Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вокуниши тунди Кобул ба изҳороти Кобулов дар бораи Толибон


Замир Кобулов, фиристодаи вижаи Русия барои Афғонистон.

Замир Кобулов, фиристодаи вижаи Русия барои Афғонистон.

Изҳороти намояндаи вижаи Русия барои Афғонистон Замир Кобулов дар бораи Толибон вокуниши сахти мақомоти Кобулро барангехтааст. Вазорати умури хориҷии Афғонистон гуфтааст, ки барқарории робита ва ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ, ки дар ин кишвар меҷанганд, барои тамоми минтақа хатарзо мебошад ва ҳеҷ кишваре аз осеби он дар амон нахоҳад буд.

Шикейб Мустағнӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон рӯзи 16 ноябр зимни нишасти хабарӣ ҳушдор додааст, ки ҳамсадоии кишварҳои минтақа бо гурӯҳҳое, ки мардуми Афғонистонро ҳадаф қарор медиҳанд, барои кишварҳои минтақа хатарзо хоҳад буд.

Шикейб Мустағнӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон.

Шикейб Мустағнӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон.

Ҷаноби Мустағнӣ аз ҷумла гуфт, ки "барқарории ҳар гуна робита ва ҳимоят аз гурӯҳҳое, ки бо ҳамлаҳои террористӣ мардуми Афғонистонро ҳадаф қарор медиҳанд, дар дарозмуддат ба хатари минтақавӣ табдил хоҳад шуд ва ҳеҷ кишваре аз осеби он дар амон нахоҳад монд. Пештар низ чизҳое дар ин бора дар расонаҳо нашр шуда буд ва мо ҳар боре, ки ин масъаларо бо Русия матраҳ кардаем, мақомҳои ин кишвар онро радд карданд."

Русия аз густариши фаъолиятҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон нигарон аст ва бинобар ҳамин дар як соли гузашта, гузоришҳое дар бораи робитаҳои ин кишвар бо Толибон нашр шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Замир Кобулов, намояндаи Русия барои Афғонистон гуфтааст, ки Толибон бар зидди касоне меҷанганд, ки мо дар баробарашон дар Сурия даргирӣ ҷанг ҳастем ва бо ҳамин сабаб, манофеъ моро ба ҳам наздик мекунад. Вай гуфтааст, ки Толибон ва Русия дар баробари гурӯҳи "Давлати исломӣ" мавзеъгирии муштарак ва яксон доранд.

Намояндаи вижаи Русия барои Афғонистон дар гуфтугӯ бо хабаргузории туркии "Анадолу" дар дифоъ аз Толибон ҳамчунин гуфтааст, ки Толибон мавқифашонро тағйир дода ва дигар пойбанди идеологияи ҷаҳонии ҷиҳод нестанд ва барои раҳоии кишварашон аз чанги ишғолгарон ва ташкили ҳукумати мустақил, мубориза мекунанд. Ба гуфтаи вай, Толибон бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" меҷанганд, зеро онҳо идеологияи ДИИШ-ро қабул надоранд. Замир Кобулов дар ин мусоҳиба, ҳамзамон аз тамосҳои мақомҳои русӣ бо Толибон сухан гуфтааст.

Вокуниши тунди ҳукумати Афғонистон ба изҳороти ин мақоми русӣ дар ҳолест, ки авоили соли ҷорӣ як намояндаи Хадамоти ҷосусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфта буд, ки Маскав гурӯҳи Толибон дар Афғонистонро бо пул ва силоҳ таъмин мекунад. Ин намояндаи Хадамоти ҷосусии Амрико ба агентии Associated Press гуфта буд, ки Русия равобиташро бо гурӯҳи Толибон таҳким бахшида ва аз ин гурӯҳ ҷиддан пуштибонӣ менамояд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, далелҳое ба даст омадааст, ки Русия дар тасарруфи шаҳри Кундуз, дар шимоли Афғонистон дар моҳи сентябри соли 2015 ба Толибон кумак карда, аъзои ин гурӯҳро омӯзиши низомӣ дода ва бо силоҳ таъмин кардааст.

Путин вориди Душанбе мешавад. Сентябри соли 2014.

Путин вориди Душанбе мешавад. Сентябри соли 2014.

Ин намояндаи Хадамоти ҷосусии Амрико ба Associated Press гуфтааст: "Русҳо ба Толибон пул ва силоҳ доданд, то онҳо алайҳи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ", ки фаъолияташ дар Русия мамнӯъ аст, вориди набард шаванд. Бад ин тартиб, дар дасти аъзои гурӯҳи Толибон худкори навтарини "Калашников", ки танҳо дар Русия истеҳсол мешавад, пулемёти "Калашников" ва гранатамётҳои зиддитанкӣ пайдо шуданд".

Зимнан, музокироту ҳамкориҳои Русия бо гурӯҳи Толибони Афғонистон мавзӯъи тозае набуда ва дар зарфи як соли ахир расонаӣ шудааст. Аз ҷумла, нашрияи бритониёии “The Sunday Times” дар шумораи рӯзи 27 декабри соли гузашта аз қавли як фармондеҳи ҷангии Толибон дар бораи як мулоқоти махфии раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо раҳбари вақти ҷунбиши Толибони Афғонистон Мулло Ахтар Мансур хабар дода буд.

Манбаи нашрия, ки номаш нашр шудааст, гуфта буд, ки Путин ва Мулло Мансур роҳҳои пуштибонии эҳтимолии Русия аз чирикиҳои Толибонро баҳс кардаанд. Ба иддаои ин манбаъ, дидори онҳо нисфишаб сари хӯроки шом дар ҳудуди пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон доир шудааст. Ӯ ҳамчунин ба “The Sunday Times” гуфтааст, ки Толибон қабл аз пешрафтҳояш дар вилояти ҷанубии Ҳилманд аз сӯи Русия ваъдаи ёриҳои моливу таслиҳотӣ гирифтааст.

Вале як сухангӯи Кремл ба “The Sunday Times” гуфта буд, ки ин хабар асос надорад. Дар ҳоле ки тасдиқи иддаоҳои омада дар гузориши нави “The Sunday Times” аз сӯи манобеи дигар имкон надошт, вале Владимир Путин рӯзҳои 15-16 моҳи сентябри соли 2015 ба манзури ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар Душанбе қарор дошт.

Сафири Русия дар Тоҷикистон.

Сафири Русия дар Тоҷикистон.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов пас аз як рӯзи чопи ин матлаб дар “The Sunday Times” дар як сӯҳбат бо хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки “дар миёни Толибон як гурӯҳ толибҳои ба истилоҳ нармтар ҳастанд, ки мехоҳанд бо Русия гуфтушунид кунанд. Бо миёнаравии чанде аз давлатҳо баъзе гуфтушунидҳо сурат гирифтанд, аммо то ҳол ягон натиҷаи мушаххас ба даст наомадааст.”

Толибон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар миёнаҳои солҳои 90-и асри гузашта дар фазои сиёсии Афғонистон арзи вуҷуд карда, дар соли 1996 Кобул ва аксари қаламрави Афғонистонро тасарруф кард. Режими Толибон, ки дар манотиқи таҳти назораташ меъёрҳои шадиди мазҳабиро ҷорӣ карда буд, дар поёни соли 2001 аз сӯи эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико сарнагун карда шуд. Аммо ин гурӯҳ ба муқовиматаш идома дод ва баъди хуруҷи нирӯҳои ҷангии эътилоф дар ду соли пеш, ба пешрафтҳои зиёде ноил шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG