Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЮТейр барои бозгардонидани шаҳрвандони Русия ба Душанбе парвоз мекунад


ЮТайр қаблан ба Тоҷикистон пайваста парвоз мекард.

Ҳазорон муҳоҷири кории тоҷик дар Русия интизори оғози парвозҳо ба Тоҷикистон ҳастанд ва эҳтимол дорад, бархе аз онҳо бо ду парвози чартерии “Уралские авиалинии” ҳафтаи оянда ба ватан баргарданд.

“ЮТэйр” як ширкати дигари ҳавопаймоии Русия бо мақомоти тоҷик барои анҷоми парвозҳои чартерӣ миёни ду кишвар вориди музокирот шуда, мегӯяд, ки нархи билети парвозҳо аз 600 евро бештар хоҳад буд.

Ҳарчанд бозгашти муҳоҷирони кории дармондаи тоҷик дар Русия имконпазир ба назар мерасад, вале савол ин аст, ки оё онҳо тавони харидории билетҳои гаронро доранд ё не? Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ хабар додааст, ки 26-уми май ширкати “Уралские авиалинии” аз Душанбе ду парвоз ба шаҳрҳои Красноярск ва Екатеринбургро анҷом медиҳад, то сокинони ин манотиқи Русияро аз Тоҷикистон берун барад.

Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи фурудгоҳи шаҳри Душанбе мегӯяд, ки феълан “ЮТэйр”, ширкати дигари ҳавоии Русия барои анҷоми парвозҳои чартерӣ ба Тоҷикистон вориди музокирот бо мақомоти тоҷик шудааст: “Феълан онҳо мехоҳанд, ҳафтае ҳадди ақал як парвоз анҷом диҳанд. Дар ин замина онҳо ризоияти мақомоти Русияро гирифтаанд, зеро ҳукумати Русия барои ҷилавгирӣ аз муфлисшавии ширкатҳои ҳавоӣ ба онҳо иҷоза медиҳад, парвозҳо ба хориҷро оғоз кунанд”.

Аммо гуфта мешавад, арзиши билет дар ин парвозҳои чартерӣ гарон хоҳад буд, зеро, зеро, тибқи муқаррароти нави ИКАО ё Созмони Байналмиллалии Ҳавонавардӣ баъд аз хуруҷи бемории COVID-19 мусофирон бояд дар дохили ҳавопаймо низ фосилаи бехатариро риоя кунанд, яъне байни мусофирон бояд як курсии холӣ нигоҳ дошта шавад. Ба ин далел, қиммати парвоз ба Русия ба ҳисоби миёна 600 евро хоҳад буд, ки дар муқоиса бо замони то хуруҷи беморӣ бамаротиб баланд аст. Мусофирон бояд санади тиббӣ дошта бошанд, ки гирифтори коронавирус нестанд.

Остона эйр ҳам азми парвоз дорад, вале...

Ширкати ҳавоии “Остона Эйр”, ки машғули интиқоли мусофирон миёни Душанбе ва Алмаато буд, хабар додааст, ки аз 1 июн парвозҳо ба пойтахти Тоҷикистонро шурӯъ мекунад ва ба гуфтаи Ҷамила Ҳусейнова ба онҳо дархост низ расидааст. Маълум нест, парвоз чартерӣ мешавад, ё доимӣ чун, ҳанӯз Тоҷикистон расман марзҳояшро барои парвозҳои доимӣ боз накардааст. Дар ин парвозҳо низ муқаррароти нави ИКАО роиҷ хоҳад буд. Ёдовар мешавем, ки Қазоқистон баъд аз Русия ҳоло дувумин кишварест, ки муҳоҷирони кории тоҷикро мепазирад.

Аммо, ҳамасола ба Русия ҳудуди як миллион аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои ҷустуҷӯйи ҷойи кор ва маоши муносиб мераванд ва афзоиши арзиши роҳкиро барои ин афрод мушкилзо мешавад. Солҳои гузашта нархи билети парвоз аз ду ҳазор сомонӣ шурӯъ мешуд. Шариф Раҳимзода, мудири Пажӯҳишгоҳи масоили иқтисод ва демографияи Тоҷикистон дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт: “Ширкатҳои ҳавоӣ умдатан хусусӣ мебошанд ва бар зарари худ наметавонанд, парвоз анҷом диҳанд, зеро, баъд аз паҳншавии бемории COVID-19 маълум аст, ки ҳавопаймо наметавонад, дар ҳарду самти парвоз пур аз мусофир бошад”.

Олим Бобоев, иқтисодшиноси дигари тоҷик мегӯяд, муқаррароти ИКАО муваққатист ва баъди аз байн рафтани хатари COVID-19 ширкатҳои ҳавопаймоӣ имкон пайдо мекунанд, нархи билетҳоро пойин баранд. Дар ҳамин ҳол, қарор аст, як ҳавопаймои ширкати “Turkish Airlines” дар парвози чартерӣ даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз Истанбул ба Душанбе оварда, дар роҳи бозгашт сад шаҳрванди Туркияро бибарад. Сафири Ҳинд дар Тоҷикистон низ хабар додааст, ки ширкати “Индиа Эйр” 27 ва 28-уми май ба Душанбе ду парвоз анҷом дода, теъдоде аз 1500 шаҳрванди худро ба ватан бармегардонад.

Шаби гузашта як ҳавопаймои украинӣ ба фурудгоҳи Душанбе нишаста, 21 шаҳрванди тоҷикро аз ин кишвар ба ватан овардааст. Тоҷикистон аз 20-уми марти имсол барои пешгирӣ аз сирояти СOVID-19 парвози ҳавопаймоҳо ба дохилу хориҷро манъ кард ва маълум нест, кай парвозҳои комил дигарбора аз сар гирифта мешаванд. Баъд аз манъи парвози ҳавопаймоҳо ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистон дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ва бахусус Русия дармонданд.

Шарҳҳоро бинед (7)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG