Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Гумон аст, ки бо марги Каримов вазъи ҳуқуқи инсон беҳ шавад"


Созмони байналмилалии Amnesty International мегӯяд, гумон аст, ки баъди марги Ислом Каримов табиати режими саркубгари Узбакистон дигар шавад. Дар пасманзари хабарҳо аз марги президенти 78-солаи Узбакистон, рӯзи 2 сентябр Денис Кривошеев, ноиби раҳбари ин созмон дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ гуфт, ҷойгузини президент эҳтимол аз ҳалқаи наздики ӯ бадар хоҳад омад, ки дигарандеширо таҳаммул намекунад. "Дар тӯли 27 соли раҳбарии Ислом Каримов ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон шадидан сарфи назар мешуд, шикастани дигарандешон, шиканҷа ва боздоштҳои ғайриқонунӣ як бахши ҷудонашавандаи сохтори адлияи Узбакистон буданд," - гуфтааст Кривошеев дар изҳороти худ. Намояндаи ин созмони муҳофизи ҳуқуқи инсон гуфтааст, ҳама гуна адолат дар ин кишвар ислоҳоти амиқи сиёсӣ ва бархӯрди тозаву принсипиалии шарикони байналмилалии Узбакистонро тақозо мекунад. Чизе, ки ба гуфтаи ӯ солҳои ахир комилан вуҷуд надошт. Рӯзи 2 сентябр ҳукумати Узбакистон аз бад шудани вазъи президент Каримов хабар дод, ки баъди сактаи мағзӣ дар таърихи 27 август дигар ба худ наомадааст. Баъд аз зуҳри рӯзи 2 сентябр нахуствазири Туркия Биналӣ Йилдирим дар телевизион гуфт, ки Каримов даргузаштаст.

XS
SM
MD
LG