Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши "рекордӣ"-и омори коронавирус дар ҷаҳон. Вазъият дар Русия "вазнин аст"


Марде дар Олмон аз ташхиси коронавирус мегузарад
Марде дар Олмон аз ташхиси коронавирус мегузарад

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд, дар шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон бештарин шумори сироятшудаҳо ба вируси нави корона сабт шудааст. Ин созмон гуфтааст, дар 24 соати гузашта 106 ҳазор мавриди нави гирифторӣ ба COVID-19 ошкор шудааст, ки аз замони пайдоиши пандемия бесобиқа будааст.

Вазъият дар чаҳор кишвар, аз ҷумла Русия вазнин арзёбӣ мешавад. Дар Тоҷикистон шумори гирифторон аз ду ҳазор нафар бештар шудааст.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар омори нав гуфтааст, қариб аз се ду ҳиссаи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавируси нав дар чаҳор кишвар мебошад. Ин созмон аз ин чаҳор кишвар ном набурдааст, аммо додаҳои Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс нишон медиҳад, ки бештарин ҳолатҳои ошкоршудаи коронавирус дар Амрико, Русия, Бразилия ва Бритониё ба қайд гирифта шудааст.

Мавзӯи дигаре, ки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз он нигаронӣ кардааст, ки паҳншавии коронавируси нав дар кишварҳои дар ҳоли рушд ва фақир аст. Ҳарчанд бисёр кишварҳо дар Аврупо, Шарқи Осиё ва манотиқи дигар дар ҳоли коҳиши маҳдудиятҳои ҷоришуда ҳастанд.

Тибқи омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико, теъдоди гирифторшудагон ба бемории COVID-19 дар ҷаҳон аз панҷ миллион нафар гузашт. Ин омор ҳар соат бо суръат афзоиш меёбад.

Коронавирус ҳоло ба як мавзӯи аслии баҳс миёни кишварҳо бахусус Амрико ва Чин шудааст. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико борҳо аз Чин ба хотири “пинҳонкорӣ дар паҳншавии коронавирус” интиқод кардааст.

Трамп рӯзи 20-уми май бори дигар аз Чин сахт танқид кард ва ин кишварро ба “корношоямӣ” дар ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус муттаҳам намуд. Доналд Трамп дар Твиттер навишт, "аҳмақе дар Чин баёния дода ва ҳамаро ба ҷуз худашон дар паҳншавии корона, ки ҷони садҳо ҳазор нафарро гирифт, муттаҳам кардааст.”

Мақомоти Чин дар посух ба интиқодҳои раиси ҷумҳури Амрико гуфтанд, Трамп мехоҳад бо танқиди Чин масъулияти худро канор андозад.

Коронавируси нав, ки бемории COVID-19-ро бармеангезад, бори аввали моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳони Чин сабт шуд. Моҳи март баъд аз афзоиши ин беморӣ дар Аврупо ва Амрико, Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ин бемориро пандемия эълон кард. Ҳарчанд ҳоло бархе кишварҳо, аз ҷумла Амрико бо шиддат аз кори СҶТ танқид карда, ин созмонро дар ноуҳдабароӣ айбдор мекунанд.

Дар Тоҷикистон ҳам коронавируси нави дар ҳоли афзоиш аст ва давоми ҳафта гузашта ҳамарӯза шумори гирифторшудагон аз 200 нафар зиёд эълом мешавад. Ин беморӣ дар Тоҷикистон то имрӯз 41 қурбонӣ дошт ва 470 нафар аз он шифо ёфтанд. Ҳарчанд бархеҳо ба оморҳои расмӣ шубҳа доранд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам чандин нафар аз вафоти наздиконашон аз ин беморӣ хабар доданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG