Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин паёми раҳбари нави Толибон: "Нерӯҳои хориҷӣ берун шаванд"


Раҳбари нави Толибони Афғонистон рӯзи шанбе дар яке аз нахустин баёнияҳои худ гуфтааст, ки нерӯҳои хориҷӣ бояд аз он кишвар хориҷ шаванд.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Мавлавӣ Ҳайбатулло Охунзода, раҳбари нави Толибон ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистонро "ишғол"-и ин кишвар номида ва ва хуруҷи онҳоро "як қадами ибтидоӣ" барои барқарории сулҳ дар Афғонистон донистааст. Вай рӯзи шанбе дар ин бора гуфт, ки "агар ҳукумат дар Кобул аз баҳри муттаҳидони хориҷии худ мегузашт, созиш бо давлат имконпазир буд."

Раҳбари нави Толибони Афғонистон афзудааст, ки "паёми рӯшани мо ин аст, ки намехоҳем қудрат танҳо дар дасти мо бошад, балки мӯътақидем ҳама ақвом ва нажодҳо дар Афғонистон ба якдигар ниёз доранд".

Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охунзода дар идома ҳадафи Толибонро ташкили як кишвари муттаҳид ва мустақили таҳти қонунҳои исломӣ хонда ва хитоб ба ҳукумати Афғонистон гуфтааст, ки "дарҳои бахшиш ва мудоро боз аст."

Ин баёния танҳо ду рӯз пас аз он нашр мешавад, ки ҷангиёни Толибон дар ҳамлае ба корвони донишҷӯёни пулис 38 нафарро куштанд ва 60 нафарро захмӣ карданд. Ин ҳамла дар минтақаи Пағмон, дар 20-километрии ғарби Кобул рух дод. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар тамоси катбӣ бо хабаргузории Асссошиэйтед пресс масъулияти ин ҳамлаи интиҳориро ба ӯҳда гирифт.

Мавлавӣ Ҳайбатулло Охунзода қаблан эълон карда буд, ки ин гурӯҳ ба мизи музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистон боз нахоҳад гашт. Пас аз кушта шудани Мулло Ахтармуҳаммад Мансур, раҳбари пешини Толибон, Мавлавӣ Ҳайбатулло Охунзода раҳбари нави Толибон интихоб шуд.

Артиши Амрико дар моҳи май бо дастури Барак Обама ба Мулло Ахтармуҳаммад Мансур дар қаламрави Покистон ҳамла кард ва ӯро аз миён бардошт.

Ду ҳафта пас аз интихоби раҳбари нави Толибон, Айман Завоҳирӣ, раҳбари Ал-Қоида дар як "паёми савтӣ", ки дар интернет нашр шуд, вафодории худро ба Ҳайбатулло Охунзода эълон кард.

Ҳамзамон бо эълони баъйати Ал-Қоида бо раҳбари нави Толибон, мақомоти низомии Амрико эълон карданд, ки низомиёни амрикоӣ нерӯҳои ҳукумати Афғонистонро дар ҷанг алайҳи Толибон ва Алқоида кӯмак хоҳанд кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG