Пайвандҳои дастрасӣ

Пайвандонаш барои Зайд Саидов, ки дар дафтари Ожонсии мубориза бо фасоди пойтахт бозпурсӣ мешуд, либос ва дигар лавозимоти лозим дар боздоштро бурдаанд.

Яке аз хешовандонаш шаби якшанбе ба "Озодӣ" гуфт, ки вайро озод карданӣ нестанд ва аз ин сабаб хостаанд, ки барояш чизҳои лозимро биоранд. Пеш аз ин Ожонс дар иттилоияе гуфта буд, ки Саидов боздошт нашудааст, балки варо ба ин идора барои пурсупос "даъват" кардаанд. Зайд Саидовро, ки соати сеи шаби 19 май аз Аврупо баргашт, билофосила аз фурудгоҳ ба идораи шаҳрии Ожонси мубориза бо фасод бурданд.

Шоми як шанбе гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав аз боздошти раҳбараш аз боздошти раҳбараш Зайд Саидов изҳори нигаронӣ кард ва ин қазияро сиёсӣ номид. Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони Нав аз боздошти, ба гуфтаи онҳо, “ногаҳонӣ”-и раҳбари ин гурӯҳ соҳибкори шинохта Зайд Саидов изҳори нигаронии "бағоят" карда, гуфтааст, ин амал аз ҷониби Ожонсии мубориза бо фасод “дарҳол зимни ба Ватан бозпас гаштани Зайд Саидов” ва “бо дағалона поймол шудани ҳуқуқҳои номбурда сурат гирифтааст.”

Гурӯҳи ташаббускор мегӯяд, бо гузашти беш аз 12 соат вакилони мудофеъаш "имкони на танҳо ширкат дар амалиёти мурофиавӣ, балки ҳатто робита бо ӯро надоранд.” Дар изҳорот ҳамчунин омадааст, ки Саидов “вакили маҷлиси вакилони шаҳри Душанбест ва аз ин рӯ расмиёти марбутае, ки ба хотири дахлнопазириаш кафолат дода шудааст, бояд риоя бишавад. Ҳолатҳои басо дағалона поймол шудани талаботи қонун бо мисолҳои мазкур маҳдуд намешаванд. Тафсилоти мавриди зикр ва муҳити то ба ҳол фарогири фаъолияти гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби сиёсии «Тоҷикистони Нав» аз вуҷуд доштани решаҳои сиёсии қазия далолат медиҳанд.”

Тоҷикистон нав мегӯяд, Барзу Абдураззоқ, ҳунарманди шинохтаи тоҷик ва Ҳоҷӣ Муҳаммад Умаров иқтисоддони маъруф ба ин гуруҳ пайвастанд.

Тоҷикистон нав мегӯяд, Барзу Абдураззоқ, ҳунарманди шинохтаи тоҷик ва Ҳоҷӣ Муҳаммад Умаров иқтисоддони маъруф ба ин гуруҳ пайвастанд.

Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони Нав фишор ба аъзои гурӯҳ ва қабл аз ҳама ба Зайд Саидовро “далели вазъи ногувори кишвар дар мавриди таъмини волоияти қонун ва риояи ҳуқуқу озодиҳои шахсиву шаҳрвандӣ” хонда, гуфтааст, чунин аксуламал азми онҳо барои сохтани ҳизбро “наметавонад заррае ҳам коҳиш бидиҳад.” Дар изҳорот омадааст, ки алорағми ин фишорҳо рӯзи 19 май коргардони маъруф Барзу Абдураззоқов ва профессори улуми иқтисод Ҳоҷимуҳаммад Умаров ва “чанд нафари дигар” ба сафи гурӯҳи ташаббускори ин ташаккули нав пайвастаанд.

Кофтукоб дар Шоҳмансуру Қаротегин ва "Соҳибкорон"

Ин дар ҳолест, ки бино ба гузориши хабарнигори "Озодӣ", мақомоти Ожонсии мубориза бо фасод рӯзи 19 май манзили Зайд Саидов дар маҳаллаи Шоҳмансур ва дафтари кори ӯ дар маркази тиҷории "Соҳибкорон"-ро кофтукоб кардаанд. Вакили мудофеъи ӯ Шӯҳрат Қудратов ва ҳам пайвандонаш ба "Озодӣ" тасдиқ карданд, ки мақомот имрӯз манзилҳои хешовандони Зайд Саидовро дар кӯчаи Қаротегин низ кофтукоб кардаанд. Вакили дигари Саидов - Фахриддин Зокиров- ба "Озодагон" гуфтааст, ки мақомот аз дафтари кори ӯ дар "Соҳибкорон" 5 компутар, 20 000 доллар пули нақд ва ду бастаи ҳуҷҷатҳоро бурдаанд. Бо ин ҳол, вакилонаш то поёни рӯзи якшанбе натавонистаанд бо Зайд Саидов мулоқот кунанд ё тамос бигиранд.

Зайд Саидов соати сеи шаби 19 май баъди пойин шудан аз парвози Франкфурт-Душанбе боздошт ва ба дафтари шаҳрии Ожонсии мубориза бо фасод бурда шуд. Аммо ин Ожонсӣ, ки алайҳи Саидов 3 иттиҳоми нав эълон кардаааст, мегӯяд, ӯ боздошт не, балки барои пурсупос ба ин идора "даъват" шудааст.

"Шояд забон биёбанд, шояд наёбанд..."

Қазияи боздошт ё ба истилоҳи Ожонсӣ, “даъват”-и Зайд Саидов дар маҳфилҳои Тоҷикистон вокунишҳои мухталиферо барангехтааст.

Як бахши таҳлилгарони масоили сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, таъқиби ин соҳибкор ба фаъолиятҳои сиёсии ӯ бастагӣ дорад ва мақомот бо ин фишорҳо мехоҳанд, Зайд Саидовро ба ягон муомила дар заминаи ибтикораш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав маҷбур кунанд. Ба ақидаи онҳо, шояд ба ӯ дар баҳои хатми парвандаҳо пешниҳод шавад, ки аз сохтани ин ҳизб даст бикашад. Ва зоҳиран маҷрои баъдии ҳодисотро рӯшан шудани ҳамин нукта муайян хоҳад кард, ки оқои Таҳлилгари тоҷик Парвиз Муллоҷонов созиши ҳукумат бо Зайд Саидовро аз эҳтимол дур намедонад.

Таҳлилгари тоҷик Парвиз Муллоҷонов созиши ҳукумат бо Зайд Саидовро аз эҳтимол дур намедонад.

аидов чунин муомиларо мепазирад ё ҳамчунон ба мавқеъи қаблиаш, ки мегуфт, ҳаргиз аз роҳи интихобкардааш бар нахоҳад гашт, пойфишорӣ хоҳад кард.

Аммо таҳлилгари дигари тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд: “Ояндаи қазия аз он вобаста аст, ки гуфтугӯи миёни Зайд Саидову тарафдоронаш бо ҳукумат чӣ шакле мегирад? Шояд ба ягон созиш бирасан. Шояд ҳизбашро ҳатто сабтином карда тавонад ё ҳадди ақал фаъолияти соҳибкориашро давом дода тавонад. Лекин дар бораи ояндаи Зайд Саидов ва ҳизби ӯ хеле ба душворӣ метавон пешгӯӣ кард, чунки дар воқеъ табиати пайдоишашро намедонем ва ҳам намедонем, ки чаро вокуниши ҳукумат нисбат ба ин гурӯҳ чунин тунд шуд.”




Бо ин ҳол, як гурӯҳи дигар дар маҳофил мӯътақиданд, ки фурсати гуфтушуниди Зайд Саидову тарафдоронаш бо ҳукумат алакай гузаштааст ва гумон аст, ки ба ӯ гузашти шоистае, ки ҳадди ақал бо ҳифзи обрӯ битавонад аз ин вазъият берун шавад, пешниҳод кунанд. Ба бовари онҳо, мақомот ғолибан қазияро то ба додгоҳ мекашонанд ва ин парвандаҳоро ҳамчун як намунаи мубориза бо фасод дар сутуҳи болоии ҳукумат муаррифӣ хоҳанд кард.

Сиёсатшинос Шокирҷон Ҳакимов ба нуктаи дигари қазияи Зайд Саидов ишора карда, мегӯяд, дар соли интихоботи раисҷумҳурӣ чунин боздоштҳо ба даъвоҳои ҳукумат мухолифат мекунанд: «Гумон намекунам, ки мақомот дар бораи мушкилоти ҷойдошта хабар надоштанд. Албатта, доштанд. Аммо чун пас аз тасмими таъсиси ҳизби сиёсӣ боздошту оғоз шудани парванда алайҳи Зайд Саидов сурат мегиранд, қазия сиёсӣ мешавад ва то як андоза ба кафили интихоботи шафоффу одилона ва демократӣ будани раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат менамояд. Ин ба имиҷи байналмилалии Тоҷикистон низ бетаъсир нахоҳад буд.»

Бо пои худ омада буд, пас чаро боздошт?

Бо ин ҳол, ҳуқуқдонҳои тоҷик мегӯянд, дар ҳоле ки Зайд Саидов худаш ба Тоҷикистон баргашт ва омода буд, ба пурсишҳои тафтишот посух гӯяд, аз фурудгоҳ бардошта бурдани ӯ ягон зарурати “оперативӣ” надошт. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик ва раҳбари созмони “Перспектива плюс” ба Озодӣ гуфт, Зайд Саидовро бисёриҳо огоҳ карда буданд, ки барнагардад, ки боздошт хоҳад шуд, вале ӯ Хонум Бобоназарова мегӯяд, ниёзе набуд ба боздошти Зайд Саидов ба ин шева.

Хонум Бобоназарова мегӯяд, ниёзе набуд ба боздошти Зайд Саидов ба ин шева.

удаш омад. Ба ин далел, мегӯяд, ин ҳуқуқдон, аз фурудгоҳ гирифтани нафаре, ки бо пои худ баргаштааст, маъно надошт: “Хуб мешуд, ки ӯ меомад, фардо даъваташ мекарданд расман ва худаш мерафт. Ин ҳам аз нигоҳи қонун ва ҳам аз нигоҳи гуманизм беҳтар буд. Агар ӯ ягон мақсади дигар медошт, метавонист наояд. Бисёриҳо маслиҳат ҳам дода будандаш, ки наояд. Ман ҳеҷ зарурати аз фурудгоҳ гирифта бурдани ӯро намебинам. Ҳамон вақт фавран дастгир мекунанд, ки агар хатари фирори он нафар мавҷуд бошад, ё ба тафтишот халал расонда тавонад. Фикр мекунам, ки бояд бо истифода аз механизми ҳуқуқӣ ӯро расман даъват мекарданд. Ҳол онки ӯ худаш омадааст.”



Вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов боз шудани парванда алайҳи муваккилаш Зайд Саидовро ғайриқонунӣ номид. Оқои Қудратов рӯзи якшанбе ба Озодӣ гуфт, Зайд Саидов вакили маҷлиси вакилони шаҳри Душанбест ва ҳамчун вакил аз ҳаққи дахлнопазирӣ бархӯрдор аст: «Барои оғоз кардани парванда, боздошт ва ё бозпурсии Зайд Саидов иҷозаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки ӯ узваш мебошад, лозим аст. Яъне бояд ҷаласа барпо ва иҷоза дода шавад. Зайд Саидов узви Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе аз Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон аст. Ӯ дахлнопазирии вакилӣ дорад, аммо ӯро дастгир карда, ҳоло бозпурсӣ мекунанд.»

Вакили дифоъ Шуҳрат Қудратов боздошти Зайд Саидовро "ғайриқонунӣ" медонад.

Вакили дифоъ Шуҳрат Қудратов боздошти Зайд Саидовро "ғайриқонунӣ" медонад.

Дар дастгоҳи ҳизби ҳокими халқӣ – демократии Тоҷикистон ба Озодӣ гуфтанд, ки то рӯшан шудани паҳлуҳои қазия аз изҳори назар худдорӣ мекунанд. Дар ҳамин ҳол, Милопар Бандишоев, муовини раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон гуфт, дар боздошти Зайд Саидов қонунгузории кишвар пурра риоя шудааст:
«Тибқи моддаҳои 21 ва 22-и қонун дар бораи вакилони вилоятиву шаҳриву ноҳиявӣ ваколати нисбати намояндагони ин маҷлисҳо оғоз кардани парвандаи ҷиноӣ ба зиммаи додситонии кулл ва додситониҳои зертобеъи он дар вилояту шаҳру навоҳӣ аст. Аз ин хотир, нисбати ин шахс, яъне Зайд Саидов парвандаи ҷиноӣ аз сӯи додситонии кулл оғоз шудааст.»

Дар ҳамин ҳол, Фаттоҳ Саидов, раҳбари Ожонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба ИТАР-ТАСС гуфтааст, "боздошти Зайд Саидов бо фаъолиятҳои сиёсии ӯ рабте надорад, балки ӯ ба ҷиноёти сангине, чун қаллобӣ, ришвахорӣ ва сӯъиистифода аз мақом айбдор мешавад.” Фаттоҳ Саидов гуфтааст, “дар соатҳои наздик... чораи пешгирӣ нисбат ба боздоштшуда – ҳабс ё забонхат дар мавриди берун нарафтан аз маҳалли зист (подписка о невыезде") низ эълон хоҳад шуд."

Таърихчаи боздошт ё "даъват"-и Зайд Саидов

Зайд Саидовро, ки соати сеи шаби 19 май аз Аврупо баргашт, билофосила аз фурудгоҳ ба идораи шаҳрии Ожонси мубориза бо фасод бурдаанд.

Ожонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон баъди чанд соат бо пахши як иттилоияинтиқоли Зайд Саидов аз фурудгоҳ ба идораи ин ниҳодро ҳамчун "даъват" муаррифӣ кард.Дар ин иттилоия, ки субҳи якшанбе пахш шуд, аз ҷумла омадааст, ки «дар истеҳсолоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ дар хусуси гумонбар донистани собиқ вазири саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Зайд Шерович дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои махсусан вазнин, аз қабили гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон (қисми 4 моддаи 319), қаллобӣ бо истифодаи мақомоти хизматӣ дар ҳаҷми махсусан калон (кисми 4 моддаи 247), сӯъиистифода аз ваколатҳои мансабӣ (моддаи 314) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дорад.»

Тибқи ин иттилоия, ин ҳолатҳо дар доираи тафтиши пешакии парвандаи ҷиноии Низомхон Ҷӯраев - собиқ вакили маҷлиси вилояти Суғд ва мудири пешини корхонаи кимиёвии шаҳри Исфара, ки тобеъи вазорати саноат мебошад, ошкор шудаанд.

Дар иттилоия ҳамчунин гуфта мешавад, "ба сабаби он ки аксари шоҳидони ҳаводис аз тафтишот ба хориҷи ҷумҳурӣ ӣ аз маконҳои зисти худ фирор кардаанд, ба хотири таҳқиқи воқеъиву пурра ва беғаразона зарур дониста шуд, ки мӯҳтарам Саидов Зайд Шерович аз фурудгоҳ ба ниҳодҳои Ожонсӣ оварда шавад ва ӯ худаш аз дафтари ниҳодҳои Ожонсӣ дар ин бора ба хешовандонаш тавассути телефон хабар дод." Аммо Ожонсӣ аз шарҳи бештар ба хотири махфӣ нигоҳ доштани сирри тафтишот худдорӣ намудааст.

Бино ба гузориши хабарнигори Озодӣ, Зайд Саидов аз соатҳои тақрибан севуними шаб дар идораи шаҳрии Ожонсии мубориза бо фасод қарор дорад.


Маҳмудҷон Қосимов ва Абдуғанӣ Абдуазимов, аз сарони Гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав

Маҳмудҷон Қосимов ва Абдуғанӣ Абдуазимов, аз сарони Гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав

Зайд Саидов субҳи якшанбе бо ҳавопаймои "Сомон Эйр" аз Аврупо ба Душанбе баргашт. Маҳмудҷон Қосимов, муовини раҳбари Гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав рӯзи якшанбе дар сӯҳбат бо «Озодӣ» гуфт, мақомоти Оҷонсии фасод ба писари Зайд Саидов гуфтаанд, ки падарашро баъд аз посух додан ба чанд пурсиш ҷавоб хоҳанд дод. Дар ҳамин ҳол, оқои Қосимов аз он нигаронӣ кард, ки мақомот ба Исҳоқ Табаров ва Шӯҳрат Қудратов, вакилони мудофеъи Зайд Саидов иҷозаи мулоқот бо ӯро надодаанд.

Хабарнигорони Озодӣ аз фурудгоҳ хабар доданд, ки бо вуҷуди борони шадид дар Душанбе, ба пешвози ин соҳибкори муваффақ ва вазири собиқи саноат, ки дар пайи эълони азмаш барои таьсиси ҳизби Тоҷикистони нав дар моҳи апрел таҳти таъқиб қарор гирифт, аьзои гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав, як идда аз шахсиятҳои шинохта, чун шоира Гулрухсор ва ҳомии ҳуқуқ Ойниҳол Бобоназарова, ва наздикони Саидов ба фурудгоҳ омада буданд, вале ӯ аз фурудгоҳ берун наомад.

Раиси пешини Шӯрои анҷуманҳои соҳибкории Тоҷикистон Зайд Саидов аз 11 май ба унвони раиси Федеросиюни тенниси рӯи мизи Тоҷикистон дар раъси як ҳайъати варзишкорони тоҷик ба манзури ширкат дар Ҷоми ҷаҳонӣ дар Пориси Фаронса қарор дошт. Хабарнигорони Озодӣ гузориш доданд, ки аъзои ин даста аз фурудгоҳ берун шуданд, вале худи Зайд Саидов дар дохили фурудгоҳ монд.

Баьдан хабар расид, ки вайро билофосила ба Оҷонсии мубориза бо фасод бурдаанд. Ин ниҳод рӯзи 10 май зидди ширкати “Тоҷ-Сохтмон Байналмилал”, ки бунёди баландтарин бинои пойтахт – “Душанбе-Плаза”-ро бар ӯҳда дошт, бо иттиҳоми “азхудкунии молу мулки ғайр, дар ҳаҷми калон ва сохтакории санадҳои муҳосибӣ” парванда боз кардааст.



Таври маълум, баъди азмаш барои ташкили ҳизби Тоҷикистони нав зидди Зайд Саидов чандин парванда боз кардаанд.

Ҳама чиз аз Тоҷикистони нав сар шуд...

Рӯзи 11 май дафтари матбуоти додситонии шаҳри Душанбе хабар дод, ки алайҳи соҳибкори шинохта Зайд Саидов “бо моддаи 170 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои серзанагӣ, яъне зиндагонӣ кардан бо якчанд зан муқаррар менамояд, рӯзи 11 майи соли 2013 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.” Моддаи 170 Қонуни ҷиноии Тоҷикистон ҳамчун ҷазои бисёрзанагӣ то 2 сол корҳои ислоҳӣ ё ҷарима ба маблағи аз 1000 то 2000 маоши ҳадди ақал (то 80 000 сомонӣ)-ро пешбинӣ кардааст.

Мақомоти додситонӣ рӯзи 11 май манзилҳои марбут ба Зайд Саидов дар Душанберо ҷустуҷӯ карда, чанде аз наздикони ӯро барои бозҷӯӣ ба додситонӣ бурданд. Ба дунбол, Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон низ шоми 11 май эълон кард, ки аз рӯзи 10 май алайҳи ширкати “Тоҷ-Сохтмон Байналмилал” бо иттиҳоми “азхудкунии молу мулки ғайр, дар ҳаҷми калон ва сохтакории санадҳои муҳосибӣ” парванда боз кардааст. Ин ниҳод “Тоҷ-Сохтмон Байналмилал”-ро ба “изофанависӣ” ба маблағи қариб 2 миллион сомонӣ, муодили беш аз 400 000 доллар айбдор мекунад.

Ин мавҷи парвандаҳо алайҳи вазири собиқи саноати Тоҷикистон Зайд Саидов дар ҳолест, ки ӯ рӯзи 6 апрел бо ҷамъе аз ҳамфикронаш аз азми худ барои ташкили ҳизби Тоҷикистони нав хабар дод. Гурӯҳи ташаббускори Тоҷикистони нав рӯзи 10 май дар як нишасти хабарӣ аз таҳдид ба ҷону моли Зайд Саидов хабар дода, гуфт, ба ӯ тавассути паёмак таҳдид кардаанд, ки агар аз фикри сохтани ҳизб даст накашад, алайҳаш “чора” хоҳанд андешид. Ин гурӯҳ ҷустуҷӯи манзилҳои Зайд Саидов ва бозпурсии наздиконашро фишори сиёсӣ унвон кард ва гуфт, ҳеҷ навъ фишор ва боз кардани парванда алайҳи раиси ин гурӯҳ, наметавонад онҳоро аз масирашон мунҳариф кунад. Худи Саидов низ ин иттиҳомотро ба ибтикораш барои сохтани ҳизби Тоҷикистони нав марбут медонад ва радд мекунад.

Зайд Саидов 54 сол дошта, соли 1999 бо саҳмияи 30-фоизаи мухолифин раиси кумитаи саноат таъйин шуд ва аз соли 2001 то оғози 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд. Баъди барканориаш аз мақом ба соҳибкорӣ баргашт. Зайд Саидов соли 2012 раиси Шӯрои анҷуманҳои соҳибкорони Тоҷикистон интихоб шуд. Аьзои ин Шӯро 12 май дар пасманзари таьқиботи саршуда зидди раисаш ин ниҳодро ба сурати осемасарона барҳам доданд.

Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав дар баробари Зайд Саидов, Шавкат Бозоров, раиси Анҷумани менеҷерони миллии Тоҷикистон, Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, Абдураҳим Алиев, раиси Анҷумани истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон, Сангинбой Сангинов, узви академияи илмҳои кишоварзӣ, Маҳмудҷон Қосимов, ҳуқуқшинос ва муовини собиқи вазири кор ва муовини низ пешини раиси гумрук, Ҷамшед Ҳафизов, муовини раиси ширкати "Тоҷ-Сохтмон-Байналмилал", Мавҷуда Соҳибназарова, рӯзноманигори мустақил ва коршиноси масоили иқтисодӣ Бахтиёр Баҳодуровро дар бар мегирифт. Ҷамшед Ҳафизов ахиран аз ин гурӯҳ канор гирифт. Ҳафизов дар мусоҳиба, ки дар нашрияи "Фараж" чоп шуд, дар шарҳи ин тасмим гуфт, аз як сӯ, тамоми аҳдофи пешгузоштаи ҳизби навро дар паёми ахири раисиҷумҳур пайдо кард ва аз сӯи дигар, наздиконаш ҳам ба ӯ гуфтаанд, ки : "Ҷамшед, ба ту чӣ намерасад?"

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG