Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯрои ҳамоҳангсози Зайд Саидовро барҳам доданд


Некрӯй Забиров

Некрӯй Забиров

Шӯрои ҳамоҳангсозии анҷуманҳои соҳибкорони Тоҷикистон дар як ҷаласаи изтирорӣ ин ниҳодро барҳам дод.

Некрӯй Забиров, раҳбари гурӯҳи ташаббускор 13 май ба радиои Озодӣ гуфт,ки дар нимаи аввали рӯз бо ширкати 60 дарсади соҳибкорони Ассосиатсияҳои Шӯро ба нишони нокифоягӣ дар фаъолияти раҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ин Шӯро барҳам дода шуд Оқои Забиров афзуд, ки ин як созмони ҷамъиятӣ буда ва намояндагони Шӯро тибқи қонунгузорӣ, яъне банди 8-уми Оинномаи Шӯро ҳақ доранд, ки бо орои бештар аз нисфи аъзо ин Шӯроро барҳам диҳанд.

Некрӯй Забиров сабаби барҳам додани Шӯроро норозигӣ аз фаъолияти раисаш Зайд Саидов номид . Аммо оқои Забиров аз посух ба ин суол,ки нукоти аслии норозигии аъзо чист, худдорӣ кард. Ҳамин тавр, бидуни ширкати раиси Шӯрои ҳамоҳангсози анҷуманҳои соҳибкорон Зайд Саидов, ки феълан бо сафаре дар Фаронса қарор дорад, Шӯро барҳам дода шуд, ки ба маънои ба таври автоматикӣ барканор шудани раисаш низ ҳаст.

Некрӯй Забиров гуфт, ин тасмим бидуни фишор аз сӯи кадом мақоми болоии ҳукумати кишвар гирифта шудааст. Ӯ афзуд, аз 10 май ба ин тараф барои барҳам додани Шӯро имзо ҷамъ мекард.


Зайд Саидов

Зайд Саидов

Шӯрои ҳамоҳангсози анҷуманҳои соҳибкорони Тоҷикистон 59 созмону анҷуманҳои соҳибкориро фаро мегирифт. Соли гузашта Зайд Саидовро ба ҷои Некрӯй Забиров раиси ин Шӯро интихоб карданд.

Оқои Саидов дар моҳи апрел аз азми худ барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав хабар дод. Ба дунбол, додситонии шаҳри Душанбе рӯзи 11 май хабар дод, ки алайҳи Зайд Саидов бо иттиҳоми «бисёрзанӣ» парванда боз кардааст. Ҳамон рӯз Ожонси зиддифасод низ эълон кард, ки аз 10 май алайҳи ширкати «Тоҷсохтсохтмон Байналмилал», ки оқои Саидов яке аз моликонаш ба шумор меравад, бо иттиҳоми қариб 2 миллион сомонӣ изофанависӣ дар сохтмони «Душанбе-Плаза» парванда кушодаанд.

Худи Зайд Саидов ин иттиҳомотро бепоя ва марбут ба ташаббусаш барои сохтани ҳизби нави сиёсӣ меномад.

Боз шудани парвандаҳо алайҳи раҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистон нав Зайд Саидов вокуниши маҳофили коршиносии кишварро ба бор овардааст.

Сайфуллоҳ Сафаров, муовини мудири Маркази таҳқиқоти стротегии Тоҷикистон дар вокуниш ба ифтитоҳи парвандаҳо алайҳи Зайд Саидов гуфт: «Албатта, мо наметавонем ба кори намояндагони ҳифзи ҳуқуқ дахолат кунем, вале ҳамчун шаҳрванд аз оқибатҳои сиёсии ин корҳо барои амнияти миллӣ ва давлатиамон дар ташвишам. Мардуми таҷрубадори сиёсӣ низ масъаларо хуб қабул накардаанд ва орзуи онро доранд, ки президенти кишвар вазъияти пешазинтихоботиро ба назар гирифта, дар ҳаллуфасли ин ҳодисаи баҳсбарангез ягон қарори оқилонае қабул мекунад, ки ҷомеаро ором менамояд.»


Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони маъруфи тоҷик мегӯяд, агар дастури боз шудани парванда алайҳи Зайд Саидов аз боло бошад, ин бар зарари ҳукумати Тоҷикистон аст ва ҳукумат рӯз то рӯз тарафдорони худро аз даст медиҳад.

Хонум Бобоназарова ба ин назар аст, ки агар Додситонӣ талош мекунад, ки алайҳи чунин ашхос амал намояд, бояд бар рӯи қонунгузории кишвар амал кунад ва алайҳи афроде, ки масалан ба соҳибкор Зайд Саидов таҳдид карданд, парванда кушоянд, на ин ки алайҳи як нафаре, ки барои беҳбуди кишвар талош дорад, айбҷӯӣ намояд.

Ин ҳуқуқдони тоҷик гуфт, "ман руйхати аъзои ин ҳизбро дидам, ки дар ҳизби «Тоҷикистони нав» чеҳраҳои барҷаста, олимони шинохта ҷамъ шудаанд ва ҳадафи онҳо кӯмак ба ҳамин давлат ва ба ҳамин ҷомеа мебошад. Дар он ҳизб иқтисоддонҳои шинохта ва шоиста ҷамъ шудаанд. Агар ҳукумат ҳамин тавр бархӯрд кунад, ин хилофи қонунунгузории худи Тоҷикистон ва хилофи меъёрҳои байналмиллалӣ аст.

Ба назари Исмоил Раҳматов, коршиноси тоҷик ва устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия:

«Фазои муборизаи сиёсӣ ҳамин аст, мухолифони ин ҳизби нав намехоҳанд, ки дар саҳнаи сиёсӣ дар остонаи интихоботи президентӣ боз як рақиби дигар дошта бошанд. Инро натанҳо ҳизби Халқӣ демократӣ намехоҳад, шояд мавқеи ҳизбҳои дигар низ ҳамин бошад. Ман ҳайронам, ки чаро масъулини ин ҳизб ду сол қабл ҳизби худро созмон надоданд, маҳз чанд моҳ қабл аз баргузории интихоботи президентӣ онро таъсис додаанд ва боз мегӯянд, ки онҳо дар иинтихоботи президентӣ ширкат намекунанд. Шояд ин як тактикаи ҳукумат ва намояндагони ҳамин ҳизб бошад, ман ҳамин хел фикр мекунам."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG