Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон, мумкин аст, баъзе аз хешони наздики ӯро дар шароити душвор қарор диҳад. Албатта, ин ба афроде рабт мегирад, ки дар Узбакистон боқӣ монданианд.

Дар тӯли 25 соли истиқлоли Узбакистон хонаводаи Ислом Каримов лаззати қудратро чашида ва ҳамзамон аз тарси қасоси сокинони кишвар ба сар мебурданд. Бо даргузашти Каримов ин айём ба охир расид. Имкон дорад, баъзе аз аъзои оилаи ӯ, ки қасди тарки кишварро надоранд, бо мушкил рӯбарӯ шаванд. Ин ҷо сухан аз ду духтараш – Гулнора ва Лола – меравад.

Ислом Каримов бо ҳамсараш Татяна

Ислом Каримов бо ҳамсараш Татяна

Аммо эҳтимол Татяна Каримова, ҳамсари Ислом Каримов (дар асл хонуми дувумаш), бо мушкил рӯбарӯ нахоҳад шуд. Зеро вай ҳамеша дар сояи шавҳараш қарор дошт. Аз сӯи дигар, Татяна Каримова худ аз хонаводаи бонуфуз буда ва ба эҳтимоли қавӣ ин оила дар боло рафтани Ислом Каримов дар зинаҳои мансаб нақши намоён доштааст.

Ислом Каримов ятим ё дақиқтараш бачаи партофташуда буд. Шояд тавассути хешовандони занаш бо шахсони қудратманд ошно шуда ва ба мақомҳое дар Ҳизби коммунисти даврони Шӯравӣ даст ёфтааст.

Хоҳарони миллионер

Мардуми Узбакистон хуб огоҳанд, ки ду духтари президент зиндагии шоҳона доранд. Дар ҳоле ки маоши миёна дар Узбакистон аз 200 то 300 долларро ташкил медиҳад, бино ба маълумоти маҷаллаи швейтсарии Bilan, хоҳарон Каримоваҳо дар Швейтсария моликияти ғайриманқул доранд. Дар соли 2009 Гулнора дар миёни 300 сокини сарватмандтарини Швейтсария дар зинаи 9-ум дар байни занҳо қарор дошт ва боигариаш аз 570 то 665 миллион доллар арзёбӣ мешуд. Бар асоси гузориши Bilan, вазъи молии хоҳарон Каримоваҳо дар соли 2011 ба 1 миллирад доллар баробар шуда буд. Пас аз чопи ин маълумот Лола ва шавҳараш Тимур Тиллоев аз болои ин маҷалла ба додгоҳ шикоят бурданд.

Гулнора ва Лола Каримоваҳо

Гулнора ва Лола Каримоваҳо

Ба эҳтимоли қавӣ мардуми Узбакистон аз ин гузориши маҷаллаи Bilan камтар огоҳ бошанд. Дар матбуоти давлатии Узбакистон дар ин бора наменависанд. Агар кирдорҳои хоҳарон Каримоваҳо дар Узбакистон ошкор намешуд, шояд касе дар ин кишвар дар бораи онҳо ҳарфе намегуфт. Аммо Гулнора дар маркази диққати омма буданро дӯст медошт. Ӯ дар ҳудуди Узбакистон моликияти зиёд дошт, соҳибкорӣ мекард, соҳиби муассисаҳое чун шабакаҳои телевизион буд.

Масалан, шабакаи ӯ бо номи Forum маъмулан барои ҷавонон филмҳои узбакӣ пахш мекард ва ҳамеша таҳаввулотеро, ки дар он Гулнора иштирок дошт, бозтоби густарда медод. Консертҳои хайрия, ки аз ҷониби Гулнора баргузор мешуд ва ӯ бо аҳли толор суҳбат мекард, аз тариқи ин шабака пахш мешуд. Пас аз фориғ шудани Гулнора аз мактаби мӯд дар Амрико шабакаи телевизиони Forum саҳнаҳои намоиши мӯд дар Узбакистонро пешкаши тамошобинҳо мекард. Ҳамчунин, такрор ба такрор клипҳои видеоии Гулнора дар ин шабака пахш мешуд.

Аз арш ба фарш

Гулнора Каримова

Гулнора Каримова

Дар яке аз номаҳои маъруфи WikiLeaks Гулнора шахсе унвон шудааст, ки “дар Узбакистон аз номаҳбубтарин фард ҳисоб меёбад”. Далели инро дар шабакаи Forum дидан мумкин аст: Гулнораи хушсарулибос вориди шабнишинии арӯсӣ мешавад ва дар кадр чеҳраҳои меҳмонони дар ҳолати рақс тағйир мекунад. Ӯ арӯсу домодро, ки намешинохт, бо ҷашни арӯсӣ табрик кард.

Муомилоти пурасрори молии Гулнора Каримова дар хориҷи кишвар боис ба суқути ӯ шуд. Ҳоло номи ӯ бо чанд ширкати хориҷӣ тавъам аст, ки барои додани ришва барои фаъолият дар Узбакистон айбдор мешаванд. Дар соли 2014 пас аз ҳамлаҳои лафзӣ ба мақомоти баландпояи давлати Узбакистон ва баъдан нисбат ба модару хоҳараш Гулнораро ба таври ғайрирасмӣ дар ҳабси хонагӣ шинонанд.

Аммо дар чанд моҳи охир дар бораи Гулнора хабаре нест. Ӯ дар маросими дафни падараш дар Самарқанд дар рӯзи 3-юми сентябр низ ширкат надошт. Тибқи иттилои тасдиқнашуда, ҳоло Гулнора дар хориҷ аз Узбакистон ба сар мебарад. Ба эҳтимоли қавӣ, ӯ ба ин кишвар барнахоҳад гашт.

Сафири ЮНЕСКО

Лола, духтари хурдии Каримов, аз соли 2008 дар мақоми сафири Узбакистон дар ЮНЕСКО фаъолият мекунад. Шояд дар пайи интиқоли қудрат ӯ аз ин мақом барканор шавад. Дар даҳ соли охир ӯ ду бунёди хайрияи ятимони “Ту танҳо нестӣ” ва “Маркази ҷумҳуриявии мутобиқшавии иҷтимоии кӯдакон”-ро, ки ба тифлони маъюб кумакҳои тиббӣ ва омӯзишӣ мерасонад, сармоягузорӣ мекунад. Чунин ба назар мерасад, ки ин бунёдҳо ба беҳбуди эътибори ӯ дар Узбакистон мусоидат кардаанд.

Тибқи маълумоти Bilan, сармояи ӯ ва шавҳараш аз 100 то 200 миллион долларро ташкил додааст. Аммо Лола ин рақамро муболиғаомез хондааст.

Рӯзномаи амрикоии New York Times хабар дод, ки Лола ва шавҳараш дар Ҳолливуди Амрико бӯстонсароеро бо арзиши 58 миллион доллар харидаанд. Ҳамчунин, Daily Mail-и Бритониё навиштааст, ки Тиллоевҳо дар соли 2010 дар Женева “манзилеро бо қимати 41 миллион доллар” харидаанд. Лола дар Порис низ хонае дорад, ки ба ҳангоми иҷрои вазифаи сафирии Узбакистон дар ЮНЕСКО дар он ҷо зиндагӣ мекунад.

Ба гуфтаи Лола, ҳамаи маблағи оиларо шавҳараш меёбад. Онҳо солҳои тӯлонӣ дар хориҷ аз Узбакистон ба сар мебаранд. Лола дар маросими видои падараш дар Саарқанд ҳузур дошт. Аммо мисли замони зинда будани падараш худбовар набуд.

Пётр ва Узбакистони бидуни Каримов

Ҳамин тавр, Узбакистони бидуни Ислом Каримов мумкин аст маънии ояндаи кишвари бидуни духтарони ӯро дошта бошад. Шояд дар Узбакистон камтар ашхос аз ин иттифоқ озурда шаванд.

Писари Каримов аз никоҳи аввалаш бо номи Пётр ҳоло дар Русия ба сар мебарад. Эҳтимол дар замони истиқлолият ба Узбакистон наомадааст. Каримов хешу ақрабои дигар, ҳадди ақалл як хоҳару бародар дорад. Онҳоро падару модараш тарбия карда, Исломро ба ятимхона доданд. Эҳтимол Ислом Каримов равобити чандоне надошт. Вақте писари бародараш Ҷамшед, ки пас аз чопи чанд мақолаи интиқодӣ дар бораи ҳукумати Узбакистон равонаи бемористони равонӣ шуд, Каримов барои озодии ӯ коре анҷом надод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG