Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурӯҳи дифоъ таҳқиқи ошкорои қазияи Иброҳим Тадашевро мехоҳад


Абдулбоқӣ Тадашев, падари Иброҳим Тадашев аксҳои писарашро, ки аз сӯи маъмурони FBI кушта шуд, ба хабарнигорон нишон медиҳад.

Абдулбоқӣ Тадашев, падари Иброҳим Тадашев аксҳои писарашро, ки аз сӯи маъмурони FBI кушта шуд, ба хабарнигорон нишон медиҳад.

Ҳомиён ҳуқуқ талаб доранд, қазияи паноҳандаи чечен, ки гӯё ҳангоми бозпурсӣ дар робита бо бомбгузории марафони Бостон кушта шудааст, аз лиҳози ҳуқуқи башар таҳқиқ шавад.

Гурӯҳи мудофеъ талаб кардааст, ки марги паноҳандаи чечен, Иброҳим Тадашев, аз лиҳози мурооти шудани ҳуқуқи инсон мавриди пажӯҳиши ҳамаҷониба қарор гирад. Дар ҳоле ки мақомоти давлати аёлати Флорида гуфтаанд, Тадашев ҳангоми бозпурсӣ дар бораи робитаҳои ӯ бо яке аз гумонбарони бомбгузорӣ дар марафони Бостон ҳадафи тир қарор гирифта ва кушта шудааст, аъзои ин гурӯҳ мегӯянд, воқеа мармуз аст.

Ҳасан Шиблӣ, мудири иҷроии Гуруҳи дифоъ дар нишасти хабарӣ гуфт: "Аз манобеи аршади Бюрои федероли тафтишот ба мо тасдиқ карданд, ки Иброҳим ҳангоме, ки ба сӯяш ҳафт дафъа ва як дафъа ба сараш ва як бор, зоҳиран, аз пушти сар тир андохтаанд, мусаллаҳ набудааст. Ва ин хеле нороҳаткунанда аст. Мо асосан ба таҳқиқи ин ҳодиса даъват мекунем, то мутмаин бошем, ки дар истифодаи нерӯ зидди шахси бесилоҳ зиёдаравӣ нашудааст."



Дар идомаи ин суханон, модарандари Иброҳим Тадашев, Елена Тейер дар ҳамин нишасти матбуотӣ гуфт: "Бо мо ҳамзамон дар як вақт ва дар як рӯз сӯҳбат анҷом шуд. Бо ман, духтари ман ва Иброҳим. Мо дар маҳалҳои мухталиф будем. Ман дар Севана, духтарам дар Атланта ва Ироҳим дар Орландо. Суолҳои марбут ба ташкили бомбгузорӣ дар Бостонтанҳо дар бораи робитаи ӯ бо бародарони Тсарнаевҳо буданд. Ӯ хеле бозу дӯстона ба дафтари онҳо омад. Ӯ саъй кард, ҳамаи маълумоти доштаашро, ки чандон зиёд ҳам набуд, бо онҳо дар миён гузорад. Ӯ бародарон Тсарнаевҳоро хуб намедонист. Намедонист, ки онҳо кистанд. Ӯ талош надошт, чизеро пинҳон кунад, зеро чизе барои пинҳон кардан надошт."

FBI ва ё Хадамоти Бюрои федероли тафтишоти Амрико мегӯяд, кормандони он як ҷавони чеченро, ки зимни бозпурсӣ дар бораи бомбгузории Бостон зӯриву муқовимат кардааст, куштаанд. Ин ҷавонро Иброҳим Тадашев муаррифӣ кардаанд. Ҳодиса рӯзи чаҳоршанбеи 22-юми май дар шаҳри Орландо дар аёлати Флорида ба вуқӯъ пайвастааст ва зимни он як маъмури FBI ҷароҳати сабук бардоштааст.

Расонаҳои маҳаллӣ дар Орландо мегӯянд, мумкин аст, Иброҳим Тадашев аз дӯстони Темурлан Тсарнаев, муттаҳам ба бомбгузории маргбор дар шаҳри Бостон бошад, ки ӯро чаҳор рӯз баъд аз ин бомбгузорӣ зимни муқовимат ба маъмурони пулис кушта буданд. Бародари ӯ ва муттаҳами дигар ба бомбгузорӣ -- Ҷавҳар Тсарнаевро баъд аз захмӣ шуданаш дастгир кардаанд. Дар ҳамлаҳои рӯзи 15-уми апрел дар дави марафонии Бостон 3 нафар кушта ва 260 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG