Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, танҳо як иттиҳом дар айбномаи расмии Зайд Саидов ба маъное нест, ки ин ниҳод аз таҳқиқи иттиҳомоти дигар алайҳи ин соҳибкор даст бардошта бошад.

Як муфаттиши Ожонси зидди фасод, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 3 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, бо гузашти 10 рӯз аз оғози тафтишоти пешакӣ алайҳи Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раиси гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав танҳо тибқи модаи 319 и Кодекси ҷиноӣ айбномаи расмӣ эълон шудааст. Вале, афзуд ӯ, гурӯҳи тафтишотӣ баробари ҷамъ овардани асноди кофӣ шояд иттиҳомоти дигар, назири сӯъиистифода аз мақом ва қазияи хусусигардонии корхонаи «Тоҷикатлас»-ро низ ба айбномаи Зайд Саидов биафзояд.

Ожонси зидди фасод ҳанӯз рӯзи 29 май, бо гузашти 10 рӯз аз боздошти Зайд Саидов айбномаи ӯро эълон кардааст, ки танҳо як банд дорад ва то ҳол нашр нашуда буд. Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъи Зайд Саидов рӯзи 3 июн ба радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи тафтишоти пешакии парвандаи Зайд Саидов, муфаттишони Ожонси зидди фасод Зайд Саидовро бар асоси қисми 4 уми моддаи 319 Кодекси ҷиноӣ (додану гирифтани ришва дар ҳаҷми махсусан калон) айдор карданд. Ин айбнома бар асоси нишондоди Низомхон Ҷӯраев, мудири собиқи корхонаи кимиёвии Исфара будааст.

Пас аз эълони боздошт ва оғози таҳқиқоти пешакӣ, мақомоти тафтишотӣ муваззафанд, дар зарфи 10 рӯз бояд айбномаи шахси боздоштшударо эълон кунанд.

Зайд Саидов ин ва иттиҳомоти дигари алайҳайш эълоншударо радд карда, гуфтааст, таъқиби ӯ ба азмаш ба таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав рабт дорад.

Низомхон Ҷӯраев баъди чанд соли фирор моҳи апрели соли 2012 ба таври ногаҳонӣ ва то ҳол мармуз ба Душанбе баргашт ва ба гуфтаи манобеъи огоҳ, дар дафтари Ожонси мубориза бо фасод ба сар мебарад. Аммо мақомоти ин идора мегӯянд, ки Низомхон Ҷӯраев ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ қарор дорад.

Қаблан бар асоси шаҳодатҳои Низомхон Ҷӯраев, Эмом Ғоибов ва Одил Очилов, раҳбар ва муовини сардори кумиссиюни тафтишотии парвандаи машҳури “исфарагиҳо», боздошт шуда, Додгоҳи олии Тоҷикистон як моҳ пеш Нур Нуров, додраси мурофиаи “исфарагиҳо” ва ду нафари дигарро ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон кард.

Муфаттиши Ожонси зидди фасод, ки нахост номаш бурда шавад, ба Радиои Озодӣ ҳамчунин гуфт, қаблан Зайд Саидовро бо Низомхон Ҷӯраев рӯ ба рӯ карданд ва Ҷӯраев иддао карда буд,ки Зайд Саидов дар вақти вазири саноат буданаш аз ӯ ҳудуди 100 ҳазор доллар пора гирифтааст. Ҳамсӯҳбати мо афзуд, феълан Зайд Саидов танҳо бар асоси ҳамин ваҷҳ айбдор дониста шудааст, аммо танҳо додгоҳ маълум хоҳад кард, ки дар ҳақиқат ин амал сурат гирифтааст ё не.

Милопар Бандишоев, муовини раиси Ожонси зидди фасод қаблан иддао карда буд,ки сухан дар бораи 100 000 доллар нест, балки Зайд Саидов дар замони вазириаш гӯё Ҷӯраевро маҷбур кардааст, ки корхонаи “Тоҷикатлас”-ро ба ӯ бидиҳад. Ба гуфтаи Бандишоев, Низомхон Ҷӯраев, ки ҳамчун мудири корхонаи кимиёвии Исфара зердасти Саидов буд, чораи дигаре ба ҷуз аз розӣ шудан ба ин муомиларо надошт.

Зайд Саидов соли 1999 бар асоси саҳмияи 30-дарсадии мухолифин раиси Кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуда, аз соли 2001 то 2007 вазири саноат буд.

Дар авоили моҳи май додситонии шаҳри Душанбе алайҳи Зайд саидов бо иттиҳоми бисёрзанӣ парванда боз карда, Ожонси зиддифасод низ аз ифтитоҳи парванда алайҳи ширкати «Тоҷсохтмон байналмилал» бо иттиҳоми изофанависӣ дар ҷараёни сохтмони «Душанбе-Плаза» хабар дода буд. Вале дар бора ба куҷо расидани тафтиши ин иттиҳомот дигар хабаре нашр нашудааст. Фахриддин Зокиров, як вакили дигари Зайд Саидов рӯзи 3 июн ба Озодӣ гуфт, тафтиши пешакии иттиҳоми бисёрзанӣ аз сӯи додситонии Душанбе низ ҳамчунон идома дорад.

Зайд Саидов соати сеи шаби 19 май баъди бозгашт аз сафари Аврупо дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд. Рӯзи 20 май маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе бо аксарияти оро дахлнопазирии вакилии ӯро бекор кард. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 22 май ҳукми ҳабси Саидов барои 2 моҳи ояндаро содир кард.

Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки парвандаҳои алайҳи Зайд Саидов рабте ба фаъолияти сиёсии ӯ надорад, балки таҳқиқаш як сол боз идома дошт. Фаттоҳ Саидов гуфтааст, ки парвандаи Зайд Саидовро то ду моҳи дигар ба додгоҳ хоҳанд супурд.

Аммо Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав иттиҳомоти алайҳи раҳбарашро сиёсӣ мехонад. Як гурӯҳи аҳзоби мухолиф ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар чаҳорчӯби Эътилофи тозаташкилшуда барои демократия ва ҳуқуқи башар низ як кумитаи вижаи дифоъ аз ҳуқуқи Зайд Саидовро ташкил кардаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG