Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Симои бародарони муттаҳам бо бомбгузории Бостон


Ҷавҳар Тсарнаев, ки ҳоло мавриди ҷустуҷӯи полис қарор дорад

Ҷавҳар Тсарнаев, ки ҳоло мавриди ҷустуҷӯи полис қарор дорад

Бародарон Ҷавҳар ва Темурлан Тсарнаевҳо, ки бо даст доштан дар бомбгузории дави марафонии Бостон муттаҳам мешаванд, чеченҳои зодаи Қирғизистон буда, тахминан даҳ сол пеш ба ИМА ҳиҷрат намудаанд.

Бародарон Ҷавҳар ва Темурлан Тсарнаевҳо, ки муттаҳам дар бомбгузории дави марафонии Бостон мебошанд, дар кӯдакӣ ба Амрико ҳиҷрат намуда, ба варзиш таваҷҷӯҳи хос доштаанд.

Субҳи рӯзи ҷумъа дар як тирпарронӣ бо полис дар минтақаи Вотертавн (Watertown)-и канори шаҳри Бостон Темурлани 26-сола ба қатл расид. Ҷавҳари 19-сола бошад, мавриди ҷустуҷӯи густардаи полис қарор гирифтааст.

Тарҷумаи ҳоли ин ду ҷавон мушаххас нашудааст, вале бар пояи гузоришҳои расонаҳо мусоҳибаҳои наздикони онҳо дар Русия ва ИМА ва ҳамчунон фаъолиятҳои ду бародар дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълум мешавад, ки бародарон Темурлан ва Ҷавҳар Тсарнаевҳо дар Қирғизистон ба дунё омада, сипас муддате дар ҷумҳурии Доғистони Русия ҳам иқомат доштаанд.

Аммо тахминан даҳ сол пеш Тсарнаевҳо онҳо ба ИМА ҳиҷрат намудаанд. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ вазорати корҳои дохилии Қирғизистон тасдиқ кард, ки Темурлан ва Ҷавҳар Тсарнаевҳо дар ҳамин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ба дунё омадаанд.
Руслан Тсарнӣ, ки худро амаки онҳо меномад, дар сӯҳбат бо расонаҳои амрикоӣ гуфтааст, ки Темурлан ва Ҷавҳар даҳ сол пеш ба Амрико кӯчиданд, вале қабл аз он каме дар Қафқози шимолӣ ба сар бурдаанд.

Дар шабакаи иҷтимоии Вконтакте Ҷавҳар Тсарнаев менависад, ки дар солҳои 1999-2001-ум дар мактаби рақами 1-и шаҳри Махачқалъаи Доғистон таҳсил кардааст.

Раиси мактаби рақами 1-и Махачқалъа Амирмуҳаммад Довудов гуфтааст, ки Ҷавҳар дар синфи якум мехонду бародараш Темурлан дар синфи ҳафтум. Довудов илова кардааст, ки ду хоҳари онҳо низ дар ҳамин мактаб хондаанд.


Дар байни солҳои 2002-2004-ум бародарон ба ИМА кӯч бастаанд. Баъди чанде Ҷавҳар ба мактаби Cambridge Rindge and Latin School номнавис шуда, 2500 доллар бурс ё худ стипендияи таҳсилро ба даст овард. Соли 2011-ум Ҷавҳар мақоми беҳтарин гӯштигири ин мактабро касб кардааст.

Феълан Ҷавҳар донишҷӯи Донишгоҳи Массачусетс-Дармут (University of Massachusetts-Dartmouth) мебошад.

Бародари Ҷавҳар-Темурлан ба бокс ё худ муштзанӣ шавқ дошта, соли 2009-ум дар як мусобиқа дар аёлати Юта қуваозмоӣ намудааст.
Темурлан дар зери яке аз аксҳояш навиштааст, ки то замони соҳибистиқлол шудани Чеченистон на аз номи Русия, балки аз номи ИМА қуваозмоӣ хоҳад кард.

Дар ҷои дигар Темурлан навиштааст, ки ягон дӯсти амрикоӣ надорад ва намефаҳмад, ки онҳо чӣ мехоҳанд.
Темурлан дар донишҷӯи коллеҷи Банкер Ҳилл (Bunker Hill) таҳсил намуда, орзу доштааст, ки муҳандис шавад.

Афроде, ки Темурлан ва Ҷавҳарро мешинохтанд, ба даҳшат омадаанд. Ларрӣ Аронсон, муаллими Ҷавҳар дар мактаби амрикоӣ дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст: “Ман бовар надорам, ки ӯ ба судури чунин ҷинояти мудҳиш ва куштори одамон қодир бошад.”
Дар шабакаи Вконтакте Ҷавҳар навиштааст, ки ӯ пайрави Ислом асту барояш корнома ё худ карйера ва пул аҳамият доранд.
XS
SM
MD
LG