Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавкат Мирзиёев раҳбари муваққатии Узбакистон шуд (ВИДЕО)


Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон, рӯзи 8-уми сентябр иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳури ин кишвар шудааст. Аз рӯи моддаи 96-и Конститутсияи Узбакистон, дар сурати маризӣ ё даргузашти раҳбари давлат, муваққатан масъулиятҳои раёсати ҷумҳурии ин кишварро раҳбари палатаи болоии порлумон ё сенат ба ӯҳда мегирад. Аммо Неъматулло Юлдошев, раиси маҷлиси болоии порлумони Узбакистон, номзадиашро пас гирифтааст.

Шавкат Мирзиёеви 58-сола бо доштани курсии раҳбарӣ аз соли 2003, дар таърихи 25 соли истиқлолияти Узбакистон, дарозумртарин нахуствазири ин кишвар унвон мешавад. Ӯ аз соли 2001-2003 ҳокими вилояти Самарқанд ва солҳои 1996-2001 ҳокими Ҷиззах буд.

Дар миёни номзадҳои дигар исми вазири молия Рустам Азимов ва раиси Хадамоти амнияти миллӣ ё СНБ Рустам Иноятов бурда мешавад.

​Гуфта мешавад, ки Шавкат Мирзиёев дар минтақаи Ҷиззах дар оилаи кормандони соҳаи тиб таваллуд шудааст. Кор дар Комсомоли замони Шӯравӣ роҳро барои боло рафтани Мирзиёев ба зинаҳои болотар боз кард.

Солҳои фаъолияташ дар симмати нахуствазир Мирзиёев ҳамеша дар сояи Каримов нонамоён буд. Аммо ҳамкорони собиқаш ӯро ҳамчун шахси якрав ва эҳсосотӣ тасвир мекунанд. Шараф Убайдуллоев, сухангӯи Ислом Каримов дар солҳои 90-ум, ки дигар дар Узбакистон зиндагӣ намекунад, қаблан дар суҳбат бо Озодӣ Шавкат Мирзиёевро "ғайри қобили пешгӯӣ" ва шахсе дониста буд, ки "фикр мекунад, танҳо худаш ҳақ аст".

Таъиноти президенти муваққатии Узбакистон баъди он сурат гирифт, ки рӯзи 2-юми сентябр дар Тошканд бар асари хунравии мағзӣ раиси ҷумҳури пешини ин кишвар Ислом Каримов дар 78-солагӣ даргузашт.​

Шавкат Мирзиёев раҳбари муваққатии Узбакистон шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

"Шоҳ мурд. Зинда бод шоҳ!" ​

Ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи онки оё мешавад гуфт, "Мирзиёев таъинотро ба мақоми раҳбари муваққатии Узбакистон аз нақзи қонун шурӯъ кард?", таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ дар Маскав Аркадий Дубнов гуфт: "Аз оғоз мегуфтам, ки таҳаввулоти баъдӣ аз рӯи ду сенария пеш меравад. Сенарияи аввал – аз рӯи Конститутсия ва моддаи 96, ки раҳбарии муваққатро баъди корношоям шудани президент раиси Сенат ба ӯҳда мегирад. Агар аз рӯи ин принсип кор пеш мерафт, ин ба маънои "болотар будани қонун" бояд арзёбӣ мешуд.

Варианти дуюм ин буд, ки ба хотири роҳ надодан ба ҷудоӣ дар миёни элитаҳо, якбора нишон медиҳанд, ки "хӯҷаини ин хона кист". Дубнов гуфт, ин тасмим ба хотири роҳ надодан ба "нофаҳмиҳо дар миёни мардум" ва муборизаҳои пасипардагӣ, гирифта шуд, ки шояд то замони интихобот имкони сари қудрат омадани дигар номзадҳоро баррасӣ накунанд. "Шоҳ мурд. Зинда бод шоҳ! Ин аст фалсафаи таъини Мирзиёев," - гуфт Дубнов.

Таҳлилгари тоҷик Сайид Муҳаммади Дӯстмуҳаммадиён дар вокуниш ба ин хабар гуфт, чунин натиҷаро "пешгӯӣ кардан мумкин буд". Дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ ӯ аз Душанбе гуфт, аз пеш маълум буд, ки раиси комиссияи ҷаноза ҷойгузини Каримов мешавад. Ин масъулият ба дӯши Мирзиёев вогузор шуда буд.

"Гурӯҳи ӯ бар дигар кланҳои Узбакистон ғолиб омадааст. Ин чиз зимни сафари Владимир Путин ҳам ба Самарқанд возеҳтар шуд," - гуфт ӯ. Вай афзуд, "таъиноти Мирзиёев нахустин латма, қонунвайронкунӣ - ин ба ҷои Юлдошев таъин шудани худи Шавкат Мирзиёев мебошад". Ин коршиноси тоҷик гуфт, бо омадани Мирзиёев ҳеҷ чиз тағйир намеёбад. Вай гуфт, то замоне, ки "Рустам Иноятов (раиси СНБ) аз Мирзиёев пуштибонӣ мекунад, кланҳои дигар саркӯб хоҳанд шуд. Вале боз ҳам вақт нишон хоҳад дод, ки чӣ мешавад".

Марҳилаи нав шурӯъ шуд

Дар Узбакистон ҳамакнун марҳилаи тозаи омодагиҳо ба интихоботи президентӣ шурӯъ мешавад, ки ба қавли коршиносон, бо таъйиноти Мирзиёев рӯзи 8 сентябр, гумонҳоро дар заминаи шонси ин ё он номзад тақрибан ба сифр баробар мекунад. Дар оғоз сухан бештар аз эҳтимоли муборизаи се номзад ба курсии президентӣ - нахуствазир Шавкат Мирзиёев, вазири молия Рустам Азимов ва раиси Хадамоти амнияти миллӣ ё СНБ Рустам Иноятов мерафт. Ҳоло, эҳтимол музокироту машваратҳои пасипардаӣ дар масъалаи номзади аслии раёсатҷумҳурӣ ҳаллу фасл шудааст ва танҳо баргузории расмии интихобот лозим аст, ки мақоми муваққатии раҳбар ба президенти қонунӣ табдил шавад.

Ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳам созмонҳои мудофеи озодии баён Узбакистони аҳди Каримовро борҳо барои набуди шаффофият, тамаркузи қудрат, нақзи муқаррароти демократӣ ба ҳангоми баргузории интихобот танқид кардаанд.

XS
SM
MD
LG