Пайвандҳои дастрасӣ

Бо боздошти Зайд Саидов, вазири собиқи саноат ва аз мубтакирони аслии ҳизби “Тоҷикистони нав”, ҳоло сарнавишти ин ҳизб номаълум мемонад ва зоҳиран санадҳояш ҳам барои сабти ном то ба вазорати адлия намерасанд.

Қарор буд, рӯзи 26 май анҷумани муассисони ҳизб баргузор шавад, вале баъди боздошти Зайд Саидов, баъзе аз аъзои гурӯҳи ташаббускори Тоҷикистони нав ё аз бими таъқиб ва ё “насиҳати дӯстон” аз раъйи хеш гашта ва аз сафи гурӯҳ хориҷ шудаанд.

Ғавғову ҳаёҳуе, ки баъди эълон дар бораи таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав, матбуоти кишвар барпо кард, баъди боздошти Зайд Саидов фурӯ нишастааст ва ҳоло хабарҳо фақат дар бораи иттиҳомот алайҳи Зайд Саидов аст ва ҳам пароканда шудани тадриҷии гурӯҳи ташаббускори ҳизб. Аввал аз он менавиштанд, Зайд Саидов ҳамчун соҳибкори пухта ва ҳамақидаҳояш имконоту зарфияти ба даст овардани дили оммаҳои васеъ ва ҳам ислоҳот дар иқтисоди бемори кишварро доранд, аммо ҳоло фақат дар бораи иттиҳомоти ҷиноӣ алайҳи Зайд Саидов менависанд ва дар бораи онки кадоме аз ёрони ин соҳибкор аз гурӯҳи ташаббускор “мегурезанд.” Воқеан яке пайи дигар аз гурӯҳи ташаббускор хориҷ шудани теъдоде аз соҳибкорону донишмандон ва муҳимтар аз ҳама боздошти Зайд Саидов, сарнавишти ҳизби Тоҷикистони навро зери суол бурдааст ва ин андешаҳоро дар зеҳнҳо барангехтааст, ҳукумат мехоҳад, ин “ҷанини нохостаи сиёсиро” таваллуд нашуда бикушад.

Гурӯҳи ташаббускори ҳизб рӯзи сешанбе гуфт, ки бо назардошти вазъи пешомада, анҷумани муассисони ҳизб ба вақти номуайян ба таъхир гузошта шуд. Қарор буд, то чанд рӯзи дигар, яъне рӯзи 26 май анҷумани муассисони ин ҳизб дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, вале онгуна, Мавҷуда Соҳибназарова, ки худаш эъломи ташкили ҳизбро дар ҳузури хабарнигорони ҳаяҷонзада хонда буд, ба Радиои Озодӣ гуфт, анҷуман рӯзи 26 май баргузор нахоҳад шуд ва онро ба вақти номуайян ба таъхир гузоштанд. Қабл аз ин чанде аз аъзои гурӯҳ эълон кардаанд, ки бо “ихтиёри худ” аз гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав хориҷ мешаванд. Ҳарчанд ин афрод гуфтаанд, ки бо иродаи худ чунин тасмим гирифтаанд, аммо зоҳиран бими таъқиб аз тарафи мақомоти интизомӣ ва ба сарнавишти Зайд Саидов гирифтор нашудан, онҳоро аз раъйашон гардондааст.

Дигар усуле, ки барои аз байн бардоштани гурӯҳи ташаббускори Тоҷикистони нав истифода кардаанд, “насиҳатҳои дӯстонаест”, ки мақомоти амниятӣ ба аъзои гурӯҳ додаанд. Ҷамшед Ҳафизов, муовини раиси ширкати “Тоҷиксохтмон байналмилал”, ки аввалин шуда аз сафи ҳамақидаҳои Зайд Саидов ҷудо шуд, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ касе ӯро маҷбур накардааст, аз гурӯҳи ташаббускорони ҳизби Тоҷикистони нав ҷудо шавад. Дар посух ба ин суол, ки чаро аввал ба ин гурӯҳ пайвастед, чунин гуфт: “Аз аввал ки мо бо ҳамин мард, 6 сол нону намакхӯр будем, гапша не нагуфтем, даромадем, дидем, ки ягон оянда ҳам надораду, гапи зиёдатӣ ҳам надорад. Паёми ҷанобро (паёми раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба порлумон) хондем, фикрҳои сиёсатшиносона хондем, ҳеҷ чиз, ягон маъно надорад. Барои ҳамин аз ҳуқуқи худ истифода бурда, баромадем. “

Ҷамшед Ҳафизов дар посух ба ин суол, ки воқеан шуморо касе насиҳат накард, ки аз ин гурӯҳ хориҷ шавед, гуфт, “не не не бародар, на телефонӣ ва на бе телефон ин гуна гапҳо набуд.” Баъди Ҷамшед Ҳафизов, панҷ нафари дигар ҳам ба ӯ пайравӣ карданд, бо шумули Абдураҳим Алиев, раиси Анҷумани истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон, Шавкат Бозоров, раиси Анҷумани менеҷерони миллӣ, Сангинбой Сангинов, узви академияи илмҳои кишоварзӣ ва Бахтиёр Баҳодуров, коршиноси мустақил, ки дар рӯзи эъломи ҳизб дар бари Зайд Саидов нишаста буданд.

Аммо айни замон Барзу Абдуразоқов, коргардони шинохта ва Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодони маъруф аз азми худ барои пайвастан ба гурӯҳи ташаббускори Тоҷикистони нав хабар додаанд. Вале бо вуҷуди ин ба гуфтаи Мирҳусайн Назриев, сиёсатмадор ва раиси ҷиноҳи сабти номнашудаи Ҳизби Сотсиалист, ҳукумат, ки андешаҳои тозаро қабул надорад, намегузорад, то ҳизби наве ба саҳна биёяд: “Ҳар нафаре, ки мехоҳад фаъолияти сиёсӣ дошта бошад, барои ӯ бояд ягон монеа эҷод нашавад. Вале чун низоми сиёсии Тоҷикистон фасодзада аст ва ҳамин иллат барои рушди демократия садди оҳанин меофарад, шояд аз ҳамин лиҳоз, онҳоро ба баҳонаҳои ночиз сабти ном накунанд. “

Гурӯҳе аз тоҷирону донишмандони тоҷик бо раҳбарии Зайд Саидов, вазири саноати пешин ва тоҷири шинохта, моҳи апрел эълон карданд, ки мехоҳанд ба хотири ислоҳот дар кишвар, ки ба мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ гирифтор шудааст, ҳизбе бо номи Тоҷикистони нав таъсис диҳанд. Аммо баъди ин мақомот Зайд Саидовро ба бисёрзанӣ ва чанд ҷинояти сангини дигар муттаҳам карда ва рӯзи 19 май дастгираш карданд.

Мавқеъи худи мақомоти расмии Тоҷикистон ҳам дар бораи пайдоиши ҳизби наве бо номи Тоҷикистони нав аз мақолаҳои матбуоти расмӣ ҳувайдост ва бахусус аз мақолае дар “Садои Мардум”, минбари порлумони Тоҷикистон, ки дар он омадааст: “Агар созмондиҳандагони ин ҳизб дарк карда бошанд, ки бисёрҳизбӣ нишонаи рушду такомул аст, хато мекунанд. Бисёрҳизбӣ бесарусомониро ба вуҷуд меорад. Ва имрӯз касе нагуфтааст, ки ниёз барои таъсиси чунин ҳизб дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG