Пайвандҳои дастрасӣ

Розенблюм: Амрико шарики Узбакистон боқӣ мемонад


Даниел Розенблюм

Даниел Розенблюм

Даниел Розенблюм, муовини ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико, давраи гузорро дар Узбакистон шансе барои ин кишвар донист, ки бо истифода аз ин фурсат метавонад мавқеашро дар арсаи ҷаҳонӣ тақвият бахшад. Розенблюм бо як сафари корӣ дар Тошканд қарор дорад ва рӯзи 6-уми сентябр бо хабарнигорон суҳбат кард.

Ӯ гуфт, дар ҷараёни ин сафараш паёми тасаллияти Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрикоро дар робита ба даргузашти Ислом Каримов ба мақомоти Узбакистон супурда ва ҳимояти Иёлоти Муттаҳида аз мардуми ин кишвари Осиёи Марказиро баён доштааст.

Даниел Розенблюм гуфт, Иёлоти Муттаҳида ҷонибдори ҳамшарикӣ бо Узбакистон боқӣ монда, тарафдори соҳибихтиёрӣ, амният ва ҳамчунон таъмини риояи ҳуқуқи ҳамаи шаҳрвандони он мебошад. "Ҳама гуна тағйирот ва дигаргунӣ барои роҳбарияти ҳар кишвар душвориҳоро пеш меорад. Тавре Барак Обама дар паёми худ, ки рӯзи шанбе эълон шуда буд, гуфт, Узбакистон ба марҳалаи нави таърихи худ ворид мешавад," - афзуд ӯ.

Даниел Розенблюм дар Тошканд бо вазири умури хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов мулоқот анҷом додааст. Ҷузъиёти ин суҳбат рӯшан нест, аммо Розенблюм дар нишасти хабарии худ ба суоли он ки оё чи тағйироте дар муносибатҳои Амрикову Узбакистон дар назар аст, гуфт, "умед дорем, муносибату ҳамкориҳо дар солҳои наздик тавсеа хоҳанд ёфт".

Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир лағви ягон қарордоди миёни Амрикову Узбакистон дар назар нест, то замоне ки, ба гуфтаи ӯ, ин қарордодҳо ба нафъи ҳарду кишвар хидмат мекунанд.

XS
SM
MD
LG