Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қорӣ Алӣ, як фармондеҳи аршади Толибон, дар ноҳияи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Дашти Арчии вилояти Кундузи Афғонистон кушта шудааст. Вазорати корҳои дохилии Афғонистон хабар дод, ки шоми шанбе дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ дар ҳудуди рустои Таракӣ ҳафт толиби дигари мусаллаҳ ба ҳалокат расиданд.

Мақомоти афғон гурӯҳи Қорӣ Алиро ба анҷоми як силсила ҳамлаҳои террористӣ дар ҳудуди Кундуз айбдор мекунанд.

Аз ин пеш, дар охирҳои моҳи майи соли ҷорӣ, дар ҷараёни амалиёти муштараки нерӯҳои пулис ва амниятии Афғонистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон дар вулусволии Дашти Арчии вилояти Кундуз яке аз фармондеҳони дигари баландпояи Толибон Қорӣ Меъроҷиддин боздошт шуд. Саид Маҳмуд Дониш, сухангӯи волии вилояти Кундуз, гуфта буд, ки яке аз фармондеҳони калидии Толибон аст ва дар аксари амалиёти зидди аҳолии вулусволии Дашти Арчӣ ва бар зидди низомиёни артиш иштирок доштааст.

Аз ҷумла, гурӯҳи Меъроҷиддин 299 метр нақби зерзаминӣ кофта, ба посгоҳи нирӯҳои ҳукуматӣ наздик шудааст ва онҳоро тирборон кардааст. Шахсан вай дар тирборон кардани сарбозон даст дорад.

Моҳҳои охир охир дар ҳудуди вилояти Кундуз амалиёти густарда алайҳи шӯришиҳои Толибон идома дорад. Моҳи апрел мақомоти амниятии афғон хабар доданд, ки вулусволии Чаҳордара дар марз бо Тоҷикистонро аз дасти Толибон раҳо кардаанд.

Ҷангҷӯёни Толибон дар тирамоҳи соли гузашта барои чанд рӯз маркази вилояти Қундузро тасарруф карданд. Ба нирӯҳои давлатӣ танҳо бо кумаки нирӯҳои Амрико ва эътилоф муяссар шуд, ки ҷангҷӯёнро аз Қундуз берун кунанд. Вале толибҳо то ҳол дар дастикам 4 ноҳияи ин вилоят, аз ҷумла дар ноҳияҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзи Чордара, Имом Соҳиб, Дашти Арчӣ, Қалъаи Зол ҳузури қобили мулоҳиза доранд.

Толибон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар миёнаҳои солҳои 90-ум ба майдон омада, аз соли 1996 то поёни соли 2001 бар Афғонистон ҳукумат меронд. Режими Толибон, ки меъёрҳои шадиди шариатро ҷорӣ карда буд, дар пайи амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор ба раҳбарии Амрико барандохта шуд. Вале ин гурӯҳ ба муқовиматҳои мусаллаҳонааш алайҳи ҳукумати баъдии Афғонистон ва нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ идома дод.

Фаъолиятҳои Толибон бахусус баъди хуруҷи нирӯҳои ҷангии эътилоф аз Афғонистон дар поёни соли 2014 авҷ гирифт ва ҷангҷӯёни он чандин минтақа дар ҷанубу шарқи ин кишвари ҷангзада ва ҳатта дар вилоятҳои шимолии Қундузу Тахор ва Бадахшонро зери назорати худ оварданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG