Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмудҷон Қосимов: Моро шикаста наметавонанд


Маҳмудҷон Қосимов
Маҳмудҷон Қосимов

Раҳбари кумитаи дифоъ аз Зайд Саидов имрӯз, 31 май дар як гуфтугӯи видеоӣ бо Радиои Озодӣ аз сарнавишти ҳизби Тоҷикистони нав ва раҳбари Гурӯҳи ташаббускораш Зайд Саидов сӯҳбат кард.

Маҳмудҷон Қосимов гуфт, бо вуҷуди фишорҳои афзоянда Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав ба азми худ устувор аст ва аз роҳаш бар нахоҳад гашт. Оқои Қосимов таъқибу боздошти раҳбари ин гурӯҳ Зайд Саидовро таъқиби сирф сиёсӣ унвон кард ва гуфт, ҳадаф шикастани иродаи ӯву тарафдоронаш буд, вале ин ҳама сели таъқиб баръакс ба сафи ҳаводорони онҳо меафзояд.

Оё Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав дар чунин шароит чӣ мавқеъеро пеша хоҳад кард? Назари ин гурӯҳ ба қазияи Зайд Саидов чист? Ва оё Кумитаи дифоъ аз Зайд Саидов барои ҳимоят аз ин соҳибкор ва сиёсатмадор чӣ коре карда метавонад?

Ин ва суолҳои дигари марбут ба таҳаввулоти сиёсии Тоҷикистон дар сӯҳбати видеоии Озодӣ бо Маҳмудҷон Қосимов, муовини раиси Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав ва раҳбари Кумитаи дифоъ аз Зайд Саидов матраҳ шуданд. Гардонандаи сӯҳбат – Искандари Хоҷамирзода.


Навори ин гуфтугӯ дар Ютюб дар бахши Ozodivideo дар нишонии http://www.youtube.com/watch?v=FJr94D8JoSc&feature=youtu.be низ қобили дарёфт аст.


Маҳмудҷон Қосимов: Зайд Саидовро танҳо нахоҳем гузошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:20:08 0:00
Зайд Саидов бо ҷамъе аз ҳамфикронаш рӯзи 6 апрел аз азми худ барои таъсиси як ҳизби марказгаро хабар дод. Қарор буд, рӯзи 26 май анҷумани муассисони ҳизби Тоҷикистони нав доир шавад.

Аммо рӯзи 11 май, вақте Зайд Саидов дар сафари Аврупо буд, мақомот манзилҳои ӯро кофтукоб ва наздиконашро бозпурсӣ карданд. Ҳамон рӯз хабар доданд, ки додситонии шаҳри Душанбе алайҳи ин соҳибкори шинохта бо иттиҳоми бисёрзанӣ парванда боз кардааст. Ожонси мубориза бо фасод ҳамон рӯз эълон кард, ки алайҳи ширкати “Тоҷ-сохтмон байналмилал”, ки ба Зайд Саидов марбут дониста мешавад, бо иттиҳоми изофанависӣ дар ҷараёни сохтмони “Душанбе-Плаза” парванда кушодааст. Зайд Саидов ин иттиҳомотро радд карда, гуфт, ки ин ҳама решаҳои сиёсӣ дорад ва ба азми ӯ барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав рабт мегирад.


Аёдати омбудсмен Зариф Ализода аз Зайд Саидов дар боздошт
Аёдати омбудсмен Зариф Ализода аз Зайд Саидов дар боздошт
Зайд Саидов гуфт, барои исбот кардани бегуноҳиаш ба Тоҷикистон бармегардад, вале ӯро субҳи 19 май аз фурудгоҳи Душанбе боздошт карданд. Ожонси мубориза бо фасод ба дунол ӯро ба порагириву сӯъиистифода аз мақом айбдор мекунад. Анҷумани ҳизби Тоҷикистони нав низ ба далели боздошти раҳбараш рӯзи 26 май доир нашуд.

Баъди боздошти Зайд Саидов чанд нафар гурӯҳи ташаббускори Тоҷикистони навро тарк карда, дар иваз чанд тани дигар ба нишони ҳамраъйӣ ба ин ҳизби ҷадид пайвастанд. Дар Интернет ҳам як маъракаи густардаи ҳимоят аз соҳибкори боздоштшуда идома дорад. Вале мақомот мегӯянд, боздошти Саидов ба фаъолияти сиёсии ӯ рабт надорад ва парвандааш то 2 моҳи дигар ба додгоҳ хоҳад рафт.

Вобаста

XS
SM
MD
LG