Пайвандҳои дастрасӣ

Телевизиони Узбакистон: Ислом Каримов даргузашт


Ислом Каримов

Ислом Каримов

Ҳукумати Узбакистон марги Каримовро шаш рӯз баъд аз сактаи мағзӣ шудани ӯ тасдиқ кард. Президенти Узбакистон 78 сол дошт ва 27 сол дар сари қудрат буд. Нахуствазири Туркия Биналӣ Йилдирим дар ҷаласаи кабинаи вазирон дар робита бо даргузашти раиси ҷумҳури Узбакистон тасаллият баён кард. Ӯ дар суханронияш, ки рӯзи 2 сентябр тавассути телевизион пахш шуд, гуфт, "президенти Узбакистон Ислом Каримов даргузашт. Худо раҳматаш кунад. Ҷумҳурии Туркия ба мардуми Узбакистон ҳамдардӣ баён мекунад".

Йилдирим нахустин мақоми хориҷӣ шуд, ки расман ва ошкоро дар робита бо марги президенти Узбакистон тасаллият баён кард, ҳарчанд маълум нест, ки хабари даргузашти Каримовро мақомоти туркӣ чигуна дарёфт кардаанд. Аз ин пеш, Рейтерс даргузашти Ислом Каримовро расман пахш карданд. Аммо ҳанӯз ҳукумати Узбакистон дар ин замина хабар надодааст.

Видео инҷост:

Хабаргузории Ройтерс бо такя ба манобеи дипломатӣ рӯзи 2-юми сентябр хабар дод, ки Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон, дар пайи сактаи мағзӣ дар синни 78 даргузаштааст. Субҳи имрӯз Девони вазирони Узбакистон гуфта буд, ки вазъи саломати Каримов буҳронӣ аст, вале то ҳанӯз хабари расмӣ дар бораи даргузашти президент пахш нашудааст.

Девони вазирони Узбакистон субҳи дувуми сентябр гуфт, "ҳамватанони азиз, ба Шумо хабар медиҳем, ки шаби гузашта вазъи саломатии раиси ҷумҳур вазнин шуд ва ба таъкиди пизишкон вазъияташ хеле нигаронкунанда баҳогузорӣ мешавад."

Ин хабарро расонаҳои давлатӣ, аз ҷумла телевизиони Узбакистон пахш карданд. Хабаргузории Ройтерс мегӯяд, ки Нурсултон Назарбоев - раиси ҷумҳури Қазоқистон - сафарашро ба Чин барои иштирок дар ҳамоиши G20 лағв карда ва рӯзи 3 сентябр ба Узбакистон хоҳад рафт. Дафтари матуботи президенти Русия гуфт, ки ҳанӯз хабари расмии даргузашти Каримовро дастрас накардааст, аз ин рӯ ин хабарро тасдиқ карда наметавонад. Хабаргузории Азия-Плюс бо такя ба манобеи дипломатӣ навишт, ки рӯзи 3 сентябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати хурди аъзои ҳукумат ба Ӯзбакистон сафар мекунад.

Дар ҳамин ҳол, нахуствазири Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба таври оҷил ба Самарқанд рафтааст ва идораи шаҳрдорӣ ба тоза кардани ҷодаҳо машғул аст.

Узбакистон дорои беш аз 30 миллион ҷамъият аст ва аз назари ҷомеаи байналмилалӣ, дар ин кишвар ҳеҷ гоҳ интихоботи озоду демократӣ барпо нашуда, тамоми мухолифони сиёсӣ саркӯб ва матбуоти озод баста шудааст.

Ба иттилои бахши узбакии Радиои Озодӣ, нимаи дувуми рӯзи панҷшанбе ба мошинҳо иҷоза надодаанд, ки ба маҳалли Расадхонаи Улуғбек ва маркази савдои "Сиёб" ворид шаванд. Дар наздикиҳои оромгоҳи Шоҳи Зинда мошинҳои боркаш мушоҳида шудаанд.

Бахши узбакии Радиои Озодӣ менависад, ки дар нимаи дувуми рӯзи якуми сентябри дар шаҳри Самарқанд тадобири шадиди амниятӣ рӯи даст гирифта шуда буд ва дар кӯчаву хиёбонҳо шумораи зиёди пулис ба назар мерасид. Ба қавли манбаъ, сафари фаврии нахуствазири Узбакистонро ба Самарқанд мақомоти ин шаҳр таъйид кардаанд.

Нашрияи расмии Газета.Уз мегӯяд, ки телевизион ва радиоҳои маҳаллӣ дар барномаҳои худ тағйирот ворид карда, аз пахши консерту сериалҳо ва барномаҳои тафреҳӣ даст кашиданд. Бар иваз дар ин шабакаҳо барномаҳо дар бораи дастовардҳои Ӯзбакистон дар солҳои истиқлолияти кишвар пахш мешаванд.

Видео: Эълони бад шудани саломатии Каримов дар ТВ УЗбакистон

"Ҳама роҳҳо, аз расадхонаи Улуғбек то бозори "Сиёб" баста мебошад ва ҳеҷ кас, ба ҷуз сокинони маҳал ҳаққи ворид шуданро надоранд. Нахуствазир ҳам ба инҷо омад," - гуфтааст як манбаъ шомгоҳи панҷшанбе ба бахши узбакии Радиои Озодӣ.

Мақомоти Узбакистон рӯзи 28-уми август дар бораи бемории Ислом Каримов иттилоъ дода ва гуфтанд, ки барои муоина ва табобати ӯ явақт зарур аст. Рӯзи 29-уми август оҷонсии "Фарғона" хабари марги президенти Узбакистонро пахш кард, вале ин хабар рӯзи 30-юми август аз ҷониби як қатор хабаргузориҳои русӣ, аз ҷумла РИА "Новости" ва "Интерфакс" рад шуд. Дертар Лола Каримова-Тиллоева, духтари хурдии раиси ҷумҳури Узбакистон дар саҳифааш дар Фейсбуку Инстаграм эълон кард, ки падараш сактаи мағзӣ шуда, дар шуъбаи эҳё қарор дорад.

Ислом Каримов аз соли 1991 ба ин сӯ раҳбарии Узбакистонро бар уҳда дорад. Ҳузури дарозмуддати ӯ дар курсии президентӣ ва назорати шадид аз тамоми паҳлӯҳои ҳаёти мардум суолҳоеро дар заминаи ҷойгузин ё вориси қудрати ӯ доғ кардааст.

Узбакистон дорои беш аз 30 миллион ҷамъият аст ва аз назари ҷомеаи байналмилалӣ, дар ин кишвар ҳеҷ гоҳ интихоботи озоду демократӣ барпо нашуда, тамоми мухолифони сиёсӣ саркӯб ва матбуоти озод баста шудааст. Ҳоло саволи асосӣ ин аст, ки бо бад шудани саломатии Ислом Каримов минтақаи Осиёи Марказиро чӣ интизор аст?

Аксҳои бештар аз тоза кардани кӯчаҳои Самарқанд:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG