Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси қазияи Зайд Саидов дар мулоқоти ёвари дабири кулли СММ бо Рамазон Раҳимов


Иван Шимонович

Иван Шимонович

Ёвари дабири кулли СММ Иван Шимонович қазияи Зайд Саидовро бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов дар миён гузошт.

Иван Шимонович - ёвари муншии СММ рӯзи 22 май ба Озодӣ гуфт, ки пас аз огоҳ шуданаш аз қазияи Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаи тоҷик ва раиси гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав қазияи ӯро дар мулоқоташ бо вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов баррасӣ кардааст. «Ман ин масъаларо бо вазири корҳои дохила муҳокима кардам. Ӯ гуфт, ки дар боздошт ва ҳабси Саидов вазорати корҳои дохилӣ дахл надошт, вале ин масъаларо бо дигар мақомоҳои Тоҷикистон матраҳ мекунад,» - гуфт афзуд ёвари муншии СММ Иван Шимонович.


Иван Шимонович таъкид кард, ки аз ин қазия танҳо субҳи имрӯз хабар ёфт ва дар мулоқотҳояш бо намояндагони дигари мақомоти давлатии Тоҷикистон низ масъалаи Зайд Саидовро баррасӣ хоҳад кард. Ҳамчунин вай афзуд, ки СММ низ дар алоҳидагӣ қазияи Зайд Саидовро хоҳад дид. Қабл аз мулоқот бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Иван Шимонович дар дидораш бо ҷомеаи мадании Тоҷикистон аз тарафи намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари ин кишвар аз сарнавишти Зайд Саидов огоҳ шудааст.

Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони «Перспектива-плюс» рӯзи 22 май пас аз анҷоми ин мулоқот ба радиои Озодӣ гуфт, бо ёвари муншии СММ Иван Шимонович нақзи ҳуқуқи Зайд Саидов, раиси ҳизби сабтиномнашудаи «Тоҷикистони нав»-ро ҳамроҳ бо намояндагони созмонҳои дигари дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон матраҳ кардаанд.

Ойниҳол Бобоназарова гуфт, ки намояндаи баландмақоми СММ-ро аз нақзи ҳуқуқҳои Зайд Саидов шурӯъ аз аз лаҳзаи боздошташ дар фурудгоҳи Душанбе, то замони лағви дахлнопазириаш дар маҷлиси ғайринавбатии вакилони маҷлиси шаҳри Душанбе дар ҷараён гузоштааст. Вай мегӯяд, ки мувофиқи қонунҳои маҳалливу байналмилалӣ ин амали мақомоти Тоҷикистон «ғайриқонунӣ» мебошад.

- Дар мулоқот бо Иван Шимонович таъкид кардем, ки таи ду рӯзи авали боздошташ вакилони мудофеъ натавонистанд бо зерҳимояи худ Зайд Саидов Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова

мулоқот кунанд. Ин амали ғайриқонунӣ буд, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ роҳ дода шуд, - гуфт Ойниҳол Бобоназарова дар сӯҳбат бо Озодӣ. Вай гуфт, ки дар ин мулоқот ҳамчунин роҷеъ ба ғайриқонунӣ будани тасмими маҷлиси шаҳри Душанбе оиди бекор шудани масунияти Саидов дар баробари қонунҳо хабар додааст.

«Дар сӯҳбат мо гуфтем, ки ҳуқуқи конститутсионии Зайд Саидов доир ба «эҳтимоли бегуноҳӣ» дағалона аз ҷониби расонаҳои давлатӣ вайрон шуда истодааст. Мувофиқи қонун танҳо суд ҳуқуқи истисноии гунаҳкорр эълон кардани шахсро дорад. Гузашта аз ин, мақомот бо вуҷуди дахнопазирии вай ҳамчун вакили маҷлиси шаҳри Душанбе ӯро ба ҳабс гирифтанд ва баъдан вакилони ин маҷлис бидуни ҳузури вай дахнопазириашро лағв карданд,»- гуфт
Ойниҳол Бобоназарова ба Радиои Озодӣ.

Ёвари муншии СММ Иван Шимонович дар доираи як сафари дурӯзааш шоми 21 май вориди Душанбе шуд. Дар назар аст, ки Иван Шимонович бо ваколатдори ҳуқуқи башар Зариф Ализода ва бо додситони кулл Шерхон Салимзода низ мулоқот кунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG