Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ислом Каримов даргузашт. Узбакистон се рӯз мотами миллӣ эълон кард (2 ВИДЕО)


Ҳукумати Узбакистон даргузашти Ислом Каримовро баъди шаш рӯзи сактаи мағзӣ шуданаш тасдиқ кард. Президенти Узбакистон 78 сол дошт ва 27 сол дар сари қудрат буд.

Маҷлиси Олӣ ва Девони вазирони Узбакистон рӯзи 2-юми сентябр эълон кард, ки бино ба васияти Ислом Каримов ҷасади ӯ тибқи анъанаҳои мусулмонӣ дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанд ба хок супурда хоҳад шуд. Маросими видоъ ва дафни Каримов рӯзи 3 сентябр дар Самарқанд баргузор мегардад ва Узбакистон то 6 сентябр мотами миллӣ хоҳад дошт.

Маҷлиси Олӣ ва Девони вазирони Узбакистон Ислом Каримовро "шахсияти бузурги таърихӣ" донистаанд, ки "ба шарофати вай Узбакистон истиқлол ба даст оварда, рушд кард ва аз даҳшати ҷангу бесуботӣ дар амон монд". ​Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ шоми ҷумъа бо ирсоли паёме ба ҳукумати Узбакистон даргузашти Каримовро тасаллият гуфта марги ӯро талафоти ҷуброннопазир номидааст.

Ислом Каримов рӯзи 27-уми август бар асари сактаи мағзӣ аз пой афтод ва то рӯзи дувуми сентябр дар бораи вазъи саломати ӯ ва зинда ё мурда буданаш иттилои дақиқ дар даст набуд. Дар ин муддат баъзе расонаҳо аз марги ӯ хабар дода, вале баъдан манобеи мухталиф даргузашти Ислом Каримовро рад карданд.

Эълони расмии даргузашти Каримов:

Агар маро президент интихоб кунед, бояд ҳаққи пароканда кардани порлумонро дошта бошам. Ҳарфи охир бояд аз ман бошад.

Беш аз 25 соли қудрат

Ислом Каримов аз соли 1989 боз раҳбари Узбакистон буд ва дар ин муддат салоҳиятҳои раиси ҷумҳур ва хадамоти амнияти ин кишвар афзуда, ҳуқуқи башар ба таври густурда нақз шудааст. Ба қавли ҳомиёни ҳуқуқи башар, дар даврони раҳбарии Каримов мухолифони сиёсии ӯ саркӯб шуда, аз шиканҷа ва ҳангоми ҷамъоварии пахта аз меҳнати маҷбурӣ фаровон истифода шудааст.

Ислом Каримов 30-юми январи соли 1938 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омада, ибтидо Донишкадаи политехникии Осиёи Марказиро дар шаҳри Тошканд бо ихтисоси инженер-механик ва сипас Донишкандаи хоҷагии халқи Тошкандро бо ихтисоси иқтисоддон хатм кардааст. Аммо ӯ хеле зуд ба кори ҳизбӣ гузашт ва ба қавли тарафдоронаш, ҳама зинаҳои мансабро қадам ба қадам тай кард.

Соли 1983 Каримов вазири молияи Узбакистон ва соли 1986 раиси Госплан ва муовини сарвазир ва дар ҳамон сол котиби аввали кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Қашқадарё таъин шуд. Дар тобистони соли 1989 ба курсии котиби аввали кумитаи марказии ҳизби коммунисти Узбакистон нишаст ва моҳи марти соли 1990 аз сӯи вакилони Шӯрои олӣ президенти ин ҷумҳурӣ интихоб шуд.

"Агар маро президент интихоб кунед..."

Ӯ гуфта буд, ки "агар маро президент интихоб кунед, бояд ҳаққи пароканда кардани порлумонро дошта бошам. Ҳарфи охир бояд аз ман бошад."

Баъдан, дар соли 1991, Ислом Каримов дар нахустин интихоботи президентии Узбакистон иштирок карда, бо касби 86 дарсади овозҳо ғолиб омад. Моҳи марти соли 1995 замони раёсати Каримовро бидуни интихобот то соли 2000 тамдид карданд. Сипас, Каримов аз тариқи интихобот боз ба як давраи панҷсолаи раёсат даст ёфт.

Аммо соли 2002 бо баргузории як раъйпурсӣ замони раҳбарии ӯро аз 5 ба 7 сол тағйир доданд. Солҳои 2007 ва 2014 Каримов боз ҳам аз тариқи интихоботҳои зоҳиран “алтернативӣ” ва ҳарду дафъа бо касби 90 дарсади оро замони раҳбариашро тамдид кард. Муҳлати охирини раёсати ҷумҳури ӯ бояд соли 2021 ба поён мерасид.

Вале Ғарб ҳамеша интихоботҳои Узбакистонро "ношаффоф ва ғайриозод" номидааст. Вазорати умури хориҷии Амрико дар гузориши моҳи апрелаш гуфт, ки ҳукумати иҷроия дар Узбакистон тамоми бахшҳои давлатдорӣ ва фазои сиёсиро таҳти назорати шадид гирифтааст. Нозирони байналмилалӣ низ борҳо додгоҳҳои аҳди Каримовро барои истифода аз шиканҷа дар боздоштгоҳҳо танқид кардаанд. Созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар соли 2007 дар ин бора гузориши муфассали "Шиканҷа дар Узбакистон"-ро нашр карда буд.

Саркӯби исломгароҳо

Ислом Каримов, инчунин, барои сӯиистифода аз саркӯби исломгароҳо ба нафъи худаш муттаҳам мешуд. Баъди таркишҳои солҳои 1999 ва 2004 ва ошӯби Ҳаракати исломии Узбакистон дар солҳои 1999 ва 2000 созмонҳои исломӣ таҳти фишори сахт қарор гирифтанд. Дар поёни солҳои навадум барои вуҷуди камбудҳо дар роҳи мубориза бо исломгароён Каримов дар порлумони кишвараш гуфт, "агар шумо майли муборизаро надоред, ба ман туфангча диҳед ва ман ба сарашон тир хоҳам зад."

Каримов аз мавқеи ҷуғрофии Узбакистон барои муносибати хуб бо Амрико низ истифода кардааст. Ӯ баъди ҳамлаҳои террористии соли 2001 барои баргузории амалиёти низомӣ дар Афғонистон ба Амрико пешниҳоди ёрӣ дод. Баъдан ҳомиёни ҳуқуқ аз Иёлоти Муттаҳида интиқод карданд, ки Вошингтон дар ивази истифодаи пойгоҳи ҳарбии Узбакистон ба нақзи ҳуқуқи башар дар ин кишвари Осиёи Марказӣ чашм мепӯшад. Аммо Вошингтон ин иддаоро бепоя хондааст.

Моҳи майи соли 2005 тазоҳуроти эътирозӣ дар Андиҷон, дар шарқи Узбакистон, ба беназмиҳо кашонда шуд, ки баъдан бо аз сӯи хадамоти махсуси ин кишвар пахш карда буд. Он вақт аз кушта шудани садҳо нафар гузориш шуда буд. Аммо Ислом Каримов бо баҳонаи он ки дар паси ин тазоҳурот нирӯҳои исломӣ меистанд, ба таҳқиқи байналмилалии ҳодисаи хунини Андиҷон иҷозат надод.

Узбакистон, ки бо Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистон ҳамсарҳад аст, бо бештар аз 30 миллион нуфус яке аз кишварҳои бузурги минтақа аст ва соҳиби артиши қавӣ ҳам мебошад. Ба ҷуз ин, Узбакистон аз конҳои нафту газ бой аст ва борҳо қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистону Қирғизистонро ба унвони фишор ба ин ду кишвари болооб, аммо фақири минтақа истифода кардааст.

Гулнора ва Лола

Гулнора ва Лола

Гулнора ва Лола

Ислом Каримов ду духтар дорад, ки калониаш Гулнора Каримоваи 43-сола аст ва то ду соли пеш вориси эҳтимолии тахти падар шумурда мешуд. Аммо баъди нашри гузоришҳо дар бораи садҳо миллион доллар ришвае, ки гӯё ширкати TeliaSonera ва ширкати русии “Вымпелком” танҳо барои роҳ ёфтан ба бозори телефонҳои мобил ва Интернети Узбакистон ба ёрони Гулнора Каримова додаанд, Каримов ин духтарашро ба ҳабси хонагӣ андохтааст.

Духтари дувуми ӯ Лола Тилоева – Каримоваи 38-сола аст, ки намояндаи расмии Узбакистон дар ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги СММ аст ва маъмулан кӯшиш мекунад, ки дар маҳзари ом зиёд зоҳир нашавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG