Пайвандҳои дастрасӣ

Посухи Эрон ба эътирозҳои Душанбе: Хоҳони таниш нестем


Сироҷиддин Аслов (рост) бо Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ. Акс аз торнамои сафорати Эрон дар Тоҷикистон

Сироҷиддин Аслов (рост) бо Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ. Акс аз торнамои сафорати Эрон дар Тоҷикистон

Сафири Эрон баъд аз супурдани номаи расмии Муҳаммадҷавод Зариф ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, гуфтааст, ки Теҳрон дар шароити ҳассоси кунунӣ дар канори Душанбе хоҳад буд.

Эрон баъди бештар аз ду ҳафтаи эътирози расмии Тоҷикистон барои даъват ва иштироки Муҳиддин Кабирӣ – раиси ҳизби мамнӯи наҳзат дар ҳамоиши "Ваҳдати исломӣ" дар Теҳрон посухи расмӣ додааст. Бино ба иттилои сафорати Эрон дар Душанбе, рӯзи 14 январ номаи Муҳаммадҷавод Зариф – вазири корҳои хориҷии он кишвар ба Сироҷиддин Аслов – вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таслим шудааст. Ҷузъиёти ин нома то ҳол дастрас нест ва то кунун Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам дар ин бора ибрози назар накардааст.

Вале бино ба иттилои торнамои расмии сафорати Эрон, Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ – сафири Ҷумҳурии Исломӣ рӯзи 14 январ бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот карда ва гуфтааст, ки кишвараш хоҳони таниш бо ҳеч кишвар нест. Дар иттилоияи сафорати Эрон гуфта мешавад, оқои Фағонӣ таъкид кардааст, ки "оромиш ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ва ҳамкорӣ барои ҷилавгирӣ аз рушди ифротгароӣ дар минтақа хостаи мо аст."

Сафири Эрон, инчунин, гуфтааст, "мо ҳамонгуна, ки дар солҳои гузашта ва дар шароити сахт бо ҳадафи ҳифзи оромиш ва ваҳдат дар канори миллат ва давлати Тоҷикистон будаем, дар шароити ҳассоси кунунӣ ҳам барои муқобила бо рушди ифротгароӣ дар ин кишвар ва кулли минтақа омодаи ҳамкорӣ ҳастем."

Пеш аз ин, рӯзи 12 январи соли ҷорӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Исломӣ тарҳи "Мувофиқатномаи ҳамкории амниятӣ ва низомӣ миёни Эрону Тоҷикистон"-ро ба тасвиб расонд. Ин мувофиқатнома, ки аз муқаддима ва 11 модда иборат аст, ҳамкории Эрону Тоҷикистонро дар бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, терроризм, муқобила бо нерӯҳои кишвари севум дар қаламрави тарафҳо, мубориза бо қочоқи маводи муххадир, силоҳ, инсон ва ҷиноятҳои кибернетикӣ дар бар мегирад.

Аммо дидор сафири Эрон бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нахустин мулоқоти мақомҳои ду кишвар пас аз танишҳои ба вуҷудомада дар пайи баҳси даъвати Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба конфронси байналмилалии "Ваҳдати исломӣ" дар Теҳрон аст. Тоҷикистон, ки Эронро солҳо боз яке аз шарикони муҳим ва дар баробари Русияву Чин аз сармоягузорони аслияш медонист, баъди баргузории ҳамоиши “Ваҳдати исломӣ” дар охирҳои моҳи декабр ин кишварро ба ҳимоят аз мухолифони таҳти пайгардаш муттаҳам кард.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, бар хилофи он ки Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар ҷустуҷӯи байналмилалист ва барои ташкили ошӯбҳои моҳи сентябри соли гузашта муттаҳам мешавад, Эронро ӯро ба ҳамоиш даъват ва ӯро дар паҳлӯи намояндагони расмии Тоҷикистон ҷой додааст.

Ҳамоиши 29-уми байналмилалии "Ваҳдати исломӣ" рӯзҳои 27-29 декабри соли гузашта дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон баргузор шуд. Муҳиддин Кабирӣ дар ин нишаст дар канори Сулаймон Давлатов, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ,Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои исломӣ ва Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кард.

Раҳбари рӯҳонии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ низ дар ҳошияи ин ҳамоиш бо Муҳиддин Кабирӣ мулоқоти кӯтоҳе доштааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 29 декабри соли гузашта Ҳуҷҷатулоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Душанберо даъват карда, аз ҳузури раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар ҳамоиши "Ваҳдати исломӣ" дар Теҳрон ибрози таассуф кард. Дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷӣ расмӣ гуфт, ки ба сафири Эрон дар робита ба ҳузури Кабирӣ дар ҳамоиши Теҳрон нота ё ёддошти ҷониби Тоҷикистон супурд.

Дар ин ёддошт аз ҷумла гуфта шуда буд, "вазорат бо камоли таассуф таъкид мекунад, ки ба конфронс собиқ раиси ҳизби ифротгаро ва террористии наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ, ки нисбаташ барои кӯшиши табадулоти давлатӣ ва ғасби ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, айни ҳол дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дорад, даъват шуда буд."

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин амалро ғайри қобили қабул хонда ва қотеъона изҳор карда буд, ки чунин муносибат ба робитаҳои хуби Тоҷикистону Эрон метавонад халал ворид кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG