Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷангҷӯёни Толибон дар пайи тасарруфи Дашти Арчӣ ва Қалъаи Золи вилояти Қундуз қисматҳое аз вулусволии Хоҷағори ҳаммарз бо Тоҷикистонро дар вилояти Тахор ба даст овардаанд.

Мақомоти Афғонистон тасдиқ карданд, ки ҷангҷӯёни ҷунбиши Толибон ба қисматҳое аз вулусволии Хоҷағори вилояти Тахор даст ёфтаанд. Хоҷағор бо ноҳияи Панҷи вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст.

Хабарҳо дар бораи тасарруфи қисматҳое аз Хоҷағор дар ҳолест, ки ҷангҷӯёни Толибон рӯзҳои 20-21 июл аксари қаламрави ду вулусволии низ бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарзи Дашти Арчӣ ва Қалъаи Золро дар вилояти бо Тахор ҳамсояи Қундуз таҳти назорати худ дароварданд.

Муҳамадёсин Зиё, волии Тахор гуфт, “тағйирот дар ҷабҳаҳои ҷанг дар Дашти Арчӣ мунҷар ба ин шуд, ки баъзе нуқот дар вулусволии Хоҷағор осебпазир шавад.” Волии Тахор изҳори итминон кард, ки дар натиҷаи амалиёти ҷавобӣ чирикиҳоро аз Хоҷағор берун хоҳанд андохт.

Аммо сарбозони Урдуи давлатӣ, ки дар Хоҷағор ба чирикиҳои Толибон муқовимат мекунанд, гуфтаанд, ки дар ғайри сурати эъзоми нирӯҳои изофӣ ва кӯмаки ҳавопаймоҳои эътилоф пок кардани ин минтақа аз ҳузури чирикиҳо осон нест.

Дар манотиқи бо Тоҷикистон ҳаммарз нуфуз кардану ҳатто бархе аз ин манотиқро зери контроли худ даровардани ҷангӯёни Толибон ба нигарониҳои амниятии мақомоти Душанбе аз самти Афғонистон меафзояд. Хусусан дар ҳоле ки дар сафи Толибон, ба гуфтаи мақомоти афғон, шумори зиёди ҷангҷӯёни зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикистониҳо низ меҷанганд ва ин гурӯҳҳо қасди ба ин сӯи Омӯ густариш додани ҷабҳаҳои ба ном “ҷиҳод”-ашонро дар сар доранд.

Аҷмал Ориён, хабарнигори Радиои Афғонистони Озод дар Тахор дар як мусоҳиба бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, Хоҷағор танҳо вулусволии ин вилоят нест, ки дар он чирикиҳои Толибон чунин нуфуз кардаанд.

Аҷмал Ориён: Феълан вазъ дар Хоҷағор нигаронкунанда аст. Мардуми маҳалл ва мақомоти ин вулусволӣ мегӯянд, ки аз чанд рӯз ба ин сӯ хароб шудани вазъи амниятӣ дар вулусволии Даштии Арчии вилояти Қундуз ба вазъи Хоҷағори вилояти Тахор низ таъсир расондааст. Ба асоси маълумоти мақомоти Тахор, минтақаи Гултеппа, Заркамар, Курок ва чанд қарияҷоти дигари Хоҷағор, ки бо Дашти Арчӣ ҳамсарҳад аст, чанд рӯз пеш аз сӯи Толибони мусаллаҳ тасарруф шудааст. Масъулони маҳаллӣ мегӯянд, ки феълан амалиёт дар ин вулусволӣ мутаваққиф шуда, аммо онҳо рӯи таҳияи нақшаи амалиёти поккорӣ кор мекунанд. Вале мардуми маҳал мегӯянд, даргириҳои пароканда байни нирӯҳои давлатӣ ва чирикиҳо дар Хоҷағор идома дорад ва бар асари ин даргириҳо шуморе аз мардуми мулкӣ маҷбур ба тарки маҳалли зисташон шудаанд.

Радиои Озодӣ: Хоҷағор бо Тоҷикистон марзи мустақим дорад. Аммо ин қисматҳое, ки аз сӯи Толибон тасарруф шуданд, низ дар наздикии марз бо Тоҷикистонанд?

Аҷмал Ориён: Соҳоти тасарруфшуда аз марзи Тоҷикистон дуртар мебошанд. Вале мардум мегӯянд, агар амалиёти тасфия роҳандозӣ нашавад, ин вулусволӣ метавонад суқут кунад. Чун соли гузашта дар ҳамин шабу рӯз Хоҷағор барои чанд рӯз ба дасти Толибон суқут карда буд ва толибҳо бинои ҳукумат ва фармондеҳии амнияти вулусволиро ҳам забт карда буданд.

Радиои Озодӣ: Оё Хоҷағор танҳо вулусволӣ дар вилояти Тахор аст, ки дар он Толибон нуфуз доранд ваё онҳо дар минтақаҳои дигари Тахор ҳам чунин ҳузур доранд?

Аҷмал Ориён: Дар баробари Хоҷағор вулусволиҳои Хоҷа Баҳовуддин ва Дарқад ҳам аз минтақаҳои ноамни Тахор шумурда мешаванд. Ҳамчунин дар қисмати ҷануби Тахор, ки вулусволии Ишқамиш аст, ки бо вилоятҳои Қундузу Бағлон ҳамсарҳад аст ва низ аз минтақаҳои ноамни Тахор ба шумор меояд.

Радиои Озодӣ: Ҳоло аз вилояти Қундуз чӣ хабарҳост? Толибон дар он вилоят дар кадом самтҳо нуфузи бештар кардаанд?

Аҷмал Ориён: Ба гуфтаи раиси Шӯрои вилоятии Қундуз, ҳамакнун то 70 фисади ин вилоят таҳти тасаллути чирикиҳои Толибон қарор дорад. Вулусволи Дашти Арчӣ Насриддини Катбӣ ду рӯз пеш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло 95 дарсади хоки вулусволӣ дар дасти Толибон буда, танҳо маркази ноҳия дар ихтиёри нирӯҳои давлатӣ боқӣ мондааст. Ва 11 рӯз боз дар вулусволии Қалъаи Зол ҳам даргириҳои шадид байни нирӯҳои давлатӣ ва мусаллаҳони Толибон ҷараён дорад ва Толибон тавонистанд Оқтеппа – маркази ин вулусволиро тасарруф кунанд. Нирӯҳои давлатӣ ҳоло дар Дашти Чапдони Қундуз мустақар шудаанд ва то имрӯз ҷиҳати бозпас гирифтани ин ду вулусволӣ аз чирикиҳо кадом иқдоме сурат нагирифтааст.

Радиои Озодӣ: Мақомоти афғон ҳамеша мегӯянд, ки аз тарафи Толибон дар ҷангҳо дар вилоятҳои шимоли Афғонистон ҷангҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон низ меҷанганд. Дар пайи ин набардҳои охир оё сӯҳбатҳое дар бораи ҳузури ҷангҷӯёни зодаи Осиёи Марказӣ ҳам шуд аз забони масъулин?

Аҷмал Ориён: Инро ҳамвора мегӯянд, ки дар суфуи Толибони дохилӣ ҷангҷӯён аз кишварҳои Осиёи Миёна низ ҳузур доранд ва саҳми умда доранд дар ҷанги Қундуз, ҷанги Тахор. Қаблан гуфта буданд, ки шуморе аз ҷангҷӯён аз Тоҷикистон, Узбакистон, Чеченистон, Покистон ва уйғурҳои Чин инҷо ҳастанд. Аммо як теъдоди мушаххасеро то ҳол нагуфтаанд, ки чӣ шумор ва аз кадом кишвар дар ин ҷангҳо ҳузур доранд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG