Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳофили сиёсӣ ва коршиносӣ дар Тоҷикистон ба даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон вокуниш нишон доданд ва аз ӯ ба унвони сиёсатмадоре ном бурданд, ки барои кишвар ва мардумаш хизматҳои бузург кардааст.

Бобохон Маҳмадов, сафири Тоҷикистон дар Узбакистон дар солҳои 1997-2001 дар вокуниш ба марги Ислом Каримов гуфт, ки "дар замони фаъолияти инҷониб ба унвони сафир дар шаҳри Тошканд, дар равобити миёни Тоҷикистону Узбакистон фарозу шебҳо ё рақобатҳои мавҷуда вуҷуд доштанд, ки ҳоло намехоҳам дар ин бора сӯҳбат кунам. Аммо он замон мо мушкили интиқоли газу барқ аз Узбакистон ба Тоҷикистонро надоштем."

Ба гуфтаи Бобохон Маҳмадов, неруҳое ё бозингароне буданд, ки беҳбуди муносибат ва наздикшавии Тоҷикистону Узбакистонро намехостанд ва аз сӯи дигар, мустақилияти Тоҷикистон ба ҳеҷ кас маъқул набуд. Сафири пешини Тоҷикистон дар Тошканд афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон сиёсати “дарҳои кушода”-ро пеш мебарад ва аз манфиати миллату давлати худ ҳимоят мекунад ва бояд ҳар раҳбари давлат чунин мавқеъ дошта бошад.

ВИДЕО: Каримов рафт. Муносибати Тошканду Душанбе чӣ гуна хоҳад шуд?

Бобохон Маҳмадов умедворӣ кард, ки пас аз сари Ислом Каримов муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон беҳбуд хоҳад ёфт, чун "халқҳои тоҷику узбак ба ҳам наздиканду ҷонибдори наздикии бештар ва густариши равобит ҳастанд."

Абдулҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва вакили парлумон.

Абдулҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва вакили парлумон.

Ба эътиқоди Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон ва намояндаи парлумон, аз замони ба қудрат расидани ҳукумати феълии Тоҷикистон, Узбакистон, бахусус, Ислом Каримов дар ташаккули ин ҳукумат кӯмак кард. Ҳарчанд, ба гуфта ӯ, дар солҳои баъдӣ равобити миёни Тоҷикистону сард шуд, аммо дар солҳои ахир Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов барои беҳтар шудани муносибатҳо талош доштанд. Аз ҷумла, дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе ва Тошканд дар солҳои 2014 ва 2016 президентҳои Тоҷикистону Узбакистон мулоқоти ҷудогона доштанд. Ин мулоқотҳо шароитро барои беҳбуди равобити миёни ин ду кишвар ба вуҷуд овард.

Абдулҳалим Ғаффоров умедворӣ кард, ки дар пайи интиқоли қудрат дар Узбакистон, муносибатҳои Тоҷикистон бо ин кишвар беҳбуд ёфта, хатҳои парвозҳои мустақим миёни Душанбею Тошканд шурӯъ шуда ва рафтуомади озоди шаҳрвандони ин ду кишвар таъмин мешавад.

Иброҳим Усмонов.

Иброҳим Усмонов.

Иброҳим Усмонов, мушовири собиқи раиси ҷумҳури Тоҷикистон,ба ин назар аст, ки Ислом Каримов ҳамчун фарзандаи Узбакистон кор кард ва барои баланд бардоштани мавқеи кишвараш ва барои таъмини воқеии истиқлолият талош намуд.

Иброҳим Усмонов афзуд, "фикр мекунам, ин талошҳои Ислом Каримов аз иштибоҳу роҳҳои ғалат орӣ набуд. Вай гоҳе талош мекард, ки бо кишварҳои ғарбӣ наздик шавад ва гоҳе ба иттиҳоди туркӣ рӯ меовард."

Вай дар иртибот ба муносибати Узбакистон бо Тоҷикистон дар 25 соли ахир гуфт, ки "мутаассифона як муносибати хубе ба манфиати ҳарду кишвар набуд. Миёни Тоҷикистону Узбакистон як ҳуҷҷати беҳад муҳими “Созишномаи дӯстии абадӣ” амал мекард, аммо на ҳамеша ба манфиати халқҳҳои ҳарду кишвар истифода мешуд. Бо ин ҳама, Ислом Каримов ҳамчун шахси таърихӣ, як роҳбари давлат ва чеҳрае, ки барои давлаташ хизмат кардааст, дар таърих мемонад.”

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ аз Ислом Каримов ба унвони сиёсатмадори барҷастаи ҷаҳонӣ ном бурд, ки барои мардум ва давлати худаш хизмати бузург кардааст. Зеро ба эътиқоди ӯ, Ислом Каримов дар давраи гузариш тавонист мушкилоти зиёди иқтисодиро пушти сар карда ва кишварашро чун даврони Шӯравии пешин ҳамчун абарқудрати минтақавӣ бишносонад.

Аз сӯи дигар ба бовари ҷаноби Сайфуллоев, "Ислом Каримов бо кишварҳои бузурге ба мисли Амрико ва ё

Сайфуллоҳ Сафаров.

Сайфуллоҳ Сафаров.

Русия чун манфиатҳояшон мувофиқ намеомад, муқовимат мекард. Ё ба созмонҳое, ки дар раъсаш Русия қарор дошт, ҳатман эътирозашро нишон медод. Ҳатто кор ба ҷое расид, ки аз ин гуна созмонҳо берун шуд. Дар умум Ислом Каримов сиёсатмадоре буд, ки мавқеи мустақилро ба намоиш мегузошт. Равобити ҳасана бо ҳамсоякишварҳо надошт. Масалан, бо Қазоқистон, ки абарқудрати минтақа маҳсуб мешавад, баҳсҳо дошт. Бо Қирғизистон низ муносибатҳояш хуб набуданд. Ҳатто ба узбакҳои Қирғизистон пуштибонии худро нишон надод, то онҳо ба муқобили қирғизҳо мубориза баранд. Дар ин ҷо ба амнияти минтақавӣ тамаркуз кард ва саҳми зиёде гузошт”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG