Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Ислом Каримов бистарӣ шудааст" (ВИДЕО)


Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон

Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон

Ислом Каримов, раиси ҷумҳури 78-солаи Узбакистон, ки беш аз ду даҳа боз зимоми қудрат дар ин кишварро дар даст дорад, "дар бемористон бистарӣ шудааст". Кобинаи вазирони Узбакистон рӯзи 28-уми август расман дар ин бора хабар дода ва назари мутахассисонро гуфтааст, ки "барои муоина ва табобати пурраи ӯ як давраи муайян зарур аст".

Ҳукумати Узбакистон аз ин бештар дар бораи беморӣ ва табобати Ислом Каримов иттилоъ надодааст ва рӯшан нест, ки ӯ давраи дармонашро дар куҷо хоҳад гузаронд. Аммо ин барои бори аввал аст, ки ҳукумати Узбакистон дар бораи бемории Ислом Каримов суҳбат мекунад.

Ислом Каримов ҳар сол рӯзи 31 август дар тантанаҳои ҷашни истиқлоли кишвараш иштирок мекард ва ҳоло рӯшан нест, ки оё имсол дар ин маросим ҳузур хоҳад ёфт, ё не.

Хабари бемории Ислом Каримов дар бисёре аз сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ пайдо шудааст ва хабаргузории "Фарғона" бо такя ба манобеи худ навишт, ки "раиси ҷумҳури Узбакистон шадидан бемор аст". Бахши узбакии Радиои Озодӣ низ менависад, ки аз дирӯз боз дар бораи бад шудани вазъи саломати раиси ҷумҳури Узбакистон нома дарёфт мекунад.

Ислом Каримов ҳар сол рӯзи 1 сентябр дар тантанаҳои ҷашни истиқлоли кишвараш иштирок мекард ва ҳоло рӯшан нест, ки оё имсол дар ин маросим ҳузур хоҳад ёфт, ё не.

Каримов аз замони касби истиқлоли Узбакистон дар соли 1991 ва фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин кишвар раҳбарӣ дорад. Ӯ соли 1983 вазири молияи Узбакистон ва соли 1986 ибтидо раиси Госплан ва муовини сарвазир ва дар ҳамон сол котиби аввали кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Қашқадарё таъин шуд.

24 марти соли 1990 Ислом Каримов аз сӯи вакилони Шӯрои олии Узбакистон президенти ин ҷумҳурӣ интихоб шуд ва, ҳамин тавр, соли 1991 дар нахустин интихоботи мустақими президентии Узбакистон ширкат кард. Вай бо касби 86 дарсади овозҳо бар рақиби ягонааш аз ҳизби демократи “Эрк” шоир Салай Мадаминов, мутахаллис ба Муҳаммад Солиҳ, ки бино ба натиҷаҳои расмии он интихобот, ҳамагӣ 12,3 дарсади овозҳоро ба даст овард, ғолиб омад.

Моҳи марти соли 1995 замони раёсати Каримовро бидуни интихобот то соли 2000 тамдид карданд. Сипас, Каримов аз тариқи интихобот боз ба як давраи панҷсолаи раёсат даст ёфт. Аммо соли 2002 бо баргузории як раъйпурсӣ замони раҳбарии ӯро аз 5 ба 7 сол тағйир доданд. Солҳои 2007 ва 2014 Каримов боз ҳам аз тариқи интихоботҳои зоҳиран “алтернативӣ” ва ҳарду дафъа бо касби 90 дарсади оро замони раҳбариашро тамдид кард. Соли 2021, ки мӯҳлати кунунии раёсати ӯ ба поён мерасад, Каримов 83-сола хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG