Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лағви "визаи фурудгоҳӣ" барои эрониҳо дар Тоҷикистон


Тоҷикистон додани виза ё раводиди сафар ба шаҳрвандони Эронро дар фурудгоҳи Душанбе қатъ кардааст. Мақомот мегӯянд, панҷ моҳ боз визаи электронии Тоҷикистон барои 80 кишвари дунё, аз ҷумла Эрон роҳандозӣ шудааст ва бояд мусофирон қабл аз сафар ин санадро дастрас кунанд.

Бекор шудани “визаи фурудгоҳӣ” барои шаҳрвандони Эрон ба ҳеҷ ваҷҳ эҷоди маҳдудияти вуруди онҳо ба Тоҷикистон нахоҳад буд.

Ширкати “Осмон”-и Эрон ба фурӯшандаҳои билет дастур додааст, ки аввал визаи мусофиронро дида, сипас барояшон чипта диҳанд. Рустам Қурбонов, корманди “Осмон” дар Душанбе, рӯзи 24 октябр гуфт, "дар парвози рӯзи панҷшанбеи гузашта аз Эрон ба Тоҷикистон, ба далели надоштани визаи Тоҷикистон, чиптаи 40 мусофир бекор карда шуд."

Вафо Ниятбеков

Вафо Ниятбеков

Вафо Ниятбеков, сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, гуфт, далели ин тасмим ҷорӣ шудани визаи электронӣ аст, ки шаҳрвандони Эрон метавонанд бидуни рафтан ба консулгариҳои Тоҷикистон ва анҷоми расмиёти дигар тавассути Интернет, визаи сайёҳӣ бигиранд. “Яъне, бекор шудани "визаи фурудгоҳӣ" барои шаҳрвандони Эрон ба ҳеҷ ваҷҳ эҷоди маҳдудият барои вуруди онҳо ба Тоҷикистон нахоҳад буд”, - таъкид дошт ӯ.

Аз 1 июни имсол дар Тоҷикистон портали нав барои судури визаи электронӣ “e-Visa” (www.evisa.tj) фаъол гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, визаи электронӣ ба шаҳрвандони 80 кишвари ҷаҳон, ки Тоҷикистон нисбат ба онҳо реҷаи соддаи додани визаро муайян кардааст, ба муддати то 45 рӯз дода мешавад. Муроҷиаткунандаҳо бо пешниҳоди маълумоти дахлдор ва пардохти 50 доллар аз тариқи кортҳои бонкии боэътимод, назири VISA ва MasterCard визаи Тоҷикистонро тавассути почтаи электронии худ дарёфт кунанд.

Лағви судури «визаи фурудгоҳӣ» барои эрониёне, ки қасди сафар ба Тоҷикистонро доранд, дар ҳоле сурат мегирад, ки равобити дар солҳои гузашта хуби Душанбеву Теҳрон дар ин авохир дучори танишҳо шудаанд. Як нуқтаи авҷи ин танишҳо моҳи декабри соли 2015, дар пайи ба ҳамоиши “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон даъват шудани раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ва дар ҳошияи ин ҳамоиш мулоқот кардани ӯ бо раҳбари рӯҳонии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ буд.

Дар баҳори соли равон дар бораи манъи воридоти чойи хушк, гӯшти паранда ва гӯшти қимаю дигар навъи маҳсулоти ширкатҳои Эрон ба Тоҷикистон низ гузориш шуд. Утоқ (палата)-и бозаргонӣ, саноеъ, маъдан ва кишоварзии Эрон бо пахши як иттилоия гуфт, Тоҷикистон ҷониби Эронро огоҳ кардааст, ки бидуни барчаспҳо бо ҳуруфи сириллик иҷозаи содироти молу колои эронӣ ба Точикистон дода намешавад.

Абдуфаттоҳи Ғоиб

Абдуфаттоҳи Ғоиб

Аммо Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ навишт, ки маҳдудияти ҷоришуда дар роҳи воридоти молҳои эронӣ ба сифати пасти ин маҳсулот рабт мегирад: “Маҳдудиятҳо нисбати воридоти молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар робита ба ҳолатҳои аз ҷониби Агентии “Тоҷикстандарт” надодани сертификати мутобиқат ба як қатор маҳсулоти хӯрокаи пастсифат аз қабили чой, гӯшти паранда, қима аз гӯшти парранда ва ғайра ба миён омадааст.”

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси мустақил мегӯяд, сиёсати Тоҷикистон дар заминаи бастани дар ба рӯи Эрон ва боз кардани он ба рӯи Арабистону кишварҳои арабӣ ба манфиати кишвар нахоҳад буд. Ӯ гуфт, "бекор шудани "визаи фурудгоҳӣ" барои шаҳрвандони Эрон ба равобити ин ду кишвар таъсири манфӣ мерасонад, ки ба фоидаи Тоҷикистон нест. Зеро Эрон баъди бардошта шудани таҳримҳо метавонад ба Тоҷикистон кумакҳои иқтисодӣ кунад. Дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ ин гуна кумакҳо хеле заруранд."

Эрон қабл аз ин танишҳо, бахусус дар даврони раёсатҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод, ки бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон муносиботи хеле наздики дӯстона дошт, аз ҳамкорони умдаи ҳукумати Тоҷикистон ба шумор мерафт. Чанд тарҳи бузург, аз ҷумла нақби “Истиқлол” дар ағбаи Анзоб ва нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” бо сармояи Эрон сохта шудаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG