Пайвандҳои дастрасӣ

Фирӯза Юнусова: Баъди боздошти Зайд Саидов ҳамаи моро "чап" гирифтаанд


Фирӯза Юнусова

Фирӯза Юнусова

Фирӯза Юнусова, яке аз нафароне ки мақомот ӯро яке аз 4 ҳамсари Зайд Саидов нома мебаранд, дар сӯҳбати ихтисосиаш бо Озодӣ гуфт, умедвор аст, ки ӯро дар ниҳоят озод хоҳанд кард.

Зайд Саидов рӯзи 19 май баъди бозгашт аз сафари Аврупо дар фурудгоҳи Душанбе боздошт ва ба як силсила ҷиноёти иқтисодӣ ва ҳам ба бисёрзанӣ айбдор шудааст. Худи ӯ ин иттиҳомотро сиёсӣ ва марбут ба азмаш барои сохтани ҳизби Тоҷикистони нав медонад.

Як иттиҳоми зидди Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаи тоҷик ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон, иттиҳоми бисёрзанист. Додситонии шаҳри Душанбе, ки рӯзи 11 май аз оғози парвандаи бисёрзанӣ алайҳи Зайд Саидов тибқи банди 170-уми Кодекси ҷиноӣ хабар дод, рӯйхати 4 нафареро ҳам нашр кард, ки ба гуфтаи ин ниҳод, ҳамсарони Саидов мебошанд. Яке аз ин 4 нафар Фирӯза Юнусова аст, ки розӣ шуд, дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи гирифториҳои ӯву фарзандонаш – Муҳаммадиқбол, Ҳумоюн ва Фаридун –баъди боздошти Зайд Саидов сӯҳбат кунад.

Озодӣ: Охирин хабаре ки шумо аз Зайд Саидов доред, чист?

Фирӯза Юнусова:
Ростӣ, хабари наве надорам. Он кас дар боздоштгоҳи Кумитаи амниятанд, дар онҷо касеро иҷозати даромадан намедиҳанд. Аз фарзандон касе ба аёдати ӯ нарафтааст.



Озодӣ: Пас аз ҳоли ӯ чигуна хабар меёбед?

Фирӯза Юнусова:
Тавассути адвокатҳо, ки пешаш медароянд. Ва баъд худаш баъзан мактуб менависад, ки ба дасти писари бузургаш Хайруллоҳ мерасанд ва мо аз Хайруллоҳ хабарҳоро мегирем.

Озодӣ: Оё мақомот бо шумо ҳам сарукоре доранд? Ба суроғи шумо меоянд ё даъвататон мекунанд барои бозпурсӣ?

Фирӯза Юнусова:
Бале, вақте нахустин парванда кушода шуд бо иттиҳоми бисёрзанӣ, ҳамон рӯзи 11 май тақрибан 20 нафар ба хонаи ман ҳам омада буданд барои кофтукоб.

Озодӣ: Аз шумо чӣ мехостанд?

Фирӯза Юнусова:
Гуфтанд, ки шумо ҳам яке аз хонумҳои Зайд Саидов мебошед. Ман гуфтам ки бо Зайд Саидов зиёда аз 10 сол боз ҳамчун зану шавҳар зиндагӣ надорам. Вале ӯ фарзандонашро напартофтааст, дар тарбияи фарзандонаш иштирок мекунад. Ман 3 писар дорам ва худатон медонед, ки тарбияи писарҳо хеле душвор аст. Агар падар набошад, панду насиҳати падар набояд, як худи зан аз ӯҳдаи тарбия баромада наметавонад.

Озодӣ: Нахустин иттиҳом алайҳи Зайд Саидов ҳамин буд, ки гуфтанд, ки 4 зан дорад. Шумо аз ин 4 зан хабар доштед ва аслан воқеъият дорад ин иттиҳом?

Фирӯза Юнусова:
Не. Ин туҳмат аст. Мо 3 нафарем. Зиндагии зану шавҳарӣ надорем дигар, вале муносибатҳои хуби инсонӣ дорем бо он мард. Ҳамин тавр, бо занҳои дигараш ҳам муносибатҳои хуби инсонӣ вар рафтуомад дорем. Бо ҳамаи фарзандҳои Зайд Саидов ҳам муносибати хуб дорем.

Озодӣ: Вақте шумо дар бозпурсиҳо гуфтед , ки ҷудо шудаед ва ба ҷуз инки аз фарзандонатон муроқибат мекунад, муносибати дигаре надоред, оё ба гапи шумо бовар карданд?

Фирӯза Юнусова:
Акнун ҳамин хел вонамуд карданд, ки бовар карданд, лекин боз ҳам, тавре гуфтам, дар санадҳо ҳамчун ҳамсар маро менависанд. Ҳатто суол карданд, ки корхонаро ва ин хонаҳоро чихел харидӣ? Охир, ин хонаҳо хеле барвақт харида шудаанд.

Озодӣ: Оё он хонумҳои дигареро, ки низ ҳамчун ҳамсарони Зайд Саидов муаррифӣ мешаванд, низ мисли шумо даъват карданд ба бозпурсӣ? Хабаре доред аз ин?

Фирӯза Юнусова:
Бале. Бо онҳо ҳам чунин рафтор карданд.


Озодӣ: Вақте одам аз одам ҷудо мешавад, махсусан вақте ки шумо мегӯяд, 10 сол боз зиндагӣ надоред, ҳатман ки хабари боздошташ зиёд барои шумо дарднок набуд. Чигуна қабул кардед ин хабарро?

Фирӯза Юнусова:
Не, барои ман ҳам хеле дарднок буд, чунки хуб ё бад, ман аз ӯ 3 фарзанд дорам. Баъд мо то ҳол ӯро ҳамчун як одами маорифпарвару ободкор ва ятимпарвар медонем. Боздошти ӯ барои мо ҳам бисёр дардовар буд.


Зайд Саидов

Зайд Саидов

Озодӣ: Бо оилаҳои дигараш, тавре гуфтед, ҳамеша рафтуомад доштед. Оё боздошти Зайд Саидов шуморо наздиктар кард ё чӣ?

Фирӯза Юнусова:
Бале, ҳамеша аз якдигар аҳвол мегирем.

Озодӣ: Бачаҳоятон чӣ мегӯянд?

Фирӯза Юнусова:
Барои бачаҳо ҳам хеле сахт шуд. Инҳо бисёр фахр мекарданд, ки фарзандони чунин инсоне ҳастанд. Чунки ҳама фақат таърифи ӯро мекарданд ва ҳамчун як инсони хоксору ҳалолкор ва поквиҷдон мешиносанд ӯро. Ва ӯ ҳамин хел инсон ҳам ҳаст.

Озодӣ: Вақте ба сари одам нохушӣ меояд, сарфи назар аз онки сиёсатмадор аст, ё тоҷир, одами номдор бошад агар, бисёриҳо кӯшиш мекунанд ки аз ин одаму наздикони ӯ парҳез кунанд. Эҳсоси шумо чист? Онҳое ки қаблан бо шумо буданд, ё бо Зайд Саидов ҷӯраю ба истилоҳ нонунамакхӯр буданд ё бо ӯ бизнеси муштарак доштанд, ҳамин одамҳо то ҳол дар атрофи шумо ҳастанд, кумакатон мекунанд ё пароканда шуданд ҳама?

Фирӯза Юнусова:
Рости гап, мо аз ҷиҳати иқтисодӣ муҳтоҷи кумаки касе нестем. Баъзе дӯстон мисли пештара бо мо наздик монданд, аз аҳволи мо мепурсанд, вале баъзеаш шояд ба ягон сабабе, ки барои мисол, тарс доранд ё чизи дигар, робитаашонро аз мо канданд. Ин, албатта, бисёр дардовар аст.

Озодӣ: Шумо оё интизоре доштед, ки ягон рӯз чунин рӯзе ба сари падари фарзандони шумо меояд?

Фирӯза Юнусова:
На, аслан. Чунки ман медонистам, ки ӯ ягон одами қонуншикан ё ҷинояткор, мисле ки ҳозир тасвираш мекунанд, нест.

Озодӣ: Пас, ба назари шумо, чӣ буд иллати зери зарба омаданаш?

Фирӯза Юнусова:
Ман ҳам фикр мекунам, ки инҷо далелҳои сиёсист. Вақте Зайд Саидов хост ки як ҳизби навро таъсис кунад ва мақсадаш ободии кишвар буд, ӯро нодуруст фаҳмиданд ва чунин фишорҳо шуд.

Озодӣ: Оё аз пеш эҳсос мешуд, ки халале дар муносиботи ӯ бо мақомоти баландпоя пеш омадааст?

Фирӯза Юнусова:
На, ман иттилоъе надоштам. Ӯ дар бораи ҳизб бо ман сӯҳбат ҳам накардааст. Вале ҳамааш баъди ҳизб сар шуд. То он дам ӯро яке аз соҳибкорҳои муваффақе мешумурданд, ки дар ободии шаҳр саҳми зиёд гузоштааст, меҳнати зиёд ҳам кардааст. Ӯ метавонист сармояеро ки дошт, дар ягон ҷои дигар, барои мисол, дар хориҷ аз кишвар сарф кунад. Лекин ӯ то охирин лаҳза фақат кӯшиш кард, ки барои миллати худ хидмат кунад.

Озодӣ: Дар бораи дороиҳои Зайд Саидов зиёд мегӯянд, ки инро дошту онро дошт, 13 ширкат гӯё доштаасту бизнеси муштарак бо русҳову аз ин чизҳо... Шумо аз ин бизнесҳои ӯ хабар доштед?

Фирӯза Юнусова:
Бале, хабар доштем ва медонистем, ки баъзе аз ин тиҷоратҳо муштарак буд ва баъзеаш – аз худи ӯ ва бо сармояе, ки ӯ аз соли 1993 то соли 1999, яъне то таъйин шуданаш ба мақоми раиси Кумитаи саноат, дар Маскав ҷамъ карда буд. Мо бо сармояи худамон омадем ба Душанбе. Ман ҳам тиҷорати худамро доштам дар Маскав. Маро дар Ожонси мубориза бо фасод ва додситонӣ бисёр пурсиданд дар бораи хонаҳое ки ба номи мананд. Ҳамаи ин хонаҳо ва як корхонаеро, ки ба номи ман буд, ҳабс кардаанд. Ҳарчанд ман ба онҳо гуфтам, ки ман худам дар бозори Черкизови Маскав тиҷорати худамро доштам, баъди бозгашти ман додарам онҷо кор кард. Ва ҳамаи чизе ки мо дорем, аз ҳамон давраи соҳибкориамон дар Маскав аст.

Озодӣ: Дар маҷмӯъ, чӣ қадар молу амволи шуморо ҳабс карданд?

Фирӯза Юнусова:
Як ҳавлие ки ба номи ман буд, ду хонаи сексия ва корхонаи “Ободкор”-ро. Вақте хонаи маро дар маҳаллаи 92 диданд, ҳайрон ҳам шуданд. Намедонам, онҳо барои худ чиро кашф карданӣ буданд ва аз ин одам чӣ сохтан мехостанд? Вале вақте диданд, ки ҳама ашёи хона кӯҳнаву фарсудаву худи хона таъмирталаб аст, ҳамин хел ҳам гуфтанд, ки мо фикр кардем, ин одам хеле зиндагии пурдабдаба дорад. Ман гуфтам ба онҳо, ки Зайд Саидов чунин набуд, баръакс ҳамеша мехост ки ба ягон бевазан кумак кунад, сари ягон ятимро сила кунад. Мо ҳама як зиндагии хоксоронае доштем.

Озодӣ: Чун шумо ҳам ки як бахши парвандаи бисёрзанӣ алайҳи Зайд Саидов ҳастед, табъан ки шумо ҳам ба додгоҳ даъват хоҳанд кард, оё худатонро барои дифоъ аз чунин шароит чигуна омода кардаед?

Фирӯза Юнусова:
Ростӣ, ман намедонам, чигуна аз худам дифоъ кунам? Ҳарборе ки маро бозпурсӣ мекунанд, ман мегӯям, ки ман ҳамсари Зайд Саидов нестам, вале дар варақаҳое ки ба ман доданд, дар бораи ҳабс шудани корхонаи “Ободкор” ва хонаҳоям, дар ин санадҳо ҳам маро ҳамсари Саидов муаррифӣ кардаанд. Ман ба ҳамаи суолҳояшон посух додам, лекин ягон умеде надорам, чунки инҳо корро чунин месозанд, ки тавре гуфтам, дар ҳамаҷо маро ҳамчун ҳамсари ӯ навишта кардаанд.

Озодӣ: Агар ин корхонаи “Ободкор” ва ин хонаҳоро ҳамчун моли муштарак аз шумо мусодира кунанду бигиранд, чӣ хоҳед кард?

Фирӯза Юнусова:
Мубориза мебарам ва собит мекунам, ки ин молу амвол аз заҳмати худи ман аст.

Озодӣ: Дар ин шароит пешбинӣ ё интизори шумо чӣ аст?

Фирӯза Юнусова:
Ман фикр мекунам, ки бояд адолат ғалаба кунад. Тавре мегӯянд:
Навмед набояд шудан аз гардиши айём,
Ҳар шом ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст.
(мегиряд) Бовар кунед, мушкил аст гап задан барои ман.

Озодӣ: Вақте Зайд Саидовро боздошт карданд, бисёриҳо мегуфтанд, шояд баъди ҳафтае озод шавад. Вале як , ду ва инак се ҳафта гузашту ӯ озод нашуд. Ин барои шумо ягон аломате ҳаст?

Фирӯза Юнусова:
Ман умед дорам, ки Зайд Саидов бояд озод шавад, чунки ӯ як одами ҳақҷӯст, на ҷинояткор. Бояд ҳақиқат ғалаба кунад. Агар ҳамон ҳақиқат бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG