Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон тарҳи ҳамкории амниятӣ бо Тоҷикистонро тасвиб кард


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои эронияш Ҳасани Рӯҳонӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои эронияш Ҳасани Рӯҳонӣ

Маҷлиси Эрон рӯзи сешанбе тарҳи мувофиқатномаи ҳамкории амниятӣ ва низомӣ миёни Душанбе ва Теҳронро ба тасвиб расондааст.

Дар ҳоле ки Тоҷикистон тайи ду ҳафтаи охир Эронро ба ҳимоят аз мухолифони таҳти пайгардаш муттаҳам мекард, Теҳрон тарҳи мувофиқатномаи ҳамкории амниятӣ ва низомӣ бо Душанберо қабул намудааст. Баррасии ин тарҳ рӯзи сешанбе дар Маҷлиси Эрон сурат гирифта ва “бо аксари кулли орои вакилон” ба тасвиб расидааст.

Ҷузъиёти бештари ин мувофиқатнома маълум нест. Аммо баъзе аз расонаҳои Эрон то кунун дар ин замина чанд хабар нашр карда ва чунин гашти Теҳронро “посух ба эронситезии Тоҷикистон” номидаанд.

Тоҷикистон, ки Эронро солҳо боз яке аз шарикони муҳим ва дар баробари Русияву Чин аз сармоягукзорони аслияш медонист, баъди баргузории ҳамоиши “Ваҳдати исломӣ” дар охирҳои моҳи декабр ин кишварро ба ҳимоят аз мухолифони таҳти пайгардаш муттаҳам кард. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бар хилофи он ки Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар ҷустуҷӯи байналмилалист ва барои ташкили ошӯбҳои моҳи сентябри соли гузашта муттаҳам мешавад, Эронро ӯро ба ҳамоиш даъват ва ӯро дар паҳлӯи намояндагони расмии Тоҷикистон ҷой додааст.

Ҳамоиши 29-уми байналмилалии "Ваҳдати исломӣ" рӯзҳои 27-29 декабри соли гузашта дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон баргузор шуд. Муҳиддин Кабирӣ дар ин нишаст дар канори Сулаймон Давлатов, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои исломӣ ва Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кард.

Бино ба гузоришҳо, раҳбари рӯҳонии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ низ дар ҳошияи ҳамоиши “Бедории исломӣ” дар Теҳрон бо Муҳиддин Кабирӣ мулоқоти кӯтоҳе доштааст

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 29 декабр Ҳуҷҷатулоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Душанберо даъват карда, аз ҳузури раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар ҳамоиши "Ваҳдати исломӣ" дар Теҳрон ибрози таассуф кард. Дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷӣ расмӣ гуфт, ки ба сафири Эрон дар робита ба ҳузури Кабирӣ дар ҳамоиши Теҳрон нота ё ёддошти ҷониби Тоҷикистон супурд.

Дар ин ёддошт аз ҷумла гуфта шуда буд, "вазорат бо камоли таассуф таъкид мекунад, ки ба конфронс собиқ раиси ҳизби ифротгаро ва террористии наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ, ки нисбаташ барои кӯшиши табадулоти давлатӣ ва ғасби ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, айни ҳол дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дорад, даъват шуда буд." Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин амалро ғайри қобили қабул хонда ва қотеъона изҳор кардааст, ки чунин муносибат ба робитаҳои хуби Тоҷикистону Эрон метавонад халал ворид кунад.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода

Сайидмукаррам Абдулқодирзода

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Марказии исломии Тоҷикистон, ки рӯзи 8 январ дар намози ҷумъа дар масҷиди марказии ба номи Имом Тирмизии Душанбе мавъиза мекард, бори дигар ба интиқод аз Эрон барои пазироияш аз Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ сухан кард.

Абдулқодирзода инро навъе "пуштибонӣ аз террористон" номид ва гуфт: “Дар ҳоле ки моҳи сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломиро ба феҳристи аҳзоби террорист шомил карда ва фаъолияташро дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ кард, даъвати расмии раҳбари ин ҳизб ба Теҳронро чӣ гуна бояд тавзеҳ дод? Ҳоло рӯшан шуд, кӣ аз ин ҳизби террорист ва раҳбари он ҳимоят ва пуштибонии молӣ мекунад.”

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Эрон ва сафорати ин кишвар дар Душанбе ба ин гуна ибрози назарҳои тезутунди ҷониби Тоҷикистон расман посух надодаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG