Пайвандҳои дастрасӣ

Консулгарии Тоҷикистон дар Амрико барои нахустин бор қазияи шаҳрванди тоҷики дар аёлати Флорида боздоштшударо шарҳ дод.

Иброҳим Ҳалимов, раҳбари консулгарии сафорати Тоҷикистон дар ИМА дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, Ашӯрмамад Миралиев, шаҳрванд Тоҷикстон, ки дар аёлати Флоридаи Амрико боздошт шудааст иттиҳоми “таҳдид ба шоҳиди ҳодиса”-ро қабул надорад. Иброҳим Ҳалимов гуфт, билофосила баъд аз боздошти Ашӯрмамад Миралиев бо ӯ дар тамос шудааст. Ӯ афзуд, ҳамчунин бо модари Миралиев, ки дар Тоҷикистон ба сар мебарад, бо вакили дифоъ ва ҳамсабақҳои ӯ ва ҳамин тавр, бо маъмурони зиндон аз тариқи телефон гуфтугӯ кардааст.

Ба гуфтаи дипломати тоҷик, кормандони сафорат рӯзҳои наздик далелҳои аслии боздошти Миралиевро муқаррар хоҳанд кард. “Барои мо боз андак вақт зарур аст, ки сабабҳои аслии боздоштро дақиқ кунем, вале, бар пояи маълумоте, ки мо дорем, он фарзияҳои то ҳол дар сомонаҳо нашршуда ягон рабт ба асли воқеъа надоранд”, - афзуд Иброҳим Ҳалимов.

Сомонаи bostonmagazine.com ҳафтаи гузашта навишт, ки Ашӯрмамад Миралиев соати шаши субҳи чаҳоршанбе, 18 сентябр бо иттиҳоми “таҳдид ба қурбонии ҷиноят” боздошт шуд. Гуфта мешавад, ӯ ба як шоҳиди парвандаи ҷавони чечен Иброҳим Тодашев, ки моҳи моҳи май дар ҷараёни тафтиши қазияи бомгузориҳо дар марафони Бостон аз сӯи як корманди FBI ва ё Хадамоти Бюрои федероли тафтишоти Амрико кушта шуд, таҳдид кардааст. Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс менависад, ки шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми таъсиргузорӣ ба баёноти кадом шоҳид ё хабаррасон дастгир шудааст.

Ба навиштаи сомонаи bostonmagazine.com, Ашӯрмамад Миралиев аз дӯстони наздики Иброҳим Тодашев буд ва бо ӯ дар як манзил ба сар мебурд. Муаллиф афзудааст, шаҳрванди Тоҷикистон қабл аз ин ки ба зиндон андохта шавад, аз сӯи FBI бозпурсӣ шудааст ва барои ӯ 50 000 доллар гаравпулӣ таъйин кардаанд. Аммо Аллен Мур, сухангӯи маҳбас гуфтааст, ки Миралиев бар асоси ду ҳукм, ки яке аз сӯи дафтари шериф ва дувумӣ аз тарафи як Ожонсии федеролӣ содир шудааст, ба ҳабс гирифта шуд. Оқои Мур аз ифшои номи ин идораи федеролӣ худдорӣ кард, вале гуфт, ки он FBI нест.

Бародарон Тсарнаевҳо қабл аз бомбгузорӣ дар Бостон

Бародарон Тсарнаевҳо қабл аз бомбгузорӣ дар Бостон

РИА Новости навишта буд, ки дар асл Ашӯрмамад Миралиев на дар манзили собиқи Иброҳим Тодашев, балки дар ҳамсоягии ӯ зиндагӣ мекард. Ин хабаргузорӣ ҳамчунин аз сухангӯи пулиси маҳаллӣ Твис Лизасуэн иқтибос кардааст, ки мегӯяд, ҳабси Миралиев ба тафтиши парвандаи бомбгузориҳои Бостон, ки дар онҳо бародарони чечен Ҷавҳар ва Темирлан Тсарнаевҳо айбдор мешаванд, рабте надорад.

Хабаргузории АР аз қавли ҳамин манбаъ рабт доштани боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо таркишҳои Бостонро радд карда, ӯро дӯсти Иброҳим Тодашев ном бурдааст. Ин хабаргузорӣ мегӯяд, Ашӯрмамад Миралиев рӯзи ҷумъа ба зиндони Оскеола, воқеъ дар тақрибан 70-километрии Орландо, андохта шуд.

Иброҳим Ҳалимов, раҳбари консулгарии сафорати Тоҷикистон, иқрор кард, ки алҳол дар бораи шахсияти Ашӯрмамад Миралиев иттилои комил надорад, фақат медонад, ки аз Тоҷикистон барои таҳсил ба Амрико омадааст ва тайи солҳои ахир ҷойи иқомати худро иваз карда, аз як донишгоҳ ба донишгоҳи дигар гузаштааст.

Дипломати тоҷик бо такя ба гуфтаҳои шаҳрванди боздоштшуда афзуд, ки вазъи саломатии Ашӯрмамад хуб аст ва шароиташ дар зиндон бад нест. Ӯ изҳор намуд, “ман аз маҳбасу боздоштгоҳҳои аёлатҳои зиёди Амрико дидан кардаам, масъулини сафорат дар мурофиаҳои додгоҳӣ ҳам ширкат мекунанд, ва метавонам бигӯям, ки то ҳол ягон шаҳрванди Тоҷикистон аз шиканҷа ё поймол шудани ҳуқуқаш шикоят накардааст”.

Ба гуфтаи Иброҳим Ҳалимов, аз рӯи маълумоташ, дар маҳбасҳои Амрико шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд, зеро онҳо бештар барои қонуншиканиҳои ночиз дастгир мешаванд ва баъд аз пардохти ҷарима боздоштгоҳро тарк мекунанд. Масъули консулгарии Тоҷикистон боздошти Ашӯрмамад Миралиевро ҳам муваққатӣ мехонад, ҳарчанд “таҳдид ба шоҳид” дар Амрико муҷозоти додгоҳиро дар пай дорад. Ӯ гуфт, ки айни ҳол тафтиши парванда идома дорад ва он ҳанӯз ба додгоҳ ироа нашудааст.

Дипломати тоҷик афзуд, ки қарор аст рӯзҳои наздик дар робита ба қазияи Ашӯрмамад Миралиев иттилои бештар дастрасашон шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG