Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷангҷӯёни Толибон ду вулусволиро дар вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Қундузи Афғонистон ишғол кардаанд. Дашти Арчӣ ва Қалъаи Зол дар наздикии марз бо вилояти Хатлон ҷойгир шудаанд.

Ҷангҷӯёни Толибон чандин вулусволиро дар вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Қундузи Афғонистон тасарруф кардаанд. Рӯзи 20 июл дар вулусволиҳои Дашти Арчӣ ва Қалъаи Зол байни нирӯҳои амниятӣ ва ҷангҷӯёни Толибон даргириҳои сангин доир шуд. Мақомоти Дашти Арчӣ мегӯянд, ки Толибон назорати аксари ин вулусволиро ба даст овардаанд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, аксари қаламрави вулуволии Қалъаи Зол низ баъди 4 рӯзи набардҳои шадид ба дасти Толибон гузаштааст. Вакили парлумон аз Қундуз Абдуллоҳ Қарлуқ ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфт, ҷангҷӯён Қалъаи Золро пурра ва Дашти Арчиро 98 дарсад таҳти назорати худ даровардаанд. Дар ҳамин ҳол, Маҳмуд Дониш, сухангӯи волии Қундуз ба дасти Толибон гузаштани ҳеҷ кадом аз вулусволиҳои ин вилоятро рад карда, гуфтааст, ҳамлаҳои ҳавоӣ имкон доданд, ки бархе нирӯҳои ҷангҷӯёнро ақиб андозанд.

Маҳмуд Дониш аммо тасдиқ кард, ки дар даргириҳо дар Қалъаи Зол дастикам як тан аз нирӯҳои пулис кушта ва чори дигар захмӣ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки Абдуллоҳ Қарлуқ шумори кушташудаҳо аз тарафи нирӯҳои давлатӣ дар даргириҳои ахирро 11 нафар мегӯяд.

Ҷангҷӯёни Толибон дар Қундуз. Тирамоҳи соли 2015

Ҷангҷӯёни Толибон дар Қундуз. Тирамоҳи соли 2015

Мухолифини мусаллаҳи давлати кунунии Афғонистон, бахусус ҷунбиши Толибон ва гурӯҳҳои шарикаш тақрибан ду соли охир дар ҷабҳаи Қундуз хеле фаъол шудаанд ва дар поёни моҳи сентябри соли 2015 ҳатто шаҳри Қундуз, маркази ин вилоятро барои чанд рӯз тасарруф карданд. Ин бузургтарин шаҳри Афғонистон буд, ки аз замони суқути режими Толибон дар соли 2001 ба дасти ин гурӯҳи чирикии мухолифи ҳукумати кунунии Афғонистон гузашта буд.

Ба нирӯҳои давлатии Афғонистон танҳо таҳти ҳимояти нирӯҳои ҳавоии Амрико ва эътилофи таҳти раҳбарии паймони низомии НАТО муяссар шуд, ки ҷангҷӯёни Толибонро аз маркази вилоят берун андозанд.

Ҷангҷӯёни Толибон дар моҳи апрели соли равон бори дигар талош карданд, ки аз чанд самт вориди шаҳри Қундуз шаванд. Вале нирӯҳои амниятӣ бо ҷалби ҳавопаймоҳои эътилоф тавонистанд ин ҳамлаи чирикиҳоро рафъ кунанд.

Дар ҳоли ҳозир аз 6 вулусволии Қундуз танҳо сеяш – Имом-Соҳиб, Хонобод ва Алиобод – асосан ва маркази маъмуриаш – шаҳри Қундуз пурра таҳти назорати давлати кунунии Афғонистон қарор доранд. Вулусволии Чордара, ба эътирофи мақомоти маҳаллӣ, қисман таҳти назорати нирӯҳои амниятӣ буда, ду вулусволии дигар – Қалъаи Зор ва Дашти Арчӣ – тавре мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, қариб пурра ба дасти чирикиҳои Толибон гузаштааст.

Дар вилояти Қундузи Афғонистон, бино ба оморҳо, ҳудуди 1 миллион нафар ба сар мебаранд, ки 70 дарсадашро тоҷикҳо, 15 дарсадашро узбакҳо ва 13 дарсадашро паштуҳо ташкил медиҳанд. Ин вилоят бо ноҳияҳои Панҷу Қумсангир ва Шаҳритӯси водии Вахши вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз мебошад. Як қисмати марзи Қундуз бо Тоҷикистон дар рӯбарӯи ҷангалзорҳои мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” ҷойгир шудааст.

Мақомоти амниятиву марзбонии Тоҷикистон аз афзоиши хатари гурӯҳҳои тундрав аз самти Афғонистон изҳори нигаронӣ мекунанд ва ба ин далел, аз шарикони худ, аз ҷумла аз Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ барои тақвияти ҳифозати марз бо Афғонистон кумакҳои низомӣ низ хостаанд. Вале мақомоти Душанбе мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир вазъ дар тӯли марзи 1370-километрии ин кишвар бо Афғонистон таҳти назорат қарор дорад ва “гурӯҳҳои начандон калони террористӣ наметавонанд ба амнияти марзҳои Тоҷикистон таҳдид кунанд.”

Аммо рӯзи 20 июл дар ҷаласаи нимсолаи Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфта шуд, ки тайи нимаи аввали сол дар марз бо Афғонистон 15 даргирии мусаллаҳона бо гурӯҳҳои силоҳбадасти марзшикан сурат гирифтааст.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нирӯҳои марзбонӣ рӯзи 20 июл дар нишасти нимсолаи Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, дар ин даргириҳо 7 марзшикан кушта, дуи дигар захмӣ ва 13 тан дастгир шудаанд. Ба гуфтаи генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, дар нимаи аввали сол марзбонони тоҷик ҳудуди 700 кило маводи мухаддир, 19 мил аслиҳа ва 297 кило маводи тарканда мусодира кардаанд. Тоҷикистон бо Афғонистон ҳудуди 1400 километр марзи мустақим дорад, ки аз сӯи гурӯҳҳои қочоқбар барои интиқоли маводи мухаддир ба “бозори сиёҳ”-и Осиёи Марказӣ, Русия ва ҳатто Аврупо истифода мешавад. Дар ин авохир дар бораи эҳтимоли рахна кардани ин марз аз сӯи гурӯҳҳои ифротӣ ба хотири ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ густариш додани доманаи фаъолиятҳои ба истилоҳ “ҷиҳодӣ”-ашон гузоришҳо ба даст мерасанд.

Аз ҷумла дар бораи гурӯҳи наве бо номи “Лашкари Қутайба Ибни Муслим” гузориш мешавад, ки зоҳиран аз гурӯҳи мамнӯи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” бархоста, ҷангҷӯёни тоҷикистонии фаъол дар ҷангҳои шимоли Афғонистон – аз Қундуз то Бадахшонро муттаҳид мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG