Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Ҷавҳар Тсарнаев 5 январ шурӯъ мешавад


Ҷавҳар Тсарнаев дар додгоҳ

Ҷавҳар Тсарнаев дар додгоҳ

Додгоҳи Амрико рӯзи 5 январ бидуни таъхир ба муҳокимаи парвандаи Ҷавҳар Тсарнаев, танҳо муттаҳами боқимонда дар бомбгузории хунини моҳи апрели соли 2013 дар дави марафонии шаҳри Бостон, шурӯъ мекунад.

Додгоҳи марҳалаи аввали таҷдиди назари Амрико рӯзи 3 январ далелҳои вакилони Ҷавҳар Тсарнаев бо дархости ба таъхир андохтани таърихи оғози муҳокимаи парвандаи ин танҳо гумонбари боқимонда дар бомбгузории дави марафонии шаҳри Бостонро нокофӣ дониста, рад кард. Бо ин ҳукми додгоҳ, интизор меравад, муҳокимаи парвандаи Тсарнаеви хурдӣ рӯзи 5 январ оғоз шавад.

Вакилони Тсарнаев рӯзи чоршанбе аз додгоҳ хоста буданд, ки замони баргузории мурофиаро ба ақиб андозад ваё муҳокимаи парвандаи муваккили онҳоро дар ягонм акони берун аз аёлати Массачусеттс доир кунад, чунки дар ин аёлат бисёриҳо, ба ақидаи онҳо, аз бомбгузории Бостон ранҷ дидаанд ва Тсарнаев наметавонад ба муҳокимаи одилона умед бандад.

Аммо аз се додраси додгоҳи таҷдиди назар дуяш мулоҳизоти овардаи вакилони Ҷавҳар Тсарнаевро нокофӣ хонда, танҳо якеи дигар аз ибрози назар ба далели кам будани фурсати ироашуда худдорӣ кардааст.

Бародарон Тсарнаевҳо ҳангоми бомбгузорӣ

Бародарон Тсарнаевҳо ҳангоми бомбгузорӣ

Ҷавҳар Тсарнаев, шаҳрванди чеченитабори Амрико, ки дар Қирғизистон ба дунё омада, дар солҳои 90 ибтидо ба Доғистон ва сипас ҳамроҳ бо волидонаш ба Амрико муҳоҷират кардааст, ба қатли 3 нафар ва захмӣ кардани беш аз 260 нафари дигар дар дави марафонии шаҳри Бостон дар моҳи апрели соли 2013 айбдор мешавад. Ба гуфтаи тафтишот, маҳз Ҷавҳар Тсарнаев ва бародари калонии ӯ Темурлан Тсарнаев бастаҳои маводи мунфаҷираро дар наздикии хатти марраи ин дави марафонӣ ҷобаҷо карда, дар байни издиҳоми зиёди тамошобинон тарконданд.

Ҳарду бомбгузор тавонистанд баъди таркиш фирор кунанд, вале мақомоти Амрико алакай баъди чанд соат тавассути видеокамераҳои назоратӣ тавонистанд симои ҳардуро мушаххас кунанд. Темурлан Тсарнаев баъди 4 рӯзи таъқиб дар ҷараёни амалиёти боздошт кушта шуд. Ҷавҳар Тсарнаевро, ки дар он амалиёт ҷароҳатҳои сангин бардошта буд, рӯзи 20 апрел аз дохили қаиқе дар яке аз манзилҳои воқеъ дар канори Бостон пайдо ва дастгир карданд.

Бомбгузории Бостон пурқурбонитарин ҳамла дар қаламрави Амрико баъд аз ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 ба шумор меравад.

Дар маъмӯъ, алайҳи Ҷавҳар Тсарнаев 30 иттиҳом эълон шудааст, ки ҷазои баъзеаш ҳукми эъдом аст. Дар сурати дар додгоҳ собит шудани иттиҳомоти алайҳаш эълон шуда, Ҷавҳар Тсарнаев, ки ҳоло 21 сол дорад, метавонад тибқи қонунгузории Амрико ба қатл маҳкум шавад. Худи ӯ ҳеҷ яке аз ин 30 иттиҳоми эълоншударо эътироф накардааст.

Акнун ки додгоҳи таҷдиди назар аз ақиб андохтани замони шурӯи муҳокимаи парвандаи Ҷавҳар Тсарнаев даст кашид, интизор меравад, алакай рӯзи 5 январ интихоби ҳайати мунсифа – жюри – барои шунидани ин пурсарусадотарин парвандаи террори солҳои охир оғоз шавад.

XS
SM
MD
LG