Пайвандҳои дастрасӣ

Номи Зайд Саидов дар ҷӯяндаи Google дар ним сония зиёда аз 50 ҳазор матлабро гирдоварӣ мекунад, ки ин ҳафта ба нашр расидаанд.

Шахсе хост, ҳизби сиёсӣ таъсис диҳад ва ба вокуниши зиёда аз ҳадде рӯбарӯ шуд. Парвандаҳои ҷиноӣ, кофтукови манзил, таҳдидҳои телефонӣ, баёнияҳои интиқодӣ...

Агар ин вокунишҳо иттифоқ намеафтод, шубҳаи он ки талоши соҳибкори муваффақ ва вазири собиқ Зайд Саидов ба таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” эҳтимол як “тарҳ”-и интихоботии ҳукумат аст, дар сархатти сӯҳбати коршиносон боқӣ мемонд.

ПРОЕКТИ ҲУКУМАТ?

Аз он ҷо ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон рақиби асосии ҳизби ҳоким шумурда мешавад, пой ба арса гузоштани Зайд Саидов ақидаеро ба миён овард, ки ҳадаф тақсими раъйи наҳзатиён ва интихобкунандагони минтақаи муайян аст.

Чунин формула метавонист далели нозуктар ва амиқтар шудани технологияҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон бошад. Коршинос Парвиз Муллоҷонов иқрор кард, ки фикри ӯ низ ба ҳамин самт рафта буд, аммо пас аз вокунишҳои пайдарпайи ниҳодҳои давлатӣ, вай бештар пешбиниҳои носаҳеҳи коршиносони Саидовро сабаби доғ шудани қазия донист.

Вале бархе аз таҳлилгарон бо ишора ба “камзарар” ва бештар “ғавғоӣ” будани вокунишҳо ҳамоно бар инанд, ки пас аз муддате ҳизби нав ва ҳукумат бо ҳам канор хоҳанд омад, чун ин як "гашти тактикист". Аммо худи Зайд Саидов дар сӯҳбате бо Радиои Озодӣ, рӯзи 17-уми май ин гумонҳоро беасос номид: “Ман ҳеҷ гоҳ дурӯя набудам. Ростӣ ва иродаи ман ба ҳеҷ пулу мансаб фурӯхта ё иваз карда намешавад. Ман танҳо хостам, як кори хайре дар чаҳорчӯби тавоноии худ барои миллат ва ватанам, ки сарбаландию обрӯмандияшро мехоҳам, анҷом диҳам.”

Бо вуҷуди ин шубҳаи “проект” эҳтимолан то дер вақт боқӣ хоҳад монд, агар ин ё он тараф иқдоми фавқулодае аз худ нишон надиҳад.

ДАСТИ БЕРУНА?

Вазорати адлия сабабе хоҳад ёфт, ки ҳизби навро сабти ном накунад? Таҳлилгар Муллоҷонов мегӯяд, мумкин аст, ҳизби Саидов номнавис шавад, аммо барои ин бояд “сӯитафоҳум”-е, ки дар миён аст, аз байн равад. Бахусус агар Саидов “исбот карда тавонад, ки ягон кишвар ё абарқудрати хориҷӣ дар пасаш нест. Аммо ҳоло чизе гуфта намешавад, зеро иттилои кофӣ дар дасти мо нест. Шояд дар «боло»-ҳо иттилоъ дигар аст.»

Бархе аз таҳлилгарони дигар низ ба “нофаҳмӣ” ё “суитафоҳум” дар “болоҳо” ишора мекунанд. Бидуни зикри ном, ҷаноби Саидов гуфт, баъзе аз намояндагони мақомотро аз ташаббуси худ пешакӣ огоҳ карда буд, аммо на ба маънои гирифтани ризоияти таъсиси ҳизб. “Сӯҳбатҳои дӯстонае” низ шудаанд, ки Зайд Саидов аз эълони таъсиси ҳизби нав худдорӣ кунад. Аммо ӯ инро ҳаққи қонунии худ ва ҳамроҳонаш донистааст. Суоле боқӣ мемонад, ки агар Саидов бо “болоҳо” машварат мекард ва ҳадафҳои худро шарҳ медод, барояш ризоият ё иҷозаро медоданд? Оё ӯ манфиатдор буд, ки чунин иҷоза барояш дода шавад?

Раиси маркази таҳлилии “Бозтоб” Раҷаби Мирзо дар робита ба "дасти беруна" ошкоро ба Русия ишора мекунад, ки ҳоло равобиташ бо Тоҷикистон ҳамвор нест ва аломат ҳам надодааст, ки дар интихобот аз номзади ҳизби ҳоким ҳимоят хоҳад кард. Зайд Саидов мегӯяд, шояд иштибоҳи ӯ буд, ки дар арафаи эълони таъсиси ҳизб ба Теҳрон ва Маскав сафар кард. “Аммо ин сафарҳо сирф тиҷоратӣ буданд ва ман моҳе чанд чунин сафарҳо дорам,” – гуфт ӯ.

Ҳамзамон, агар мақомот далелҳое дар бораи “дасти беруна” медоштанд, ба ҷои “парвандаи серзанагӣ” кайҳо аз онҳо истифода мекарданд.

БЕТАҶРИБАГИИ СИЁСӢ?

Мегӯянд, чӣ зарур буд, як тоҷири комёб, ки худ бо заҳматҳои сахте худро сохтааст ва ба иқтисоди Тоҷикистон 20 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст, ҷонаш, аҳли оила ва дороияшро зери хатар гузорад? Ин ҳам дар ҳоле, ки бисёриҳо мегӯянд, сарвати Саидов "аз осмон наафтода", балки бо меҳнати шоқа ба миён омадааст. Писари ӯ, Хайрулло Саидов ба Радиои Озодӣ гуфт, падараш модарзод бе як даст ба дунё омада ва падар ба ҷуз аз чӯпонӣ пешаеро муносиби ӯ намедонист: "Ҳар вақт, ки дар деҳаи дурдасти мо масъалаи чӯпон пеш меомад, бобоям он касро мефиристодаанд, аммо падарам баҷоӣ фирор кардаву ба мактаб мерафтаанд ва сахт мехондаанд. Барои аз чунин деҳаи дур ба Душанбе омада, бо заҳматҳои худ хондаву ба чунин савия расидан, марди худодод бояд буд. Пастию баландии зиёдеро дид."

Ҳарчанд Зайд Саидов мегӯяд, чунин вокунишҳоро интизор надошт, вай касе нест, ки аз вазъи феълии кишвар ё аз сиёсат ноогоҳ бошад. Ҳанӯз аз солҳои 1993 ӯ зимни наздикияш бо раҳбарияти Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон дар нахустин даврҳои муколамаи ғайрирасмии давлат ва мухолифон, мавсум ба “музокироти Дортмунд” ширкат дошт ва сипас бо оғози гуфтушуниди сулҳи тоҷикон узви ҳайати Иттиҳоди оппозисюни тоҷик буд. Профессор Иброҳим Усмонов дар хотираҳояш менависад, гоҳе дар ин музокирот, ҳарчанд аксари аъзои ҳайати мухолифон ба созиш омода мешуданд, Зайд мегуфт, чунин санадро имзо намекунад ва гуфтушунид ба таъхир меафтод.

Аз сӯе ҳам Саидов, ки дар соли 1999 тибқи саҳмияи 30-дарсадии мухолифон раиси Кумитаи саноат таъин шуд, аз ангуштшумор афроде аз ин саҳмия буд, ки то соли 2007 дар вазифааш монд ва дар ин байн кумитаро ба вазорат ҳам табдил дод. Вай дар бисёре аз сафарҳо чӣ ба хориҷ ва чӣ дар дохили кишвар раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамроҳӣ мекард ва бино бар хислатҳои некаш бо ӯ ва дигар аъзои ҳукумат робитаи ҳасана бунёд намудааст. Онҳое, ки Зайд Саидовро аз наздик мешиносанд, медонанд, ки ӯ инсони накӯкор аст ва ба эҳтимоли қавӣ то эълони таъсиси ҳизби сиёсӣ душмани хусусие надошт.

Ҳоло агар гуфтаҳои таҳлилгар Парвиз Муллоҷоновро ба ёд орем, ки шояд коршиносони Зайд Саидов дар ҳисобҳои худ ба иштибоҳ роҳ додаанд, оё метавон шубҳа варзид, ки ӯ вокуниши эҳтимолиро пешбинӣ накардааст? Аз сӯе ҳам замони эълони таъсиси ҳизб – дар соли интихоботи президентӣ ва бо иддаои ширкат накардан дар ин интихобот суолбарангез нахоҳад буд? Худи Саидов мегӯяд, ҳадафи ҳизби ӯ омодагӣ ба интихобот порлумонии соли 2015 аст. Аммо “Тоҷикистони нав” номгузорӣ шудани ҳизб ба он маъност, ки вай ва тарафдоронаш хостори дигаргуниҳо ва тағйири “мафкура, ҷаҳонбинӣ ва муносибатҳо”-янд: “Тоҷикистоне, ки имрӯз омораш бо воқеият рост намеояд, тавлидаш ҷавобгӯи рушди иқтисодиёт нест, вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоияш барои зиндагии шарафмандонаи мардумаш мусоид нест, андешаи Тоҷикистонро навро ба миён овардааст.”

ВА-БАНК?

Аз он ҷо, ки дар сӯҳбатҳои Зайд Саидов беш аз ҳама масъалаҳои рушди иқтисодӣ, афзоиши тавлиди дохилӣ ва фаъолияти озодонаи соҳибкорон такрор мешаванд, ин ҳадсро низ метавон зад, ки ӯ аз мушкилоте марбут ба фаъолияти соҳибкории худ ва ҳампешагонаш шадидан нороҳат аст. Вай мегӯяд, талошҳояш барои расондани паём ба гӯши ҳукумат аз тариқи созмонҳои иҷтимоӣ натиҷа надодаанд ва таъсиси ҳизби сиёсиро муассиртар дидааст. Ин эҳтимол низ дар миён аст, ки бархе аз соҳибкорон барои ҳифзи шуғл ва дороии хеш аз таарруз даст ба сиёсат мезананд. Дар бораи соҳибкори собиқ ва акнун мухолифи оштинопазири ҳукумат Умаралӣ Қувватов, ки ҳоло дар маҳбаси Дубай аст, низ гуфта мешавад, ки хост, сиёсатро ба сипари фаъолиятҳои тиҷоратии худ табдил диҳад.

Ба ҳар тартиб, сарнавишти ҳизби нав ва муҳимтар аз он сарнавишти худи Зайд Саидов ба таври якмаъно рӯшан нест. Ин матлаб дар ҳоле навишта шуд, ки вай аз Фаронса озими Тоҷикистон буд ва бархе боисрор аз ӯ мехостанд, барнагардад, чун дар кишвар ҳокимияти қонун нест ва бархе ҳамчунон боисрор аз ӯ мехостанд, баргардад, чун ҷои ӯ дар ватан, дар рӯбарӯи мушкилоти ватан аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG