Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарнигори тоҷик Ҳарамгули Қодир дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ дар бораи бозпурсӣ шуданаш дар робита ба парвандаи ошӯби генерал Назарзода ва овозаҳо пиромуни робитаи ӯ бо Муҳиддин Кабирӣ сӯҳбат кард.

Ҳарамгули Қодир, хабарнигори “Ҷумҳурият” – нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон ва хабарнигори собиқи Озодӣ аз шумули хабарнигоронест, ки ҳамеша номаш вирди забон буд. Бо мақолаҳои тундутезе ки дар нашрияҳо чоп мекард, ва ҳам бо постҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузошт. Вале чанд муддати охир Ҳарамгул зоҳиран мӯҳри хомӯшӣ ба лаб задааст.

Ҳарамгули Қодир рӯзи 5 январ дар як мусоҳибаи видеоӣ бо Радиои Озодӣ, ки аз тариқи Скайп анҷом шуд, гуфт, чанд муддат дар Тоҷикистон аз сӯи мақомот дар робита ба парвандаи ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ-Ҳалим, таҳти бозҷӯӣ қарор дошт. Ӯ мегӯяд, дар ҷараёни бозҷӯиҳо аз вай бештар пиромуни овозаҳо дар бораи робитаҳояш бо Муҳиддин Кабирӣ – раҳбари ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ ва оё дар воқеъ бо Кабирӣ издивоҷ кардан ё накарданаш мепурсиданд.

Ҳарамгули Қодир, ки феълан бо сафаре хориҷ аз кишвар қарор дорад, мегӯяд, азм дорад, ба Ватан баргардад, вале шояд тағйири касб кунад. Ҳарамгули Қодир моҷарои омада бар сарашро “як сабақи талх” барои худу боқӣ журналистони тоҷик меномад ва мегӯяд, рӯзе ки ба сари ӯ омад, метавонад ба сари хабарнигорони дигар ҳам биояд. “Сарфи назар аз он ки гунаҳкор ҳастанд ё на,” – мегӯяд ин хабарнигори тоҷик.

Радиои Озодӣ: Аввал аз ҳама бипурсем, ки сабаби мусофирати як андозаи тӯлонии Шумо чӣ буд?

Ҳарамгули Қодир: Ин суолест ки пайваста аз ман мепурсанд. Ман ба чунин як сафар ниёз доштам, вале ҳодисаҳое ки дар тобистон ва тирамоҳи соли ҷорӣ бо ман рӯй дод, нагузошт, то ин сафар зудтар анҷом шавад. Вале дар моҳи декабр билохира фурсат даст дод ва ман сафар кардам. Мехостам тӯлонитар ҳам биистам, вале чун сарусадоҳое зиёд шуданд, ки гӯё ман аз Ватан фирор кардаам, қасд кардам, ки баргардам ба Тоҷикистон ва шояд баъдтар барои анҷом табобат дубора хориҷ биравам.

Радиои Озодӣ: Ин сафар баъд аз як муддат кашокаши шумо буд ва то ҷое шунидем, шуморо дар робита ба парвандаи ошӯби Абдуҳалим Назарзода дар Душанбе муддате бозҷӯӣ ҳам карданд? Ин бурдуоварди шумо чигуна шурӯъ шуду то куҷо давом кард?

Ҳарамгули Қодир: Ин як қиссаи талхе аз зиндагии ман аст ва ман, ростӣ, ба истиснои чанд дӯст, бо касе дар ин бора лаб намекушодам. Чун ҷараёни тафтишот ҳам буд, мо ҳаққи ба расонаҳо дар борааш сӯҳбат кардан надоштем. Вале чун садоҳое баланд шуданд, ки ман гӯё аз тафтишот фирор кардаам, бояд бигӯям, ки қасди мо ин набуд. Маро додситонии ҳарбӣ тавассути маъмурони раёсати ҷиноятҳои муташаккилона ба бозҷӯӣ бурданд, ки бароям нигаронкунанда буд. Ман бештар мунтазир будам, ки маъмурони Кумитаи амният ба ман машғул мешаванд, вале вақте гуфтанд, бо амри додситонии ҳарбӣ омадаанд, ҳайрон шудам, ки оё ман ба додситонии ҳарбӣ чӣ рабте дорам? Вақте рафтем, аввалин пурсиш ҳам дар робита ба ошӯби Абдуҳалим Назарзода шуд. Ман Назарзодаро ғоибона медонистам, вале шахсан на мешинохтам ӯро ва на боре дидаам. Чун ҷараёни тафтиши ин парванда махфист, ман ҷузъиёташро гуфта наметавонам, вақте фурсаташ расид, бигзор худи масъулон бигӯянд. Вале журналистони тоҷик бояд бидонанд, ба сари онҳо ҳарчӣ омада метавонад ва инро интизор ҳам бошанд. Ман бо онки як зан будам ва ҳатто хабарнигори расонаи давлатӣ, инро дар худ таҷриба кардем.

Радиои Озодӣ: Шуморо аз Назарзода мепурсиданд ё дар бораи чизҳои дигар?

Ҳарамгули Қодир: Вақте ман суол кардам, ки ба Абдуҳалим Назарзода чӣ рабте дорам?, онҳо барои худ далел оварданд, ки дар робита ба Муҳиддин Кабирӣ мехоҳанд аз ман бипурсанд. Ҳатто агар Назарзода ё Кабирӣ қасди табаддулот ҳам доштанд, ман бо он ки бо Кабирӣ фақат салому алек будем, чӣ рабт дорам ба ин табаддулот? Мо дар оғози тафтиш, мутаассифона, забон наёфтем, чунки онҳо далелҳои худро доштанду ман - аз худамро. Ҳамин гуна оғоз шуд кашмакашҳои ман.

Айни видео (агар Ютуб боз нашуд):

Радиои Озодӣ: Чанд муддат давом кард ин ҳама?

Ҳарамгули Қодир: Аз рӯи манъи фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ аз сӯи Додгоҳи олӣ, яъне аз 29 сентябр оғоз ёфт ва тақрибан як моҳ давом кард. Як моҳе, ки агар бигӯям, бароям мисли ду ё се сол гузашт, боз ҳам кам гуфтаам. Чун асабоният ва фишори зиёд буд, зеро онҳо мехостанд ҳар овозае ки дар даст доштанд, тасдиқашро ба даст биоранд.

Радиои Озодӣ: Яъне худатон фикр мекунед, ки сабаби ба ин моҷаро кашонда шудани шумо ҳамон овозаҳо дар бораи гӯё робитаатон бо Кабирӣ буд?

Ҳарамгули Қодир: Бале, гумоне буд, ки ман ҳам гӯё яке аз ҳамсарони оқои Кабирӣ бошам ва гӯё фарзанд ҳам дошта бошем. Вале агар ман ҳатто агар ҳамсари Ҳоҷӣ-Ҳалим ё Кабирӣ мебудам ва онҳо табаддулот мекарданд, боз ҳам ман чӣ айб доштам? Ё аз ӯ фарзанд медоштам? Ман гуфтамашон, ки чунин нест. Мо, журналистон, ҳаёти паси парда дошта наметавонем. Хуб аст ё бад, ҳар амале ки мо мекунем, ошкор аст.

Радиои Озодӣ: Албатта, масъала хеле нозук аст, хусусан матраҳ карданаш бо як духтари тоҷик. Аммо то ҷое ки шунидем, шуморо ташхиси вижа ҳам карданд дар чорчӯби ин бозҷӯиҳо?

Ҳарамгули Қодир: Мешавад ман аз шумо инро суол кунам, ки шумо кай ва чӣ тавр огоҳ шудед аз ин паҳлуи қазия?

Радиои Озодӣ: Аз сарусадои мардум ва аз нафароне, ки огоҳӣ доранд аз ҷараёни қазия.

Ҳарамгули Қодир: Вақте ин қазия идома дошт ва интизориҳое ҳам вуҷуд дошт, ки натиҷаҳои он тағйир дода шаванд ва бисёриҳо аз ман он рӯзҳо дурӣ меҷустанд. Ҳар нафаре ки аз ман мепурсид, аз ҷумла аз мақомот, ман мегуфтам, ки байни мо робитае нест, як самимият ва салому алек ҳаст, тамом. Ман журналистам ва бо тамоми вазирону мансабдорон муносибати хуб дорам. Вале ин ба маъное нест, ки ман бо ҳамаи онҳо робита дошта бошам. Барои ҳамин, ман худам пешниҳод кардам, ки азбаски шумо ин масъаларо ба хотири амният ва бехатарии давлат мегӯед, ман ҳозирам, агар ҳаёти шахсии ман ба амнияти давлат хатар дошта бошад, ба ҳар ташхисгоҳ ва ҳар ҷое ки бигӯед, омодаам биравам ва исбот кунам, ки ман бокираам. Мутаассифона, дар ҷомиаи Тоҷикистон фикре шакл гирифтааст, ки агар синни духтар аз 20 боло бошад, шубҳа мекунанд, ки оё ӯ бокира ҳаст ё на? Албатта, ин барои ман таҳқир аст, вале чӣ кунам, ки барои исбот карданам бояд ин корро мекардам. Адолат будаам, ба сахтӣ ба даст меояд, вале намурдааст. Муфаттишон ҳам, ки дар оғози тафтиш рафтори дурушт доштанд бо ман, баъди исботи ҳақиқат хуб шуданд.

Ман ҷараёни ташхисро ҳақ надорам бигӯям, вале метавонам гуфта, ки ман исбот кардам, ки бехатарии давлат халалдор нашудааст ва ман бокира ҳастам.

Радиои Озодӣ: Чун мегӯед, ки гирифтории шумо ба далели овозаҳо дар бораи гӯё робитаатон бо Кабирӣ буд, оё кадом пешниҳоди мушаххасе ҳам ба шумо шуд, ки фалон корро анҷом бидиҳед ва мушкили шумо ҳал мешавад?

Ҳарамгули Қодир: На. Тавре гуфтам, дар ибтидо ман ва муфаттишон бо ҳам хеле хунгармона муносибат доштем ва ман дар ибтидо барояшон Ҳарамгул будам. Вале вақте ба марҳалаи ниҳоии тафтишот расидем, ман алакай “хонум Ҳарамгул” ва “апаи Ҳарамгул” шудам. Албатта, хеле сахт буд ва ман ҳатто қасд доштам ба хотири поймол шудани шаъну шарафам ба додситонӣ шикоят бубарам. Ман як духтари хона будам ва азбаски онҳо ҳатто бо аъзои хонаводаи ман рафта, дар ин бораҳо сӯҳбат карданд, ман ҳамчун як фоҳиша ё як зане, ки ба хотири молу сарват ба марде дилбаста аст, муаррифӣ шудам. Сахт буд ин ҳама, вале шартҳо набуд.

Аслан ин қазия аз интихоботи президентии соли 2013 сар шуд. Марҳалаи дувумаш феврали соли 2014 буд, ки як сели матлабҳои тӯҳматомез дар бораи манро дар Интернет нашр карданд. Ва марҳалаи сеюм ин тафтишот. Ҳанӯз то ин марҳалаи тафтиш шартҳое буд. Вале ман ҳамеша як ҳарф доштам, ки ҳар муносибате ки ман бо нафаре дорам ва агар байни мо нофаҳмие ҳам гузашта бошад, мо худамон ҳал мекунем. Ман ягон шарту шароитро қабул накардам.

Радиои Озодӣ: Баьди ин қадар кашокаш метавонед парда аз рӯи ин сир бардоред ки ое воқеан байни шумову Кабирӣ чизе буд ё на?

Ҳарамгули Қодир: Байни мо як самимият ва як салому алек буд. Намедонам, инро чигуна метавон маънидод кард, вале сирре набуд, ки дигарон хабар надошта бошанд. Намедонам, чаро ман дар Тоҷикистон чун ном баровардаам, ки баъзан ҳатто дӯстонам мепурсиданд, ки чигуна шуморо ҳамсари фалонӣ мегӯянду боз шумо ҳамсари фалониед? Ман ба онҳо мегуфтам, охир дирӯз мегуфтед, ҳамсари фалонӣ, имрӯз – аз фалонӣ, ин чӣ хел мешавад, ки дар ҷомиаи суннатии Тоҷикистон як зан битавонад ҳамсари чанд мард бошад? Тамоми асрори ману Кабирӣ ҳамон як салому алек буд, ҳамон самимият буд ва муҳаббате буд, муҳаббати беҷавоб.

Радиои Озодӣ: Дар ҷараёни ин мусофират Кабириро ё нафарони ӯро дидед?

Ҳарамгули Қодир: На, ман ягон нафари онҳоро надидам, чунки барои табобат омада будам. На Кабириро дидам, на ягон шогирдашро, на ягон наҳзатиро. Умуман, ба ҷуз аз чанд афғон ягон тоҷикистониро надидам.

Радиои Озодӣ: Ҳоло мегӯед, ки ба Душанбе бармегардед, аммо ба кори журналистӣ идом хоҳед дод?

Ҳарамгули Қодир: Чанд масир дар пеши роҳам истодаанд, ки бояд якеро интихоб кунам. Рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон бармегардам. Намедонам, маро онҷо чӣ интизор аст, ҳарчанд умедворам, ки чизҳои хуб интизор бошанд. Вале бо маоши ками журналистӣ шояд дар фикри ягон ҷои кори дигар шавам, шояд ҳатто аз баҳри журналистика гузарам.

Радиои Озодӣ: Сабақҳои умдае ки аз ин ҳама моҷаро бардоштед, чиянд?

Ҳарамгули Қодир: Сабақҳои хеле талх. Ончунон талх, ки ҳатто боварам намеояд, ки ман ҳамаи инро дар зиндагӣ таҷриба кардам, дидам, чашидам. Инро фақат касе дарк карда метавонад, ки ин ҳамаро таҷриба кардааст. Хеле сабақи бад. Барои ҳамин ман мехоҳам, журналистони мо ҳама вақт хеле боэҳтиёт бошанд. Қазияи ман нишон дод, ки ҳатто зиндагии шахсии мо метавонад новобаста аз худи мо сабаби парванда шавад. Тафтишот ҳанӯз ба охир нарасидааст ва ман наметавонам хеле ҷузъиётро бигӯям, вале вақте шумо ба муҳите даъват мешаведу бо ту сӯҳбат ба чунин як шакл сурат мегирад ва он ҳам пиромуни ҳаёти шахсии шумо, яъне масъалаи, бубахшед, байни пои як марду як зан, ин хеле нанговар аст, ин хеле барои як зан шикананда аст. Як шиканҷаи маънавист, чунки наметавонӣ ҳаёти шахсии худатро, ки Сарқонун кафолати ҳифзашро додааст, ба хотири шарафи инсониат ҳимоят кунӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG