Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавҳар Тсарнаев ҳамаи 30 иттиҳоми зиддаш эълоншударо рад кард


Тсарнаеви 19-сола, танҳо гумонбари зиндамондаи бомбгузорӣ дар хатти марраи Марафони Бостон рӯзи 10 июл ба додгоҳи федеролии Амрико эҳзор шуд.

Ҷавҳар Тсарнаев дар додгоҳи федеролии Бостон тамоми 30 иттиҳоми алайҳаш эълоншуда, аз ҷумла истифодаи силоҳи куштори ҷамъӣ бо ҳадафи куштани мардумро радд кард. Ҷавҳар Тсарнаеви чеченитабор бо лаҳҷаи русиаш ҳар дафъа баъди қироати иттиҳоми навбатӣ тавассути микрофон мегуфт, ки иттиҳомро рад мекунад.

Дар бомбгузории рӯзи 15 апрел дар хатти марраи Марафони Бостон 3 нафар кушта ва беш аз 260 нафар захмӣ шуданд. Ва додситонҳо ҳоло эҳтимоли аз додгоҳ тақозо кардани ҳукми қатл барои Ҷавҳар Тсарнаевро меомӯзанд.
Бародари 26-солаи ӯ Темурлан Тсарнаев, ки гумонбари дигари аслӣ дар ин бомбгузорӣ шинохта мешавад, баъди уфтоданаш дар муҳосираи пулис кушта шуд.

Чандин курсӣ дар толори додгоҳи Бостон барои қурбониёни бомбгузории 15 апрел ва аъзои хонаводаҳои онҳо ҷудо шуда буд. Бисёре аз ин осебдидагони ҳамлаи Бостон дар толори додгоҳ дар як ҳолати пурҳаяҷон ва эҳсосӣ қарор доштанд.

Милдред Валверде, ки дар хатти марраи Марафони Бостон ҷароҳат бардошта буд, мегӯяд: “Худи ҳузури ӯ дар инҷо баъди он ҳама харобие, ки ба бор овард , баъди он ҳама осебе ки ба ҳама расонд, баъди ин ҳама худи истодан бо ӯ дар як толор дилбазан аст. Ман дигар ба хона бармегардам.”

Лиз Норден, ки дар бомбгузории Бостон ду писараш пойҳои худро аз даст доданд, гуфт: “Намедонам. Ман алакай ҳисс мекунам, ки шикамам ба сӯзиш даромад. Ин барои ман хеле эҳсосбарангез аст. Ман ҳисс мекардам, ки хеле хашмгинам. Боз намедонам... Дилам барои ҳама месӯзад...”
Т
адобири амниятӣ дар атрофи додгоҳи Бостон нисбат ба рӯзҳои маъмулӣ шадидтар ба назар мерасид. Додситонҳо мегӯянд, ки давлат қасд дорад аз 80 то 100 шоҳидро даъват кунад. Ба гуфтаи онҳо, мурофиаи Тсарнаев метавонад 3 ило 4 моҳ давом кунад.

Ҷавҳар ва Темурлан Тсарнаевҳо дар хонаводаҳои чеченҳои муқими Қирғизистон ба дунё омада, то замони ҳиҷрати хонаводаашон ба Амрико дар шаҳраки Токмаки вилояти Чуйи Қирғизистон ва муддате ҳам дар Чеченистону Махачқалъа, пойтахти Доғистон ба сар бурдаанд.

Падари онҳо Анзор Тсарнаев ҳуқуқшинос буд. Анзор ва Зубайда Тсарнаевҳо ба ҷуз аз Темурлан ва Ҷавҳар, ки дар Доғистон зода шуд, ду духтари дигар низ доранд. Онҳо аз авлоди чеченҳоеянд, ки соли 1944 бо фармони Иосиф Сталин ба Осиёи Миёна бадарға карда шуданд.

Бовар меравад, ки Ҷавҳар Тсарнаев таҳти таъсири бародараш Темурлан мондааст. Як амаки онҳо – Руслан Тсарнӣ, ки низ дар Амрико ба сар мебарад, дар ҳамон рӯзҳои ҳамлаи Бостон гуфта буд, равобити худро бо хонаводаи бародари калониаш Анзор Тсарнаев маҳз ба далели хеле тунд шудани ақидаҳои мазҳабии Темурлан канда буд
XS
SM
MD
LG