Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Такрори ҳодисаи 26 сол пеш дар Тоҷикистон. Деҳқонҳо аз пайомади он дар ташвишанд. ВИДЕО


Барфи ғайримунтазираи шаби 8-уми апрел аксар боғбонҳои Тоҷикистонро нигарон кардааст. Зеро, ба бовари онҳо, дар сурати идомаи сардӣ дар рӯзҳои оянда, бештаре аз ҳосили дарахтони мевадиҳанда талаф меёбанд. Боғдорони водии Ҳисор мегӯянд, имсол сокинон дақиқан набояд ҳосили гелосу бархе аз меваҳои дигарро интизор бошанд.

Аъзам Рафиқов, сокини деҳаи Обшорони ноҳияи Ҳисорро рӯзи 9-уми апрел машғули тоза кардани дарахтони назди мағозааш дар канори шоҳроҳи Душанбе дарёфтем. Вай гуфт, "42-сола шудам, аммо бори аввал мебинам, ки дар моҳи апрел чунин барф меборад. Агар имшаб ҳаво сард шавад, дигар умеди ба даст овардани ҳосил аз байн меравад".

Ба иттилои Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, чунин барфрезии ахир дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он дар моҳи апрели соли 1994 сурат гирифта буд. Аммо, ба қавли ҳавошиносон, шиддати боришоти 26 соли қабл хеле пасттар аз барфрезии шаби гузашта будааст.

Гадоалӣ Саидов, кишоварзи дигар аз ноҳияи Ҳисор, 116 гектар боғ дорад. Вай мегӯяд, шумори зиёде аз ниҳолҳои мевадиҳанда шикаставу зери тӯдаҳои барф мондаанд. Ба гуфтаи ин боғпарвар, наҷоти ҳосили ин боғ тақрибан ғайримумкин шудааст.

Вай афзуд, "агар шаб ҳаво соф нашавад, эҳтимол дорад то 30 дарсади ҳосили гелоси боғ наҷот ёбад. Аммо агар шабона ҳаво сард шавад, тамоми ҳосил барбод рафт гӯем, мешавад. Дар канори боғи ман боғи интенсевии себ ҳаст, гулҳои шукуфтаи ниҳолҳои себ низ ҳама зери барф мондааст".

Дар Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, чунин тағйири вазъи ҳаво пешгӯӣ шуда буд ва бар асари вуруди ҳавои сарди атлантикӣ, шаби гузашта дар бештаре аз қаламрави Тоҷикистон барф борид. Ба гуфтаи ҳавошиносон, барфрезии шаби гузашта дар Душанбе то 20 ва дар бархе аз ноҳияҳо то 25 сантиметр будааст.

Парвина Саидҷамолова, муовини раиси Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон дар посух ба ин саволи Радиои Озодӣ, ки ҳамакнун вазъи ҳаво ба чӣ тартиб тағйир меёбад, гуфт, шабона ҳавои сард кишварро фаро мегирад. Дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он шабона ҳаво то 5 дараҷа сард мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳаво то 15 дараҷа сард мешавад".

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Барфу сармои баҳорӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:12 0:00

Бахши аъзами ҷамъияти Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва шуғли асосиашон кишоварзӣ мебошад.

Мизроб Амирбеков, коршиноси арсаи кишоварзӣ мегӯяд, барфрезии шаби гузашта дар канори боғҳо ба соҳаи растанипарварӣ низ таъсир гузоштааст. Амирбеков афзуд, "дар бахши растанипарварӣ кишоварзон имкон доранд аз тариқи кишти такрорӣ то андозае хисороти худро ҷуброн кунанд, аммо, боғдорони тоҷик хисороти бузурги бебозгашт бардоштанд".

То ҳол масъулини Вазорати кишоварзӣ ё Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар бораи ҳаҷми зарари расида ба арсаи кишоварзиро эълон накардаанд. Дар Вазорати кишоварзӣ гуфтанд, ҳоло ҳисоби хисороти расида ба боғдорон ва зироаткорон шурӯъ шуда, то чанд рӯзи дигар натиҷаҳои он эълон карда мешавад.

Ин ҳолат дар замоне пеш омад, ки бисёре аз сокинон ба ҳосили дарахтону зироати худ умед бастаанд. Ба сабаби хуруҷи коронавирус дар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Русия, ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик бекор мондаанд ва наметавонанд барои таъмини оилаҳояшон дар Тоҷикистон маблағ фиристанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG