Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи президентӣ дар Узбакистон 4 декабр доир мешавад


Мардуми Узбакистон рӯзи 4 декабр ба пои садуқҳои раъй хоҳанд рафт, то президенти ояндаи худро интихоб кунанд. Раиси ҷумҳури собиқи Узбакистон Ислом Каримов рӯзи 2 сентябр бар асари сактаи мағзӣ даргузашт.

Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон рӯзи 9 сентябр эълон кард, ки интихоботи президентӣ дар ин кишвар, 4 декабри соли ҷорӣ баргузор мешавад. Ба иттилои дафтари матбуоти КМИР-и Узбакистон, тасмим дар мавриди замони доир шудани интихоботи ояндаи президентӣ, дар нишасти рӯзи 9 сентябри Комиссияи марказии интихоботи он кишвар, гирифта шудааст.

Нишасти Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон Мирзо Улуғбек Абдусаломов бо як дақиқа хомӯшӣ ба хотираи Ислом Каримов, оғоз ёфтааст. Дар нишасти Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон, ба ғайр аз аъзои ин комиссия, сарони ҳизбҳои сиёсӣ ва журналистон низ ҳузур доштаанд.

Ислом Каримов ба асар сактаи мағзӣ даргузашт ва дар Самақранд дафн шуд.
Ислом Каримов ба асар сактаи мағзӣ даргузашт ва дар Самақранд дафн шуд.

Дафтари матбуоти Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон бо эълони ин хабар, ҳамзамон аз оғози маъракаи интихоботӣ, иттилоъ дод. Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон мегӯяд, ки ин ниҳод ва комиссияҳои маҳаллӣ масъуланд, ки интихоботро ба таври шаффоф баргузор кунанд.

Таъйни замони баргузории интихоботи президентӣ дар Узабкистон дар ҳолест, ки рӯзи 8 сентябр Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳури ин кишвар шуд. Тибқи моддаи 96-и Конститутсияи Узбакистон, дар сурати беморӣ ё даргузашти раҳбари давлат, муваққатан масъулиятҳои раёсати ҷумҳурии ин кишварро раҳбари палатаи болоии порлумон ё сенат ба ӯҳда мегирад. Аммо Неъматулло Юлдошев, раиси палатаи болоии парлумони Узбакистон, номзадиашро пас гирифт.

Дар Узбакистон ҳамакнун марҳилаи тозаи омодагиҳо ба интихоботи президентӣ шурӯъ шудааст, ки ба қавли коршиносон, бо таъйиноти Мирзиёев рӯзи 8 сентябр, гумонҳоро дар заминаи шонси ин ё он номзад тақрибан ба сифр баробар мекунад.

Шавкат Мирзиёев, нахуствазир ва президенти муваққатии Узбакистон.
Шавкат Мирзиёев, нахуствазир ва президенти муваққатии Узбакистон.

Дар оғоз сухан бештар аз эҳтимоли муборизаи се номзад ба курсии президентӣ - нахуствазир Шавкат Мирзиёев, вазири молия Рустам Азимов ва раиси Хадамоти амнияти миллӣ ё СНБ Рустам Иноятов мерафт.

Ҳоло, эҳтимол музокироту машваратҳои пасипардаӣ дар масъалаи номзади аслии раёсатҷумҳурӣ ҳаллу фасл шудааст ва танҳо баргузории расмии интихобот лозим аст, ки мақоми муваққатии раҳбар ба президенти қонунӣ табдил шавад.

Ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳам созмонҳои мудофеи озодии баён Узбакистони аҳди Каримовро борҳо барои набуди шаффофият, тамаркузи қудрат, нақзи муқаррароти демократӣ ба ҳангоми баргузории интихобот, танқид кардаанд.

НАМОЗИ ҶАНОЗАИ ИСЛОМ КАРИМОВ:

Намози ҷанозаи Каримов (Навор аз ТВ Узбакистон)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:19 0:00

XS
SM
MD
LG