Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти се гумонбари дигари бомбгузории Бостон


Полиси Амрико мегӯяд, дар робита бо бомбгузориҳои Бостон се нафари дигарро боздошт кардааст. Бино бар хабарҳо ҳарсе донишҷӯ будаанд.

Дар торнамои полиси Бостон гуфта мешавад, ҳарсе гумонбар ба маҳбас интиқол дода шудаанд. Ин се нафар бо Ҷавҳар Тсарнаеви 19 дар Донишгоҳи Дормути Масаччусетс робита доштаанд. Як манбаъ ба нашрияи “Бостон Глоб” гуфтааст, ин се нафар дар таҳияи бомба ба Ҷавҳар кӯмак кардаанд.

Шӯру эҳсосоти марбут ба бомбгузорӣ дар мусобиқаи дави Бостон фурӯ нишастааст ва аммо саволҳои зиёде ҳамон беҷавобанд.Ин саволҳои беҷавоб амрикоиҳоро водор мекунад, сари ангезаҳои ду ҷавони чечен, ки ба ташкили ин ҳамла айбдор мешаванд, баҳсу андеша кунанд. Дар натиҷа аз як сӯ нидову шиорҳои исломситезӣ баланд мешаванд ва аз сӯйи дигар даъватҳо ба таҳаммулпазирӣ.

СИМОИ ДУШМАН -- ҶАВОНИ МУСУЛМОН

Сиёсатмадорон, таҳлилгарон ва амрикоиҳои оддӣ талош доранд, мантиқу пасманзари кореро дарк кунанд, ки гуфта мешавад, ду ҷавони чечен -- Темруланг ва Ҷавҳар Тсарнаевҳо рӯзи 15-уми апрели соли равон анҷом доданд. Аз фаҳмиши ин чизҳо шояд посухи кишвар ба воқеа муайян шавад. Баҳсҳо сабаб мешаванд, ки аз як гӯша шиорҳои исломситезӣ садо диҳанд ва аммо паёмҳои оштипазирӣ аз гӯшаи дигар бо онҳо рақобат меварзанд.

Эрик Раш яке аз таҳлилгарони муҳофизакор аст, ки бо ҳарорат ва интиқод суҳбат мекунад. Вай дар аввалин соатҳои пас аз воқеа ва ҳанӯз як рӯз пеш аз муайян шудани гумонбарон гуфт, ин ҳамла аз Арабистони Саудӣ сарчашма гирифтааст. Мақомот низ дар оғоз эълом доштанд, ки як шаҳрванди Саудиро ҳадафи таҳқиқ гирифтаанд, аммо ба зудӣ ин хабарро рад намуданд.

Дар посух ба ин пурсиш, ки оё Раш ба таври автоматик мусулмононро гунаҳкор мекунад, вай дар Твиттер навишт: “Оре, онҳо баданд, бояд ҳамаи онҳоро кушт.”Вай дертар худро сафед кард, ки ба киноя “кушт” гуфтааст.

Рӯзи 22-юми апрел, як ҳафта пас аз таркишҳо вакили пешини Конгресси Амрико, ҷумҳурихоҳ аз Иллинойс, Ҷо Волш ба телевизиони MSNBC гуфт: "Мо дар ҳоли ҷангем ва ин кишвар ҳафтаи гузашта ёдраси шадиде гирифт, ки ҷанг идома дорад ва дар мавриди муҳоҷирон низ набояд ба он танаффус дод. Бояд чеҳраи душманро дар ин ҷанг шинохт, он марди ҷавони мусулмон аст.”

ПАЖВОКИ 11-УМИ СЕНТЯБР

Пас аз ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 полиси Ню Йорк тамоми маҳалҳои мусулмоннишинро таҳти назорат ва дидбонӣ қарор дода буд. Ҷамъоварии маълумот аз тарафи Дафтари Федероли Пажӯҳишот ё FBI низ зидди мусулмонон ва дигар ҷомеаҳои миллӣ равона шуда буд.

Мунаққидон ин барномаҳоро хилофи қонуни асосӣ номиданд, аммо мақомот гуфтанд, тибқи муқаррароти амнияти миллӣ амал кардаанд.

Ин бор, мизбони телевизиони Fox News, Боб Бекел гуфт, бояд вуруди донишҷӯёни мусулмон ба Амрико қатъ ва қисме аз донишҷӯёни феълӣ ба кишварҳояшон бозгардонида шаванд. Рӯзи 26-уми апрел, конгрессмен Дана Роҳбархер, ҷумҳурихоҳ аз Калифорния ҳангоми раёсат дар кумитаи равобити хориҷии Сенат, дар нутқи ҷамъбастияш гуфт: “Ман умедворам, ҳамаи мо якҷоя зидди дине амал мекунем, ки одамонро ба қатли кӯдакон ангезиш медиҳад.”

Мудири бахши ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ дар Конгресси Исломии Амрико дар Бостон, Носир Вадудӣ, мегӯяд, исломситезии имрӯза чизест, ки мусулмонон аз 11-уми сентябри соли 2001 ба ин сӯ таҷриба мекунанд.

БОМБА ДИНРО НАМЕШИНОСАД

Вадудӣ, аммо, афзуд, ҳамзамон мавҷи паёмҳои неки ҳомиёни ҳуқуқ, мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандони оддӣ низ расидааст: “Бар пояи иин вокунишҳои рӯзҳои охир, метавон гуфт, аксари амрикоиҳо байни афроди алоҳида ва ҳамаи ҷамоат фарқ мегузоранд. Онҳо инро ҳам мегӯянд, ки таркиши бомба ба касеро раҳм намекунад.”

Рӯзи 18-уми апрел раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, паёми ҳамсон дод: “Дар рӯбарӯи бераҳмӣ... мо рафоқат ва ишқро интихоб мекунем!”

Интизор меравад, дар чанд маҳфили дигар дар Бостон пайравони динҳои гуногун ба ҳам оянд ва таҳаммулпазириро таблиғ кунанд.

Элмут Роховански, ки дар таъсиси шабакаи ҳифзи ҳуқуқи чеченҳо дар Ню Йорк ширкат доштааст, мегӯяд, вай паёмҳои зиёди мусбат гирифт ва ба дигарон фиристод: "Дар New York Times мақолае чоп шуд, ки чеченҳо дар Амрико чӣ ҳол доранд ва сабаб гашт, ки бисёриҳо ба мо нома фиристанд. Гурӯҳе навишт: “Мо амрикоиҳо дӯстони Шумоем. Натарсед. Мо мехоҳем бо Шумо мулоқот кунем. Мо аз Шумо дар кишвари худ истиқбол мекунем.” Инро шояд касоне навиштанд, ки кӣ будани чеченҳоро медонанд ва медонанд, ки ҳоло чеченҳо чӣ қадар андӯҳгин ва шармсоранд. Ман дар Фейсбук гурӯҳе сохтам ва ин паёмҳоро нашр кардам. Чеченҳои зиёде ба ин номаҳо посухи нек доданд.”

БЕҲТАР АЗ ГУЗАШТА

Як амрикоии арабтабор, ки нахост номаш зикр шавад, ин хулосаро ба Радиои Озодӣ пешниҳод намуд: “Ман фикр мекунам, ҳар ҳамлаи террористии баъд аз 11-уми сентябр барои ин кишвар имтиҳоне барои санҷиши таҳаммулпазирист. Ин дафъа ҳам истисно нест ва нишон дод, ки кишвар каме беҳтар шудааст.”
XS
SM
MD
LG