Пайвандҳои дастрасӣ

Як комиссия, ки сабабҳои суқути Кундуз ба дасти Толибон дар моҳи сентябрро таҳқиқ кардааст, мегӯяд, ки набуди ҳамоҳангӣ миёни нерӯҳо амниятӣ, заъфи раҳбарӣ ва ҳамин тавр сӯистифода аз манобеъ, аз иллатҳои асосии суқути ин шаҳр будааст.

Комиссияи ҳақиқатёб саранҷом ёфтаҳояшро аз чигунагии суқути шаҳри Кундуз дар моҳи сентябр ба дасти Толибон бо расонаҳо дар миён гузошт. Амруллоҳ Солеҳ, раҳбари пешини Раёсати амнияти миллии Афғонистон ва раҳбари ин комиссия рӯзи шанбе дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки баррасии онҳо аз Шӯрои амнияти миллӣ оғоз шуда ва мақомҳои вилояти Кундузро дар бар гирифтааст.

Амруллоҳ Солеҳ гуфт, ки аснод ва далоил нишон додааст, ки дар бархе аз мавридҳо ба қарорҳои Шӯрои амнияти миллӣ аҳамият дода нашудааст. Ин комиссия ба ишора ба ин, ки чанддастагӣ ва беътимодӣ миёни Шӯрои амнияти сабаб шуд то шаҳри Кундуз ба дасти Толибон биафтад, ба ҳукумати он кишвар пешниҳод кардааст, ки сохтори ин ниҳодро тағйир бидиҳад ва аъзои онро маҳдуд бисозад.

Гузориши ҳайат ҳамчунон нишон додааст, ки нотавонӣ ва нокомӣ дар сатҳи раҳбарӣ, печидагии сохторҳо ва истифодаи нодуруст аз имкониятҳо ва таҷҳизот, аз сабабҳои дигари суқути Кундуз ба дасти Толибон будааст.

Шаҳри Кундуз дар рӯзҳои ахири моҳи сентяри соли ба дасти гурӯҳи Толибон афтод ва барои се рӯз комилан дар ихтиёри онҳо қарор дошт. Пас аз озодсозии ин шаҳр, президенти он кишвар барои баррасии чигунагии суқути ин шаҳр ба дасти Толибон, як комиссия ташкил кард.

Амруллоҳ Солеҳ ҳамчунон гуфтааст, ки ёфтаҳои онҳо нишон медиҳад, ки гурӯҳи Толибон аз ҳафт моҳ ба ин тараф нақшаи ҳамла ба Кундузро тарҳрезӣ мекарданд ва ин ҷанг ба таври мустақим аз шаҳри Пешовари Покистон раҳбарӣ шудааст.

Амруллоҳ Солеҳ гуфт, ки "мо ба гуфтугӯҳое даст ёфтем, ки фармондеҳи Толибон дар минтақа аз Пешовар дастур мегирад. Дувум ин ки дар Афғонистон таҷриба нишон додааст, ки дар гуфтугӯҳояшон аз "меҳмон" ном мебаранд. "Меҳмон" ҳадафашон ё аз террорист ва мушовири покистонӣ аст ё касони дигаре, ки ба ҳаракатҳои террористӣ вобаста мебошанд."

Бахши дигари ёфтаҳои комиссия, ба ҳимояти бархе аз ҳалқаҳо дар ҳукумати Афғонистон аз гурӯҳе ба номи "гурӯҳи хокистарӣ" хулоса шудааст. Амруллоҳ Солеҳ мегӯяд, ки ин гурӯҳ аз Толибон ҳимоят намекунад, аммо сабаби заъфи ҳукумат шудааст ва дар суқути шаҳри Кундуз даст доштааст.

Аммо коршиносон аз амалкардин ин комиссия дар баррасии чигунагии шаҳри Кундуз интиқод карда ва мегӯянд, ки ин комиссия номи ҳеҷ мақом ва ҳалқаи дохилиро ба таври муайян ва мушаххас зикр накардааст, ки дар суқути ин шаҳр даст доштаанд. Ин коршиносон ёфтаҳои ин ҳайатро норӯшан медонанд ва мегӯянд, аз ҷиноятҳои башарӣ, ки дар шаҳри Кундуз рух додааст, дар ин гузориш чизе гуфта нашудааст.

Ҷангиёни Толибон рӯзи 28 сентябр маркази маъмурии вилояти Қундузро тасарруф карданд. Ба нирӯҳои давлатӣ танҳо баъди 3 рӯз ва бо ҷалби нирӯҳои ҳавоии НАТО муяссар шуд, то ин шаҳри муҳимро дубора ба даст биоранд. Дар ҷангҳои Қундуз ҳудуди 200 нафар аз нирӯҳои артишу пулис ва мардуми осоишта кушта шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG