Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масъулони вилояти Кундуз, дар шимоли Афғонистон ва наздики марзи Тоҷикистон аз роҳ ёфтани гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар ин вилоят хабар додаанд.

Генерал Муҳаммад Қасим Ҷангалбоғ, фармондеҳи ниҳоди амниятии вилояти Кундуз ба Озодӣ гуфт, ки бар асоси гузоришҳои кашфӣ ва истихборотӣ дар ҳафтаи гузашта ҷангиёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар вулусволӣ ё ноҳияи Чаҳордари ин вилоят ҳузур пайдо кардаанд.

Ба қавли Ҷангалбоғ, теъдоди ин ҷангиён беш аз 120 нафар будааст. Ӯ гуфт, "бино ба гузоришҳое, ки ба мо расидааст, дар ҳафтаи гузашта гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар ноҳияи Чаҳордара амалиёти худро дар миёни гурӯҳи Толибони мусаллаҳ оғоз намуда ва теъдодашон болотар аз 120 нафар мерасад."

Аз сӯи дигар, Амриддин Валӣ, узви Шӯрои вилоятии Кундуз низ мегӯяд, ки дар ин авохир дар ноҳияҳои Чаҳордараю Дашти Арчӣ ва бархе аз манотиқи наздики шаҳри Кундуз гурӯҳи ДИИШ фаъол шудааст. Афзун бар ин, ҷангҷӯёни хориҷии марбут ба Ҷундуллоҳ низ парчами сафеди худро ба сиёҳ мубаддал кардаанд.

Вай афзуд, бояд ҳарчӣ зудтар ҳукумати маҳалии Кундуз дар баробари гурӯҳи террористӣ даст ба кор шаванд ва ҷилави фаъолияти онҳоро дар минтақа бигиранд, то дар миёни мардум нуфуз пайдо накунанд.

Ӯ мегӯяд: "Маълумоту гузоришоте, ки ба мо расидааст, аъзои ин гурӯҳи террористӣ парчами сиёҳро бо худ доранд ва сару рӯяшон бо рӯймол баста аст".

Ҷаноби Валӣ гуфт, агар давлати марказӣ, бахусус, ҳукумати маҳаллӣ аз фаъолияти ДИИШ ҷилавгирӣ накунанд, дар тобистон шаҳри Кундуз ба душворҳои ҷиддии амниятӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Сокинони вилояти Кундуз аз масъулони давлати марказӣ ва ҳукумати маҳаллӣ хостаанд, то аз густариши домани ин гурӯҳи террористӣ дар минтақа пешгирӣ кунанд.

Доктор Ҷамол Баҳман, як тан аз фаъолони ҷомеаи мадании вилояти Кундуз ба Радиои Озодӣ гуфт: "Дӯстонам аз ноҳияи Чаҳордара хабар доданд, ки ахиран афроди мусаллаҳи номаълум дар ин маҳал пайдо шудаанд ва сару рӯи худро бо ниқоб пӯшондаанд ва марбут ба гурӯҳи ДОИШ ҳастанд".

Мақомоти вилояти Кундуз дар ҳоле дар бораи ҳузури гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар ин вилоят хабар медиҳанд, ки ҳоло вазъи ин вилоят ноором ва бесубот шудааст ва дар бештари манотқи вилояти Кундуз гурӯҳҳои мусаллаҳ нуфуз пайдо кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки субҳи сешанбеи 15 март тамриноти муштараки неруҳои Тоҷикистону Русия дар размоишгоҳҳои “Ҳарбмайдон”, “Сунбула”, “Мумирак”,“Ҳалқаёр” ва “Лоҳур” бо истифодаи техникаи ҳарбӣ, чархболҳо ва ҳавопаймоҳои низомӣ оғоз шудааст.

Мақомоти вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯянд, дар ин размоиши муштарак асосан ҷанги рамзӣ бо гурӯҳҳое сурат хоҳад гирифт, ки қасди аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шуданро доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG