Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Раҳимов: "Тоҷикатлас" аз ман буд, на аз Зайд Саидов


Зайд Саидов
Зайд Саидов

Дилшод Раҳимов мегӯяд, корхонаи “Тоҷикатлас”-ро дар вақташ ӯ харида ва фурӯхтааст, на Зайд Саидов.

Дилшод Раҳимов, соҳибкори тоҷик ва бародарзодаи вазири собиқи саноат Зайд Саидов мегӯяд, Низомхон Ҷӯраев қазияи харидуфурӯши корхонаи “Тоҷикатлас”-ро нодуруст тафсир мекунад.

Зайд Саидов рӯзи 19 май баъди бозгашт аз сафари Аврупо дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд. Мақомоти Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон бар асоси нишондоди мудири собиқи корхонаи кимиёвии Исфара Низомхон Ҷӯраев ӯро ба сӯъиистифода аз мақом, қаллобӣ ва порагирӣ айбдор мекунанд. Бино ба иддаои Ҷӯраев, Зайд Саидов ҳангоми вазири саноат буданаш корхонаи “Тоҷикатлас”-ро аз ӯ гирифт ва ӯ ҳамчун зердаст илоҷи дигаре ба ҷуз аз додани ин корхонаро надошт. Низомхон Ҷӯраев ҳамчунин иддао дорад, ки Зайд Саидов аз ӯ 100 000 доллар пора гирифтааст.


Дилшод Раҳимов дар бораи қазияи Зайд Саидов ва харидуфурӯши "Тоҷикатлас"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:02 0:00
Линки мустақим

Ожонси зиддифасод мегӯяд, дар робита ба қазияи “Тоҷикатлас” аз як шаҳрванди Ветнам бо номи Хоанг Ван Хиеп низ шикоят гирифтаанд, ки мегӯяд, афроди Зайд Саидов таҷҳизоти ин корхонаро бо таҳдид ғасб кардаанд. Бино ба гузорише, ки телевизиони давлатии Тоҷикистон нашр кард, феълан ба ҷои корхонаи “Тоҷикатлас” “Хонаи Эрон” амал мекунад, ки ба Шеърдӯст ном як шаҳрванди он кишвар тааллуқ доштааст.

Аммо Зайд Саидов иттиҳоми даст доштани ӯ дар ғасби “Тоҷикатлас” ва иттиҳомоти дигари алайҳаш эълоншударо радд карда мегӯяд, ин ҳама таъқибу боздошти ӯ ба азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав бастагӣ дорад. Зайд Саидов рӯзи 6 апрел аз таъсиси Гурӯҳи ташаббускори ин ҳизби марказгаро хабар дод, вале дар моҳи май, вақте ӯ дар сафари Аврупо буд, алайҳаш якбора чанд парванда кушоданд.

Дилшод Раҳимов дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, танҳо нақши амакаш дар муомилоти атрофи “Тоҷикатлас” ин буда, ки Зайд Саидов дар харидан ва баъдан дар фурӯхтани ин корхона ба ӯ кумак кардааст.

Дилшод Раҳимов: Вақте Зайд Саидов боздошт шуд, ман дар барои анҷоми корҳои тиҷориам дар хориҷ будам. Ин хабар, ростӣ, хеле нороҳатам кард. Чунки ҳар куҷое ки мешиштем, ҳама аз ин бародари мо хеле розӣ буд.

Озодӣ: Як иттиҳоми асосӣ дар парвандаи Зайд Саидов қазияи “Тоҷикатлас” аст ва гуфта мешавад, ки ин корхона ба номи шумо будааст. Ҳамин корхона чигуна ба дасти шумо расид?

Дилшод Раҳимов:
Ростӣ, ман аз соли 1993 дар Маскав кор мекардам, соҳиби пулу мол ҳам будам. Ва ҳар вақте бо акаам менишастем, мегуфтам, ки то кай дар ин ғарибӣ бигардем? Корхонае ҳаст дар ҳамин Тоҷикистон, ки бигирему ободаш кунему кораш бифармоем?

Озодӣ: Ин кадом сол буд?

Дилшод Раҳимов:
Соли 2006.

Озодӣ: Низомхон Ҷӯраев гуфтааст, ки гӯё ин корхонаро аз дасти вай ба зӯр гирифтаанд. Дуруст аст ин?

Дилшод Раҳимов:
Не, дуруст нест, чунки ман худам аз Маскав пул фиристода будам. Бародарам ин пулро бурда, ба дасти Абдусамад Саидов дод ва корхонаро ба номи ман карданд.


Зайд Саидов дар боздошт
Зайд Саидов дар боздошт
Озодӣ: Яъне муомилаи шумо бо Низомхон Ҷӯраев набуд?

Дилшод Раҳимов:
Не, ман аслан ун шахсиятро тамоман намешиносам. Номашро нав ёд гирифтам.

Озодӣ: Пас Абдусамад Саидов кӣ буд?

Дилшод Раҳимов:
Дар ҳамон санаде ки корхонаро ба номи ман гардонданд, номи Абдусамад Саидов аст. Баъд аз матбуот фаҳмидем, ки ӯ гӯё ронандаи Низомхон Ҷӯраев будааст.

Озодӣ: Амаки шумо он вақт вазири саноат буд ва бисёриҳо шояд чунин фикр кунанд, ки дар асл корхонаро шояд худи Зайд Саидов харида бошад ва ба номи шумо кардааст? Ба ҳар сурат, мақомоти тафтишотӣ чунин фикр мекунанд.

Дилшод Раҳимов:
Ҳар кас фикри худро дорад, лекин корхонаро ман харида будам. Ман, шукр, худам сармоя дорам, дар Маскав ҳам хона дорам. Шароити молиам хуб аст. Чизи ҳеҷ каси дигарро ба номи худам намекунам ман. Касе инро мегӯяд, хато мекунад.

Озодӣ: Тиҷорати муштарак ҳам надоштед ягон вақт бо Зайд Саидов?

Дилшод Раҳимов:
Касеро мехоҳанд, бипурсанд. Тиҷорати ман аз ҳамон соли 1993 ба амакам рабте надорад. Ман ба роҳи худам будаму ӯ ба роҳи худаш. Албатта, мешуд рӯзе, ки ӯ аз мо пул қарз мегирифт, рӯзе мешуд, ки мо аз ӯ мегирифтем, вале тиҷорати мо комилан алоҳида буд. Мо ҳар кадомамон мустақил будем аз нигоҳи молӣ.

Озодӣ: Ва ин пуле ки “Тоҷикатлас”-ро харидед, пули худи шумо буд?

Дилшод Раҳимов:
Бале, пули худам буд. Дар Маскав ҳама медонанд, ки фақат вақти бастани бозори Черкизов молҳои ман ба маблағи 1 миллиону 300 ҳазор доллар дар дохили бозор банд монд, ман як тинашро ҳам аз мақомоти Русия гирифта натавонистам. Ман худам, шукри Худо, сармояи хуб дорам.

Озодӣ: Мақсадатон аз харидани “Тоҷикатлас” чӣ буд?

Дилшод Раҳимов
: Ман дар тӯли солҳои зиёд ба фурӯши моли текстили туркӣ машғул будам ва мехостам бо шарикони туркам дар онҷо як фабрикаи тавлиди свитер бисозам. Аммо вақте Черкизбозорро бастанд, каме қарздор шудам ва маҷбур шудам, ки “Тоҷикатлас”-ро бифурӯшам.

Озодӣ: Ба кӣ ва чигуна?

Дилшод Раҳимов:
Ҳолати молиам ки бад шуда буд, амакамро зорӣ кардам, ки ҳаминро як бало карда фурӯш. Аввал 60 фоизашро ба қазоқҳо фурӯхтем, вале онҳо ҳам натавонистанд корхонаро гардон кунанд. Ва баъди онки онҳо як муштарии эрониро ёфтанд, ҳамаашро фурӯхтему тамомаш кардем.

Озодӣ: Зайд Саидов дар ин ҳама қазияи харидуфурӯши “Тоҷикатлас” чӣ нақше дошт?

Дилшод Раҳимов:
Фақат ҳамин ки мехост ба мо кумак кунад. Нақши дигаре надошт. Бисёр як корхонаи хуб аст, соҳибаш арзон мефурӯшад, ки гуфт, ман ҳам харидамаш. Харидану фурӯхтани як корхона магар ҷиноят аст? Ин бизнес аст, як чизро имрӯз мехарӣ, пагоҳ мефурӯшӣ ё ба фоида, ё ба зарар.

Озодӣ: Шумо ки як шоҳиди асосиед дар қазияи “Тоҷикатлас”, оё омода ҳастед, ки барои шаҳодат додан ба Душанбе биравед?

Дилшод Раҳимов:
Шаҳодати асосӣ ҳамон санадҳост. Ман ки харидамаш, барои ин шаҳодат медиҳам.Ман барои чизе ки харидаам, ҷавоб мегӯям. Он амаки бечораи мо дар ин қазия рабте надорад охир.Мо ягон ҷиноят накардаем. Як чизро харидем, ин чӣ ҷои гуноҳ дорад? Агар як амнияту кафолати тафтиши одилона бошад, меравам, ҳарфамро мезанам, ки ин моли ман буд.

Озодӣ: Қаблан ҳам шуморо бозпурсӣ карда буданд дар ин робита?


Низомхон Ҷӯраев
Низомхон Ҷӯраев
Дилшод Раҳимов: Бале. Соли 2007, вақте раҳматии падарам гузашт, рӯзи дигараш маро бурда буданд ба амният ва пурсиданд, ки Низомхон Ҷӯраевро мешиносӣ? Гуфтам ки на Низомхонро мешиносам, на Ҷӯраевро. Гуфтам, ки мо пулро ба Абдусамад Саидов додем ва он корхонаро ӯ ба номи ман кард.

Озодӣ: Вақте Зайд Саидов боздошт шуд, ба суроғи шумо ҳам омаданд?

Дилшод Раҳимов:
Ман дар мусофират будам, ки хонаамро хеле кофтукоб карданд. Дигар дар ташвиш уфтодам ва метарсам, ки баргардам.

Озодӣ: Ин ташвиши шумо аз чист? Аз инки қазия сиёсӣ шудааст?

Дилшод Раҳимов:
Бале, аз ҳамин чизҳо. Гуноҳи амакамонро ҳам намедонем ки чист?

Озодӣ: Аммо агар замонате бошад, ки тафтиш одилона сурат хоҳад гирифт, бармегардед ба Душанбе?

Дилшод Раҳимов:
Ба шарте ки одилона бошад, меравам, чаро не? Меравам ва шоҳидӣ медиҳам, ки ин моли ман буд. Агар як чизро харидану фурӯхтан ҷиноят бошад, ман ҷавобамро медиҳам. Вале чизеро харидан ё фурӯхтан дар Тоҷикистон магар ҷиноят аст? Ман дар ин ҷинояте намебинам.
XS
SM
MD
LG