Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷаммӯи чил ҷангии "тоҷик" дар марз


Имомиддин Қурайшӣ, вулусвол ё раиси ноҳияи Имом-Соҳиби вилояти Кундузи Афғонистон

Имомиддин Қурайшӣ, вулусвол ё раиси ноҳияи Имом-Соҳиби вилояти Кундузи Афғонистон

Масъулони ноҳияи Имом-Соҳиб аз вуҷуди террористҳои хориҷӣ дар манотиқи сарҳадӣ бо Тоҷикистон хабар дода ва гуфтанд, 40 нафари онҳо тоҷикистонӣ буда, барои тайёр кардани минаҳо хидмат мекунанд.

Мақомоти ноҳияи Имом-Соҳиби вилояти Қундуз аз ҳузури 200 ҷангии хориҷӣ, аз ҷумла 40 тоҷикистонӣ дар ин минтақа хабар дода, мавҷудияти онҳоро ҳам барои Афғонистон ва ҳам кишварҳои Осиёи Марказӣ хатарбор медонанд. Имомуддин Қурайшӣ, раиси ноҳияи Имом-Соҳиб, дар сӯҳбат бо бахши дарии Озодӣ гуфт, ки бар асоси иттилои мақомоти амниятии Афғонистон, "ҷангиёни тоҷик асосан дар кори минасозӣ барои Толибон хидмат карда, таҳти фармондеҳии нафаре бо исми "Мустафо Тоҷик" қарор доранд".

Ӯ гуфт, "касоне, ки ҳамлаҳои интиҳорӣ, мина ва инфиҷорро созмондиҳӣ мекунанд, ҳама хориҷиҳо ҳастанд. Инженерони тоҷикистонӣ ҳастанд, ки барои Толибон минаҳо тайёр мекунанд."

Бино ба қавли раиси ноҳияи Имом-Соҳиб, "ин ҷангиёни хориҷӣ ҳатто дар он сӯи дарёи Омӯ дар ҷангалҳои Тоҷикистон пойгоҳҳо сохтаанд ва замоне, ки амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар минтақа роҳандозӣ мешавад, бо убури дарёи Ому, вориди ҷангалҳои Тоҷикистон мешаванд."

Аммо масъулони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 2 феврал вуҷуди ҳамагуна пойгоҳҳои гурӯҳи террористии иборат аз шаҳрвандони Тоҷикистонро дар ҷангалҳои манотиқи наздимарзӣ рад карданд. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ба Озодӣ гуфт: "Вазъият дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон комилан таҳти назорат қарор дошта ва гурӯҳи кӯчаки террористҳо наметавонад ба амнияти марз таҳдид кунанд".

Вале Имомуддин Қурайшӣ мегӯяд, бояд ба ҳадафи поксозии комили ин минтақа аз ҳузури ҳамагуна унсурҳои зиддидавлатӣ як амалиёти густарда роҳандозӣ шавад.

Фаридун, як тан аз бошандагони минтақаи ҷангали вулусволии Имом-Соҳиби вилояти Қундуз низ ба Озодӣ гуфт, ки ҷангҷӯёни тоҷикистонӣ бо истифода аз симкортҳои мухобиротии Тоҷикистон бо нафароне дар он кишвар дар тамос мешаванд ва онҳоро ба сафи худ даъват мекунанд. Ӯ гуфт: "Дар ҷангалҳои Имом-Соҳиб ҷангҷӯёни тоҷик ҷой гирифтаанд ва бо Толибон якҷоя фаъолияти террористӣ доранд. Масруфи минасозӣ ва ҳамлаҳои террористӣ ҳастанд ва дар қаламрави ҷангал симкортҳои Тоҷикистон кор мекунад.”

Аз ин пеш низ теъдоде аз масъулони минтақаи Имом- Соҳиб шикоят карда буданд, ки минтақаии ҷангалҳои Имом-Соҳиб ба марказҳои омӯзиши террористони хориҷӣ ва дохилӣ мубаддал шудааст ва дар он ҷо ба наврасон ва кӯдакон дарси ҳамлаҳои интиҳорӣ ва минасозӣ таълим медиҳанд.

Ноҳияи Имом-Соҳиб яке аз бузугтарин вулусволиҳои вилояти Кундуз ба шумор меравад ва наздики 200 ҳазор аҳолӣ дорад. Ин ноҳия дар фосилаи 70-километрии маркази вилояти Кундуз қарор дошта ва бо Тоҷикистон низ 70 километр сарҳади тӯлонӣ ва пӯшида дорад.

Баъди нооромиҳои моҳи декабри соли 2015 дар вилояти Тахори Афғонистон, ки бо ноҳияи Фархори Тоҷикистон ҳаммарз аст, додситони ноҳия ҳудуди 110 хонаҳоеро, ки дар наздикии марз ҷойгиранд, мавриди санҷиш қарор додааст. Гуфта мешавад, ин иқдом ба дунболи таҷаммӯи гурӯҳҳои ифротӣ дар он сӯи марз ва дар пайи даргирии Толибон бо нерӯҳои давлати Афғонистон оғоз шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG