Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳи "Мустафо Тоҷик" дар Қундуз


Акс аз як навори таблиғотии ҷангҷӯёни тоҷикистонӣ

Акс аз як навори таблиғотии ҷангҷӯёни тоҷикистонӣ

Мақомоти афғон мегӯянд, дар ҳудуди вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Қундуз то 40 ҷангҷӯи тоҷикистонӣ ба раҳбарии “Мустафои Тоҷик” фаъолият дорад ва минтақаи Ҷангал дар марз бо Тоҷикистон пурра дар дасти Толибон аст.

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Қундузи Афғонистон мегӯянд, дар ҳудуди ин вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон як гурӯҳи бузурги ҷангиёни тоҷикистонӣ ба раҳбарии нафаре бо номи “Мустафо Тоҷик” фаъолият доранд. Амонуддин Қурайшӣ, вулусвол ё ҳокими вулусволӣ (ноҳия)-и Имом-Соҳиби вилояти Қундуз рӯзи 23 март дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, “Мустафо Тоҷик” ду соли пеш дар Имом-Соҳиб зуҳур карда буд, вале ҳоло, бино ба маълумоти дарёфтӣ, дар манотиқи таҳти назорати ҷунбиши Толибон дар вулусволии Дашти Арчӣ фаъолият дорад.

Қурайшӣ афзуд: “Мустафо Тоҷик” ягон ду сол пеш хеле фаъол буд дар Имом-Соҳиб. Маълум нест, ки ӯ аз Тоҷикистон аст ё Узбакистон, вале ба тоҷикии хоси тоҷикони Тоҷикистон сӯҳбат мекунад. “Мустафо Тоҷик” минасози ҷунбиши Толибон аст. Дар вилояти Қундуз, бино ба ҳисобҳо, то 400 ҷангии хориҷӣ меҷанганд. Покистониҳо ҳам ҳастанд, тоҷикистониҳо ҳам, узбакистониҳо ҳам. Ҳамаи онҳо таҳти парчами “Аморати исломии Афғонистон”, яъне Толибон меҷанганд.”

Дар бораи кӣ будани “Мустафо Тоҷик” маълумоти зиёде дастрас нест ва ин ҳам рӯшан нест, ки ӯ марбути гурӯҳҳои тундрави бархоста аз Осиёи Марказӣ, назири Ҳаракати исломии Узбакистон, Ансоруллоҳ ё Ҷундуллоҳ аст ваё сирф аз Толибон?

Аммо Аҷмал Ориён, хабарнигори Радиои Афғонистони Озод дар Тахору Қундуз бо такя ба иттилои мақомоти амниятии минтақа мегӯяд, гурӯҳи “Мустафо Тоҷик” тақрибан 40 ҷангҷӯи тоҷикистониро муттаҳид мекунад. Ӯ мегӯяд, исми ин ҷанггҷӯи ғолибан тоҷикистонӣ тақрибан се сол ба ин сӯ ба мақомоти амниятии шимоли Афғонистон ошност.

Мухолифини мусаллаҳи давлати кунунии Афғонистон, бахусус ҷунбиши Толибон ва гурӯҳҳои шарикаш тақрибан ду соли охир дар ҷабҳаи Қундуз хеле фаъол шудаанд ва дар поёни моҳи сентябри соли 2015 ҳатто шаҳри Қундуз, маркази ин вилоятро барои чанд рӯз тасарруф карданд. Ба нирӯҳои давлатии Афғонистон танҳо таҳти ҳимояти нирӯҳои ҳавоии Амрико ва эътилофи таҳти раҳбарии паймони низомии НАТО муяссар шуд, ки ҷангҷӯёни Толибонро аз маркази вилоят берун андозанд.

Аммо дар ҳоли ҳозир аз 6 вулусволии Қундуз танҳо сеяш – Имом-Соҳиб, Хонобод ва Алиобод – асосан ва маркази маъмуриаш – шаҳри Қундуз пурра таҳти назорати давлати кунунии Афғонистон қарор доранд. Аммо дар 3 вулусволии дигар – Қалъаи Зор, Чордара ва Дашти Арчӣ – нирӯҳои давлатӣ танҳо бар марказҳои маъмурии ин навоҳӣ тасаллути комил доранд ва ба эътирофи мақомоти амниятӣ, то 80 дарсади қаламрави ин 3 вулусволиҳо дар дасти Толибон будааст.

Бар илова, ба гуфтаи Аҷмал Ориён, дар ин авохир аз зуҳури то 120 ҷангҷӯи марбут ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар вулусволии Чордараи Қундуз ва нахустин даргириҳо байни онҳову ҷангиёни Толибон гузоришҳо ба даст мерасанд.

Амонуддин Қурайшӣ, вулусволи Имом-Соҳиб

Амонуддин Қурайшӣ, вулусволи Имом-Соҳиб

Амонуддин Қурайшӣ, вулусволи Имом-Соҳиб, ки бо ноҳияи Панҷи Тоҷикистон ҳаммарз аст, мегӯяд, ҳатто дар ин вулусволӣ низ давлат тасаллути комил бар тамоми қаламравашро надорад: “Аз ҷумла дар марз бо Тоҷикистон тақрибан 40-50 километре ҳаст, ки дар он ягон сарҳадбони давлатӣ нест, пурра таҳти тасарруфи Толибон қарор дорад. Талошҳои давлат барои бозпас гирифтани ҳадди ақал тӯли марз бо Тоҷикистон то ҳол натиҷа надодаанд.”

Сокинони Қундуз мегӯянд, ҷангҷӯёни тоҷикистонӣ дар манотиқи ҳаммарз бо зодгоҳи худ барои тамос бо он сӯи Омӯ аз сим-кортҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон истифода мебаранд. Бахусус дар мавзеи марзии Ҷангал дар марз бо Тоҷикистон, ки ба гуфтаи мақомот ва сокинон, пурра дар ихтиёри мухолифони давлати Афғонистон қарор дорад.

Мақомоти амниятиву марзбонии Тоҷикистон аз афзоиши хатари гурӯҳҳои тундрав аз самти Афғонистон изҳори нигаронӣ мекунанд ва ба ин далел, аз шарикони худ, аз ҷумла аз Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ барои тақвияти ҳифозати марз бо Афғонистон кумакҳои низомӣ низ хостаанд. Вале мақомоти Душанбе мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир вазъ дар тӯли марзи 1370-километрии ин кишвар бо Афғонистон таҳти назорат қарор дорад ва “гурӯҳҳои начандон калони террористӣ наметавонанд ба амнияти марзҳои Тоҷикистон таҳдид кунанд.”

Генерал Ҷек Николсон дар Қундуз

Генерал Ҷек Николсон дар Қундуз

Рӯзи 22 март, зимни боздиди фармондеҳи ҷадиди нирӯҳои НАТО дар Афғонистон генерал Ҷек Николсон аз шаҳри Қундуз мақомоти афғон аз омодагиашон ба амалиётҳои вижа алайҳи ҷангҷӯёни Толибон дар ҳудуди вилояти Қундуз хабар доданд. Вазири дифои Афғонистон Маъсум Станакзай ва вазири дохила Тоҷмуҳаммад Ҷоҳид гуфтанд, давлат азм дорад, то навоҳии атрофи шаҳри Қундузро аз ҷангҷӯёни Толибон пок кунанд. Гуфта мешавад, ки нирӯҳои давлатии Афғонистонро дар ин амалиётҳо нирӯҳои ҳавоии Амрико ва эътилофи таҳти раҳбарии НАТО аз ҳаво пуштибонӣ хоҳанд кард.

Генерал Николсон, фармондеҳи собиқи нирӯҳои хушикарди НАТО, ки тоза рӯзи 2 март ба ҷои генерал Ҷон Кемпбелл фармондеҳи миссияи “Пуштибонии қотеъ”, маъмурияти муштараки нирӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон таъин шудааст, низ омодагии нирӯҳои эътилоф барои ҳимоят аз амалиётҳои зидди ҷангҷӯёни мухолифи давлати Афғонистон дар Қундузро баён дошт. Ӯ аз ҷумла гуфт: “Толибони мусаллаҳ дар пайи эҷоди бесуботӣ ва ноамнӣ дар Қундуз ҳастанд ва шумо ҳам шояд шунида бошед, ки Толибон мехоҳанд барои мардуми Қундуз мушкилот эҷод кунанд. Аммо нирӯҳои НАТО ва Афғонистон дигар ба Толибон иҷозат нахоҳанд дод, ки зиндагии осоиштаи мардуми Қундузро халалдор кунанд.”

Фармондеҳи НАТО бо ишора ба тасарруфи шаҳри Қундуз аз сӯи Толибон дар поёни моҳи сентябр гуфт, “ончӣ соли гузашта рух дод, дигар рӯй намедиҳад.”

Дар вилояти Қундузи Афғонистон, бино ба оморҳо, ҳудуди 1 миллион нафар ба сар мебаранд, ки 70 дарсадашро тоҷикҳо, 15 дарсадашро узбакҳо ва 13 дарсадашро паштуҳо ташкил медиҳанд. Ин вилоят бо ноҳияҳои Панҷу Қумсангир ва Шаҳритӯси водии Вахши вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз мебошад. Як қисмати марзи Қундуз бо Тоҷикистон дар рӯбарӯи ҷангалзорҳои мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” ҷойгир шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG