Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтӣ Эронро “пуштибони террористон” хонд


Раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон даъват ва пазироии Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ аз ҷониби Эронро навъе "пуштибонӣ аз террористон" унвон кард.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Марказии исломӣ (муфтиёти собиқ)-и Тоҷикистон, ки рӯзи 8 январ дар намози ҷумъа дар масҷиди марказии ба номи Имом Тирмизии Душанбе мавъиза мекард, бори дигар ба интиқод аз Эрон барои пазироияш аз Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ сухан кард. Абдулқодирзода инро навъе "пуштибонӣ аз террористон" номид ва гуфт: “Дар ҳоле ки моҳи сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломиро ба феҳристи аҳзоби террорист шомил карда ва фаъолияташро дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ кард, даъвати расмии раҳбари ин ҳизб ба Теҳронро чӣ гуна бояд тавзеҳ дод? Ҳоло рӯшан шуд, кӣ аз ин ҳизби террорист ва раҳбари он ҳимоят ва пуштибонии молӣ мекунад.”

Ҷаноби Абдулқодирзода паҳлӯи ҳам шинондани аъзои расмии ҳайати давлати Тоҷикистон ва Муҳиддин Кабириро дар ҳамоиши "Ваҳдати исломӣ", ки дар поёни моҳи декабр дар Теҳрон доир шуд, як навъ таҳқир ба ҷониби Тоҷикистон ва хилофи одоби меҳмоннавозии Эрон арзёбӣ кард.

Ӯ гуфт, ки Эрон бо даъвати Муҳиддин Кабирӣ ба ҳамоиши "Ваҳдати исломӣ" (27-29 декабри 2015) ва дидори оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломӣ бо ӯ ҳимояти ошкори Эронро аз ин ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ ба намоиш гузоштааст.

Ба гуфтаи раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон, ҳизби наҳзати исломӣ ва раҳбари он Муҳиддин Кабирӣ дар “табаддулоти давлатии 4 сентябр даст доранд ва мақсадашон рехтани хуни ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар буд.”

Муҳиддин Кабирӣ, ки аз моҳи марти соли 2015 дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад ва дар Душанбе алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ кушодаанд, дар ҳамоиши 29-уми байналмилалии "Ваҳдати исломӣ" дар Теҳрон ширкат ва суханронӣ кард. Матбуоти Эрон навишт, ки Кабирӣ имсол ба далели мамнӯъ будани ҳизбаш на чун намояндаи Тоҷикистон, балки ҳамчун меҳмони вижа ба ин ҳамоиш даъват шудааст.

Даъвати Кабирӣ ба нишасти Теҳрон ва бахусус пазироии ӯ аз сӯи оятуллоҳ Хоманаӣ ба мавҷи интиқодҳо дар Тоҷикистон рӯбарӯ шуд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 29 декабр сафири Эронро эҳзор карда, ба ӯ дар робита ба сафари Кабирӣ нота ҳам супурд.

Ҳамзамон, Саидмукаррам Абдуқодирзода дар мавъзиаи рӯзи 8 январаш аз "меҳмоннавозӣ ва пазироӣ дар сатҳи олӣ"-и мақомоти Арабистони Саудӣ ситоиш кард. Раиси Шӯрои уламо узви ҳайъати баландпояе ба раҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмон буд, ки рӯзҳои 3-5 январ аз Арабистони Саудӣ боздид ва дар ҷараёни ин сафар Ҳаҷҷи умра карданд.

Ӯ гуфт, малики Арабистони Саудӣ 300 сарбозро барои ҳифозати ҳайати давлати Тоҷикистон ба ҳангоми адои Ҳаҷҷи умра дар Каъбатуллоҳ муваззаф карда ва дари Хонаи рамзии Худоро на танҳо ба рӯи Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводааш, балки барои ҳамаи аъзои ҳайати давлати ин кишвар боз кард.

Ҷаноби Абдуқодирзода аз самимияти Эмомалӣ Раҳмон дар адои намоз ва дуо ситоиш карда ва гуфт, "пешвои миллат ва раҳбари давлат дар Хонаи Худо на барои фарзандону пайвандони худ, балки барои миллати тоҷик ва оромию саодати кишвар дуо кард."

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4 январ, дар охирин рӯзи дидори расмиаш аз Арабистони Саудӣ эҳром дар тан ва дар ҳалқаи наздикону даҳҳо мансабдор дар Каъба зоҳир шуд ва Ҳаҷҷи умра анҷом дод. Аксу наворҳо аз ҷараёни анҷоми Ҳаҷҷи умра аз ҷониби президент, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳоли адои намоз намоиш медод, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва Ютуб ба таври густарда пахш шуд.

Президенти Тоҷикистон бо аъзои хонавода ва кобинаи ҳукуматаш дар ҳоле маросими Ҳаҷҷи умраро дар Арабистони Саудӣ анҷом дод, ки қишри муҳофизакори ҷомеаи Тоҷикистон ҳукумати ӯро ба ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои мазҳабӣ дар кишвар айбдор мекунанд. Сафари ӯ ба Саудӣ ҳамчунин замоне сурат гирифт, ки байни Арабистони Саудӣ ва Эрон таниши шадиде авҷ мегирад.

XS
SM
MD
LG