Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи Трамп ва Ғанӣ. Ниёзи Афғонистон ба нерӯҳои тозанафас


Кохи Сафед мегӯяд, ки раиси ҷумҳури он кишвар дар тамоси телефонӣ бо раиси ҷумҳури Афғонистон, ба аҳамияти ҳамкориҳои стратегӣ миёни ду тараф таъкид карда ва ҳимояти худро аз ҳукумати ваҳдати миллӣ иброз доштааст. Бинобар баёнияи Кохи Сафед, ки 9 феврал нашр шуд, раҳбарони Амрико ва Афғонистон дар мавриди имкониятҳои мавҷуд барои тақвияти муносибатҳои ду кишвар бар бахши амният, мубориза бо терроризм ва рушди иқтисод, сӯҳбат кардаанд.

Доналд Трамп ҳамзамон аз анҷоми гуфтугӯҳои муназзам бо Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон истиқбол кардааст. Ҳамзамон бо ин гуфтугӯҳо, фармондеҳи нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон ба зарурати фиристодани "ҳазорон сарбози тозанафас" барои "шикастани бунбаст"-и амниятӣ сухан гуфтааст.

Ба гузориши бахши дарии Радиои Озодӣ, генерал Ҷон Николсон, рӯзи панҷшанбеи 9 феврал дар нишасти Кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи Сенати Амрико вазъияти Афғонистонро бозгӯ намуда ва хостори афзоиши нерӯҳои низомӣ дар он кишвар шудааст. Ба гуфтаи генерал Николсон, ин нерӯҳо барои бахшҳои мухталиф, аз ҷумла тарбия, машварат ва кӯмак ба нерӯҳои низомии Афғонистон зарур мебошанд.

Дар ҳоли ҳозир беш аз 8 ҳазор сарбози амрикоӣ дар Афғонистон ҳузур доранд. Генерал Николсон зимни сухаронӣ дар Сенати Амрико аммо мушаххас нагуфтааст, ки чӣ миқдор нерӯи тозанафас дар Афғонистон ниёз доранд. Ин фармондеҳи амрикоӣ дар қисмати дигаре аз суханронии худ, аз ҳузури Толибон ва "Шабакаи Ҳаққонӣ" дар Покистон интиқод намуда ва аз Вашингтон хостааст, ки дар робитаҳои худ бо Исломобод таҷдиди назар кунад.

Ҷон Николсон.
Ҷон Николсон.

Гуфтугӯи телефонии Доналд Трамп ва Ашраф Ғанӣ ва ҳамчунин фармондеҳи НАТО дар нишасти Сенат пас аз он сурат мегирад, ки як гузориши нави нозирони давлатии Амрико, вазъи амниятии Афғонистонро "тира" тасвир намуда ва мегӯяд, ки ҳукумати марказӣ танҳо ниме аз қаламрави он кишварро дар контроли худ дорад.

Аз сӯи дигар, дар ҳоле, ки генерал Николсон аз ҳузури Толибон дар "пойгоҳҳои амн" хориҷ аз Афғонистон интиқод кардааст, Русия дар миёнаҳои моҳи феврал мизбони нишасте бо ҳузури мақомҳои афғон ва кишварҳои ҳамсояи он, ва низ дар талоши даъвати Толибон ба он аст.

Гурӯҳи Толибон пас аз суқути ҳукуматашон дар соли 2001, тақрибан ба таври давомдор дар ҳоли ҷанг бо нерӯҳои афғон ва низомиёни хориҷӣ мебошанд. Ба гуфтаи Созмони Милали Муттаҳид, шумораи талафоти ғайринизомиёни афғон дар соли 2016 ба болотарин сатҳ тайи солҳои ахир расидаанд.

XS
SM
MD
LG