Пайвандҳои дастрасӣ

Бозҷӯии волидони Тсарнаевҳо дар Махачқалъа


Зубайдат Тсарнаева

Зубайдат Тсарнаева

Мақомоти Амрико дар Махачқалъа, пойтахти Доғистони Русия, бо волидони гумонбарони бомбгузории марафони Бостон Темурлан ва Ҷавҳар Тсарнаевҳо мулоқот кардаанд. Фаъоли ҳуқуқи башар Хеда Саратова ба хабарнигорон гуфт, Зубайдат ва Анзор Тсарнаевҳо дирӯз пурсида шуданд. Мақомоти амрикоӣ рӯзи сешанбе низ бо модари гумонбарон сӯҳбат доштанд. Ин сӯҳбатҳо дар идораи ФСБ-и Русия доир шудааст. Вакиле, ки ба ин хонавода кумаки ҳуқуқӣ мерасонад, гуфт, волидони Тсарнаевҳо мехоҳанд ба Амрико сафар кунанд, вале рӯзи сафарашон ҳанӯз маълум нест.
Темурлан ва Ҷавҳар ба таркишҳои рӯзи 15 апрел, ки 3 кушта ва дастикам 260 захмӣ ба ҷо гузошт, айбдор мешаванд. Темурлан рӯзи 19 апрел ҳангоми таъқиб кушта шуд, вале Ҷавҳар Тсарнаев рӯзе баъд ба даст афтод.
Дар ҳамин ҳол, дирӯз дар Бостон дар расми ёдбуди афсари 26-солаи пулис Шон Келлӣ, ки рӯзи 18 апрел ҳангоми таъқиби Тсарнаевҳо дар хобгоҳи Донишкадаи технологӣ кушта шуд, беш аз 4000 нафар, аз ҷумла ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден ширкат карданд.
XS
SM
MD
LG