Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомот манзили Дилшод Раҳимов – бародарзодаи Зайд Саидов – дар маҳаллаи “Чехов”-и Душанберо баҳогузорӣ кардаанд.

Ба гуфтаи наздиконаш, ин афрод худро ходимони Ожонси мубориза бо фасод муаррифӣ карда, баъди арзёбӣ ба ин хонавода гуфтаанд, ки ба эҳтимоли мусодира шудани молу мулкашон омода шаванд.

Манзили Дилшод Раҳимов нахустин моликияти ғайриманқулест, ки дар чорчӯби парвандаи вазири собиқи саноат ва соҳибкори шинохта Зайд Саидов баҳогузорӣ мешавад. Ба гуфтаи наздикони Зайд Саидов, боз дастикам як тани дигар аз хешовандони наздики ӯ низ аз ҷониби мақомоти Ожонси мубориза бо фасод ҳушдор гирифтааст, ки манзилашро "ченучӯб" ва "нарх" хоҳанд кард.

Як масъули гурӯҳи тафтишотии Зайд Саидов дар Ожонси зиддифасод дар сӯҳбат бо Озодӣ хабари арзёбии манзили Дилшод Раҳимовро тасдиқ ё радд накард, вале гуфт, чунин ҳаракатҳо дар рафти тафтишот метавонанд анҷом шаванд ва онҳо то замони анҷоми тафтишот салоҳияти ташреҳи ҳаракатҳои ҷудогонаи тафтишотиро надоранд.

Аммо ҳуқуқдонҳо мегӯянд, мақомот дар парвандаҳое ки ҳукмаш мусодираи молу мулкро ҳам дар бар мегирад, метавонанд аз пеш ин молу мулки мусодирашавандаро аз пеш "чену чӯб" ва "нарх" кунанд. Мақомот қаблан мошинҳои писарони Зайд Саидовро ба ҳабс гирифта, чанд ҳисоби бонкии ширкатҳои марбут ба ӯву наздиконашро мунҷамид карданд ва ҳам ҳар навъ ҳаракати нотариалӣ бо молумулки марбут ба ин афрод, аз ҷумла хариду фурӯши манзилҳояшонро манъ кардаанд.

Дилшод Раҳимов бародарзодаи вазири собиқи саноат ва соҳибкори шинохта Зайд Саидов аст, ки аз 19 май дар боздошт қарор дорад. Дилшод Раҳимов ба дунболи боздошти Зайд Саидов дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки корхонаи “Тоҷикатлас”-ро дар замони вазирии амакаш ӯ аз нафаре бо номи Абдусамад Саидов харида, баъдан 60 дарсади саҳмияҳояшро ба соҳибкорони қазоқ фурӯхт. Феълан дар қаламрави корхонаи “Тоҷикатлас” ширкати “Хонаи Эрон” амал мекунад, ки ба гуфтаи мақомот, ба як шаҳрванди эронӣ бо номи Шеърдӯст тааллуқ дорад.

Дилшод Раҳимов дар он сӯҳбаташ бо Озодӣ гуфта буд, дар муомилаҳои ӯ бар сари “Тоҷикатлас” аслан исми Низомхон Ҷӯраев – мудири собиқи корхонаи кимиёвии Исфара – дар миён набуд. Ин дар ҳолест ки як иттиҳоми асосӣ дар парвандаи Зайд Саидов иддаои Низомхон Ҷӯраев аст, ки мегӯяд, Зайд Саидов ин корхонаро иҷборан аз ӯ гирифтааст ва ӯ ҳамчун зердаст чорае ба ҷуз аз тан додан ба хости вазири вақти саноат надошт. Ожонси мубориза бо фасод алайҳи Зайд Саидов маҳз бар асоси нишондоди Низомхон Ҷӯраев тибқи банди чоруми моддаи 319-уми Қонуни ҷиноӣ (порагирӣ дар ҳаҷми калон) айбномаи расмӣ эълон кардааст. Зайд Саидов ба бисёрзанӣ ва сӯъиистифода аз мақом низ айбдор мешавад, вале тибқи ин моддаҳои Қонуни ҷиноӣ алайҳаш ҳанӯз айбномаи расмӣ эълон нашудааст.
.
Бо ин ҳол, санҷиши фаъолиятҳои молии ширкату корхонаҳои марбут ба Зайд Саидов ва наздикони ӯ аз сӯи мақомоти Ожонси зиддифасод ва Кумитаи андоз ҳамчунон идома доштааст. Манобеъи огоҳ аз ҷараёни санҷишҳо мегӯянд, болои ин ширкатҳо ҷаримаҳои ҳангуфт андохта истодаанд, ки зоҳиран варшикаста кардани тамоми тиҷоратҳои марбут ба ин собҳикори шинохта ва раҳбари Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони навро ба ҳадаф дорад. Худи Зайд Саидов ва тарафдоронаш таъқибу боздошти ӯро марбут ба азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав ва сирф сиёсӣ медонанд.




Зайд Саидов ва писараш Хайрулло

Зайд Саидов ва писараш Хайрулло

Бо онки аз боздошти Зайд Саидов беш аз як моҳ мегузарад, гузоришҳои расида аз Душанбе ҳокӣ аз он аст, ки дар пайи тафтишу пурсуҷӯи густардаи ширкатҳои марбут ба наздикону пайвандони Зайд Саидов даҳҳо нафар бекор мондаанд.

Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» мегӯяд, тафтишҳои ғайриинтизори ширкатҳои вай ва бархе аз бародаронаш аз ҷониби Кумитаи андоз, Оҷонсии зидди фасод ва ҳатто Хадамоти оташфишонӣ идома дорад. Ҳарчанд ба гуфтаи вай ин ширкатҳо ба падараш мутаалиқ набудаанд: «Бисёре аз кормандони ширкати «Тоҷсохтмон байналмилал» баъди ин тафтишҳои шадид ва тарсдоданҳо аз кор ноумед шуданд. Вақте сари мо ин қадар тафтишҳо зам шуданд ва мо наметавонем сари вақт маоши коргаронро пардохт кунем. Аз ин рӯ бархе аз кормандон аз кор рафтанд. Бечора мардум ҳам маҷбур аст, аз пайи зиндагиаш шавад.»

Хайрулло Саидов афзуд, тафтиши кори ширкатҳои марбут ба наздикони онҳо ҳамоно идома дорад. Вай барои мисол мегӯяд, ҳарчанд дар мактуби Кумитаи андоз тафтиши сесолаи фаъолияти ширкатҳо сабт шуда буд, аммо масъулони ин ниҳод кори панҷ соли охири ширкатро тагурӯ карданд: «Вақте ба онҳо гуфтем, ки бародар, охир дар мактуб се сол дарҷ шудааст, чаро кори панҷ соли охирро тафтиш мекунед? Онҳо сареъан рафта мактуби Кумитаро иваз карданд, ки дар онҷо тафтиши пансолаву ҳафтсола дарҷ шудааст.»

Ба таъкиди Хайрулло Саидов, ширкатҳои марбут ба хонаводаи онҳо аз бузургтарин андозсупорандагони ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳастанд ва то ба фаъолиятҳои сиёсӣ даст задани падараш, ҳеҷ мушкиле бо мақомоти назоратӣ ва андоз надоштанд.


Фахриддин Зокиров

Фахриддин Зокиров

Фахриддин Зокиров, вакили мудофеи Зайд Саидов гуфт, ҳоло мақомот тамоми ширкатҳои марбут ба хонаводаи зерҳимояашро тафтиш доранд: «Ҳоло тафтиши ширкати «Точсохтмон байналмиллал» аз ҷониби мақомоти андоз дар арафаи анҷомёбист. Ғайр аз ин дигар кори дигар ширкатҳои муштаракро бо саҳмияи русҳо ва эрониҳо тафтиш доранд.» Ба гуфтаи Зокиров, бисёре аз ин ширкатҳо то ба оғози ҳабси Зайд Саидов фаъолият намекарданд ва фаъолияти бархеаш зараровар будааст.

Яке аз кормандони ин ширкатҳо, ки ҳамакнун аз ҷои кор маҳрум шудааст ва нахост номаш ифшо шавад, гуфт, баъди чанд соли муҳоҷирату саргардонӣ дар Русия, дар ширкати «Тоҷсохтмон байналмиллал» фаъолият мекард ва аз дастмуздаш низ розӣ буд, аммо зиёд шудани фишор ва норӯшанӣ дар фаъолияти минбаъдаи ширкат, ӯро маҷбур сохт то ширкатро тарк кунад ва боз нияти сафар ба Русияро пеш бигирад.

Зайд Саидов ҳанӯз дар оғози тасмимаш барои таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» низ аз гаронии андоз болои ширкатҳо ва шароити номусоиди пешбурди соҳибкорӣ дар кишвар шикоят карда гуфта буд, ки танҳо дар тӯли ду соли ахир миқдори кормандонаш аз 3 ҳазор то ба як ҳазор нафар коҳиш ёфтааст.


Соҳибкори маъруф Зайд Саидов рӯзи 6-уми апрели соли равон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе аз тасмими таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» хабар дод ва дар таърихи 11-уми май додситонии пойтахт манзилҳои Саидовро бозҷӯӣ карда, алайҳаш бо иттиҳоми бисёрзанӣ парванда боз намуд. Худи ҳамон рӯз Оҷонси зиддифасод хабар дод, ки алайҳи ширкати “Тоҷсохтмон байналмилал”, ки низ марбут ба Зайд Саидов дониста мешавад, бо иттиҳоми изофанависӣ дар ҷараёни бунёди “Душанбе-Плаза”-баландтарин бино дар пойтахти Тоҷикистон – парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Тарафдорони Саидов мегӯянд, вай аз сафари хориҷӣ барои он баргашт, ки ба бегуноҳии худ бовар дошт ва мехоҳад онро ба исбот расонад. Аммо барои ин, мегӯянд, вакилони дифоъ, шаффофияти тафтишот зарур аст. Зайд Саидов аз 24 май дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG