Пайвандҳои дастрасӣ

Кремл ба Каримов шифои комил орзу кард


Уфа, соли 2015. Мулоқоти президентони Ӯзбакистон ва Русия - Ислом Каримов ва Владимир Путин

Уфа, соли 2015. Мулоқоти президентони Ӯзбакистон ва Русия - Ислом Каримов ва Владимир Путин

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков дар сӯҳбаташ бо журналистон рӯзи 29 август гуфт, “бешубҳа, мо дар робита бо маризии президенти Ӯзбакистон изҳори таассуф ва барояш ба зудтарин фурсат шифои комил таманно мекунем”. Песков андешаҳо дар заминаи эҳтимоли бесубот шудани вазъ дар минтақаро дар сурати паёмадҳои номатлуби маризии Каримов “нодуруст” хонд.

Вай гуфт, ки Русия равобиташ бо Ӯзбакистонро қадр мекунад ва умедвор аст, ки нақшаҳо аз рӯи машваратҳои дар мулоқоти охири президентони кишварҳо анҷомшуда пеш мераванд. “Аз ҳамин хотир, мо ташнаи шунидани хабарҳои хуб дар бораи вазъи сиҳҳатии раҳбари Ӯзбакистон ҳастем”, гуфт ӯ. Песков гуфт, ки дар бораи вазъи саломатии Ислом Каримов дар Кремл “маълумоти дигар” вуҷуд надорад ва маъмурияти президент Путин хабарҳоро аз матбуот ва ҳам шабакаҳои дипломатӣ дарёфт мекунад.

Ислом Каримов, раиси ҷумҳури 78-солаи Узбакистон, бар асари хунравии мағзӣ дар бемористон бистарӣ шуда ва ҳоло дар шуъбаи эҳё будааст. Лола Каримова-Тиллоева, духтари хурдии раиси ҷумҳури Узбакистон, ​дар ин бора рӯзи 29-уми август дар саҳифаи расмии Фейсбукаш бо забонҳои русӣ, узбакӣ ва англисӣ иттилоъ дод.

Ӯ гуфтааст, ин хабари нохушро танҳо барои пешгирӣ аз ҳама гуна овозаҳо менависад ва афзудааст, ки ҳодисаи хунравии мағзии Ислом Каримов субҳи шанбеи гузашта рух додааст. "Феълан ӯ дар бемористон аст ва дар шуъбаи эҳё қарор дорад. Вазъияташ муътадил арзёбӣ мешавад, аммо дар бораи вазъияти ояндааш чизе гуфтану пешгӯӣ кардан барвақт аст," - гуфтааст ӯ.

Вай аз мардум хостааст, ки аз ҳамагуна ҳангомасозӣ дар бораи вазъи саломати падараш даст кашида, "ба ҳаққи оила барои ҳарими шахсӣ эҳтиром гузоранд". Ӯ гуфтааст, аз ҳамаи онҳое сипосгузор хоҳад, ки бо дуоҳои худ падарашро дар ин вазъияти вазнин дастгирӣ кунанд.

Ислом Каримов

Ислом Каримов

Дуои овозхонҳо барои Каримов

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз овозхонҳои Узбакистон низ аз сокинони ин кишвар хостаанд, ки ба қавли онҳо ба ҳаргуна овоза дар бораи бад шудани вазъи саломати Ислом Каримов дода нашуда, баръакс, дар ҳаққи ӯ дуои нек кунанд. Ҳукумати Узбакистон рӯзи 28-уми август расман аз бемории раиси ҷумҳури Узбакистон хабар дод ва гуфт, ки ӯ бистарӣ шудааст ва барои муоинаву табобаташ вақти муайян зарур аст. Аммо дертар матни ин хабарашро каме тағйир дод.

Зулола Мӯсоева, маъруф бо номи Шаҳзода, овозхони узбак, дар саҳифаи Инстаграмаш навиштааст, "ҳамватанони азиз, ба ҳар гуна гапҳо бовар накунед. Бигзор, дар кишвари мо оромӣ ҳукмфармо бошад. Бигзор, Юртбошии мо саломат бошад. Бигзор, истиқлоли кишвари мо ҳамешагӣ бошад."

Шоҳруххон, овозхони дигари эстрадаи Узбакистон, низ дар саҳифаи Инстаграмаш гуфтааст, "Юртбошӣ сиҳату саломат аст» ва аз мардум даъват кардааст, ки беҳтараш дар ҳаққи ӯ дуо кунанд. «Биёеяд, якҷоя дуо кунем, ки ӯ зиндавусаломат бошад. Бигзор, Юртбошии мо солҳои дароз ҳукмфармоӣ кунад."

"Диктовка"

Шаҳзода

Шаҳзода

Мазмуни матни овозхонҳои Узбакистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи Ислом Каримов тақрибан яксон аст. Баъзе аз коршиносон ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтаанд, эҳтимол ин овозхонҳо матнашонро таҳти "диктовка"-и хадамоти махсуси Узбакистон ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳаргуна ташвишу воҳима миёни сокинон навиштаанд. Аммо сардабири сомонаи "Фарғона" Даниил Кислов ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, "фикр мекунам, овозхонҳо ин матнро аз тарафи худашон навиштаанд. Дар Фейсбук ҳам дида мешавад, ки чӣ қадар одамон ба Ислом Каримов саломатӣ орзу кардаанд ва ин ҷои бадӣ надорад. Аммо чигуна метавонанд, мухлисони худро бовар кунонанд, вақте хабари расмии бемории ӯ ҳаст? Хабари расмӣ дар бораи вазъи саломати Ислом Каримов дар 25 соли охир."

Ҳокимони "дарозумри" Осиёи Марказӣ

Каримов аз замони касби истиқлоли Узбакистон дар соли 1991 ва фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ раҳбарӣ дорад. Ӯ соли 1983 вазири молияи Узбакистон ва соли 1986 ибтидо раиси Госплан ва муовини сарвазир ва дар ҳамон сол котиби аввали кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Қашқадарё таъин шуд.

24 марти соли 1990 Ислом Каримов аз сӯи вакилони Шӯрои олии Узбакистон президенти ин ҷумҳурӣ интихоб шуд ва, ҳамин тавр, соли 1991 дар нахустин интихоботи мустақими президентии Узбакистон ширкат кард. Вай бо касби 86 дарсади овозҳо бар рақиби ягонааш аз ҳизби демократи “Эрк” шоир Салай Мадаминов, мутахаллис ба Муҳаммад Солиҳ, ки бино ба натиҷаҳои расмии он интихобот, ҳамагӣ 12,3 дарсади овозҳоро ба даст овард, ғолиб омад.

Моҳи марти соли 1995 замони раёсати Каримовро бидуни интихобот то соли 2000 тамдид карданд. Сипас, Каримов аз тариқи интихобот боз ба як давраи панҷсолаи раёсат даст ёфт. Аммо соли 2002 бо баргузории як раъйпурсӣ замони раҳбарии ӯро аз 5 ба 7 сол тағйир доданд. Солҳои 2007 ва 2014 Каримов боз ҳам аз тариқи интихоботҳои зоҳиран “алтернативӣ” ва ҳарду дафъа бо касби 90 дарсади оро замони раҳбариашро тамдид кард. Соли 2021, ки мӯҳлати кунунии раёсати ӯ ба поён мерасад, Каримов 83-сола хоҳад шуд.

Аз Элбасӣ то...

Аммо танҳо Ислом Каримов нест, ки муддати тӯлонӣ зимоми қудрат дар ин кишвари Осиёи Марказиро дорад. Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, соли 1989 ба қудрат расидааст ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз соли 1992 ба ин кишвар раҳбарӣ мекунад. Ҳарду ин раиси ҷумҳур дар кишварҳои худ бо номи расмии "Элбасӣ" ва "Пешвои миллат" шинохта шудаанд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон соли 2007, танҳо баъди даргузашти раҳбари пешинаш Сафармурод Ниёзов ва он ҳам дар пайи 22 соли раҳбарӣ ба қудрат дар ин кишвари газу нафтхези Осиёи Марказӣ расид.

Дар ҳамаи ин кишварҳо барои тавҷеҳи замони раёсати раҳбари аввал ҳаминро далел меоранд, ки касе наметавонад ӯро иваз кунад ва агар ӯ биравад, ҳама чиз - аз суботу амният то пешрафти иқтисод - ба ҳам мезанад. Вале мунтақидон мегӯянд, ҳокимони дарозумр баръакс як мониаи умда дар роҳи пешрафти минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҷодаи ислоҳоти демократӣ шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG