ҷавоб надодааст ва аз рафтани ӯ низ дарак надошт: "Ба кор омадам, ки хабар доданд, ӯ баромада рафтааст. Баъд аз як рӯз омад, муоина кардам, ҳолаташ қаноатбахш аст. Нагурехтааст, ба хонааш рафтааст".

Ин пизишки тоҷик дар ҷавоб ба суоли он ки чӣ гуна дар бемористони зери карантин як бемор қабл аз анҷоми муҳлат меравад, гуфт, "ӯ аз фавти як бемор тарсида рафтааст. Беморхонаи мо карантин аст, забонхат навишта рафтааст, бо хоҳиши худ. Ман ҷавоб надодам".

Сардухтури бемористони марказии Ҳамадонӣ бо далели серкорӣ суҳбатро идома надоду гӯширо гузошт.

Мақомоти Тоҷикистон аз аввали моҳи феврал то ин дам ҳазорҳо нафареро, ки аз хориҷ баргаштаанд ва ё наздиконашон аз бемориҳои сироятӣ ва илтиҳоби шуш фавтидаанд, зери карантин қарор доданд.

Дар ин муддат хабару наворҳое ба матбуот роҳ ёфт, ки баъзе аз ин афрод давраи карантинро пурра нагузарондаанд.

Чанде қабл дар яке аз осоишгоҳҳои Варзоб низ як нафар аз шароити карантин саркашӣ намуд, ки баъдан мақомоти умури дохилӣ гуфтанд, вайро дубора зери назорати пизишкон қарор доданд. Табибон чунин рафтори сокинонро мазаммат мекунанд, чун ба гуфтаи онҳо саркашӣ аз карантин метавонад ба саломати атрофиён хатар эҷод кунад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (21)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG