Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргириҳо дар атрофи шаҳри Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманди Афғонистон, шиддат гирифтанд ва роҳҳое, ки ба ин шаҳр мебаранд, пурра масдуд шудаанд. Мақомоти шаҳр аз сӯи толибон тасарруф шудани Лашкаргоҳро байид намехонанд.

Дар муҳосираи комили толибон қарор гирифтани шаҳри Лашкаргоҳро Шераҳмад Шокир, масъули бахши амниятии шӯрои вилоятии Ҳилманд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, муҳосираи шаҳр аллакай нигарониҳои мардуми маҳаллӣ аз имкони мушкили дарёфти маводи озуқаро ба миён овардааст. Дарёфти кӯмаки тиббӣ ҳам дар шаҳр мушкил хоҳад шуд - созмони “Табибони бидуни марз” эълом дошт, ки кормандонаш дар Лашкаргоҳро ба ҷойи амн интиқол додааст ва айни ҳол дар бемористони ин созмон дар шаҳр фақат ёрии аввалияи тиббӣ расонида мешавад ва амалиёти ҷарроҳӣ сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол фармондеҳони артиши Афғонистон мегӯянд, ки рӯзи 11 август авзоъ каме ором шуд ва даргириҳои гоҳ-гоҳӣ миёни сарбозони ҳукуматӣ ва ҷангиёни толиб дар минтақаи Чоҳи Анҷири ноҳияи Нодалӣ, воқеъ дар канори Лашкаргоҳ, сурат мегиранд. Генерал Давлат Вазирӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон, ирсоли нерӯҳои иловагӣ ба Ҳилмандро тасдиқ карда гуфт, ки ҳукумати Кобул талош дорад аз ғасби Лашкаргоҳ аз сӯи толибон ҷилавгирӣ кунад.

Аммо мақомоти шаҳри муҳосирашуда ба ояндаи Лашкаргоҳ хушбин нестанд ва мегӯянд, ҳарчанд Кобул ба минтақа нерӯҳои иловагӣ фиристодааст, гумон аст, ки пеши роҳи ишғоли шаҳр аз сӯи Толибон гирифта шавад.

Охири моҳи гузашта мақомоти Афғонистон иқрор карданд, ки толибон Канашин, як ноҳияи стратегӣ дар вилояти Ҳилмандро таҳти назорати худ гирифтаанд. Абдулмаҷид Охунзода, муовини раиси Шӯрои вилояти Ҳилманд гуфт, ки Канашин аллакай ба дасти Толибон гузаштааст ва тасарруфи ин минтақаи воқеъ дар марз бо Покистон ба маъноест, ки ҷангҷӯён “60 дарсади Ҳилмандро таҳти назорати худ медароранд.”

Кобул барои мудофиаи Лашкаргоҳ нерӯҳои иловагӣ фиристод

Кобул барои мудофиаи Лашкаргоҳ нерӯҳои иловагӣ фиристод

Аз ин пеш ҷангҷӯёни толиб вулусволиҳои Марҷа, Сангин, Гармсер ва Дишуро дар Ҳилмандро, ки аз маконҳои асосии кишти маводи мухаддиранд, тасарруф карда буданд.

Ҷовид Кӯҳистонӣ, таҳлилгари муқими Кобул мегӯяд, ки ҷанг дар Ҳилманд асосан барои назорат аз болои заминҳои кишти хашхош ва роҳҳои интиқоли маводи мухаддир аст. Ҳилманд аз марказҳои асосии парвариши хашхош дар ҷаҳон ҳам маҳсуб мешавад ва толибон ҳамвора кӯшиш мекунанд, ки ин вилоят зери назораташон бошад, меафзояд Ҷовид Кӯҳистонӣ.

Ба гуфтаи таҳлилгар, агар солҳои пеш даргириҳо дар мавзеъҳои шимолии Ҳилманд, аз ҷумла, Мусоқалъа ва Каҷакӣ сурат мегирифтанд, моҳҳои ахир ситезаҷӯён ҷангро ба ҷануб ва ҷанубу ғарби вилоят кашонданд. “Дар ҳоле, ки албатта, сатҳи кишти кӯкнор аз таносуби волусволиҳои шимолӣ камтар аст, вале ин ҷо масири интиқоли маводи мухадир аст то ба марзҳои Эрон ва то ба пойгоҳи Долбандин, воқеъ дар мантақаи Ҷангал дар хоки Покистон, ки дар атрофи он ҷо корхонаҳои коркарди маводи мухаддир бунёд шудаанд”, мегӯяд Ҷовид Кӯҳистонӣ.

Ҳилманд, бузургтарин вилояти Афғонистон, дар гузашта низ яке аз пойгоҳҳои толибон ба шумор мерафт ва онҳо баъд аз хурӯҷи нерӯҳои Эътилофи байналмиллалӣ ҳамлаҳои худро дар ин вилоят афзоиш додаанд. Дар Ҳилманд то хатми амалиёти НАТО дар Афғонистон дар поёни соли 2014, пойгоҳҳои низомии нерӯҳои амрикоӣ ва бритониёвӣ ҷойгир шуда буданд.

Ба иттилои Кобул, толибон тобистони гузашта баъди ишғоли се мавзеи вилояти Ҳилманд дар ин ҷо пойгоҳ ёфтаанд ва то ҳанӯз тавлиди афюн ва роҳҳои асосӣ ба сӯи Эрону Покистонро, ки барои қочоқи ҳероин ба Аврупо истифода мешаванд, назорат мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG