Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Наҷмиддинов баргашт. Мансаби нави вазири собиқи молия


Сафаралӣ Наҷмидддинов

Сафаралӣ Наҷмидддинов

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири собиқи молияи Тоҷикистон, ахиран директори Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири собиқи молияи Тоҷикистон, дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабарнигори нашрияи расмии “Ҷумҳурият” Ҳарамгули Қодир ба ҳайси мудири Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кори ин ниҳоди давлатӣ сӯҳбат кардааст. Муҳтавои сӯҳбат шояд чандон муҳим нест, ки худи хабари ба раҳбарии ин ниҳоди муҳим таъин шудани вазири собиқи молия.

Сафаралӣ Наҷмиддинов 29 ноябри соли 2013 баъди ташкили кобинаи нави вазирони Эмомалӣ Раҳмон баъди пирӯзии ӯ дар интихоботи навбатӣ аз мақоми вазири молия барканор шуда буд.
Сафаралӣ Наҷмиддинови 63-сола аз аъзои собиқадори тими Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мерафт ва тақрибан аз оғози раҳбарии ӯ бар кишвар дар ҳукумати Раҳмон ҳамеша мақомҳои баланд дошт. Наҷмиддинов, ки 20 ноябри соли 1951 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омадаву соли 1973 риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатӣ (ҳоло Донишгоҳи миллӣ)-и Тоҷикистонро хатм кардааст, дар замони Шӯравӣ бештар ба ҳайси ревизор кор карда, то мақоми мудири идораи муҳосибот ва тафтишу назорати вазорати савдо “сабзид.” Ӯ соли 1993 муовини вазири савдо таъин шуда, соли 2000 аз ин мақом ба симати вазири молия рафт ва то барканориаш дар таърихи 29 ноябри соли 2013 дар ин яке аз муҳимтарин мансабҳои ҳукумати Тоҷикистон кор кард.


Вазорати молия - ҷои кори фарзандони "фарзона"?

Сафаралӣ Наҷмиддинов аз ангуштшумор вазирони Эмомалӣ Раҳмон аст, ки тавонист дар тӯли қариб 13 сол худро дар мақоми хеле муҳими вазири молия нигоҳ бидорад. Маҳз ҳамин вазорати “равғанӣ” дар аҳди Сафаралӣ Наҷмиддинов макони кори фарзандони хеле аз мансабдорони баландпояи ҳукумати кунунии Тоҷикистон шуд.

Аз ҷумла дар аҳди ӯ Амирҷон Убайдуллоев, писари ҳоло 32-солаи шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев, ба ин вазорат ба кор омаду то мақоми муовини раиси яке аз департаментҳо “сабзид” ва аз ҳаминҷо намояндаи ҳукумати Тоҷикистон дар Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ таъйин шуду ба Вошингтон рафт. Ӯ ҳоло ба Душанбе баргаштаву дар дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ кор мекунад.
Ҷамолиддин Нуралиев ҳангоми орденгирӣ

Ҷамолиддин Нуралиев ҳангоми орденгирӣ

Кадри дигари “сабзонда”-и Сафаралӣ Наҷмиддинов, албатта, Ҷамолиддин Нуралиев, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар замони ӯ то мақоми ибтидо муовин ва баъдан – муовини аввали вазири молия расид.

Бархе таҳлилгарон мегӯянд, Сафаралӣ Наҷмиддинови хеле ба Эмомалӣ Раҳмон наздик дар ниҳоят қурбони нуфузталабиҳои афзояндаи ҳамин домоди раисиҷумҳур шуд ва ба ҷои ӯ Абдусалом Қурбоновро ба ин мансаби муҳим оварданд. Қурбонови 45-сола, ки дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст, то расиданаш ба мақоми вазири молия дар ноябри соли 2013 мудири дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон буд.

Бозгашти ветеранҳо ва "тирдони пур аз тир"-и Хайруллоев

Аммо баъд аз барканории Наҷмиддинов ва чандин узви дигари собиқадори ҳукумати Тоҷикистон дар тағйироти кадрии моҳи ноябр ҳам соҳибназарон мегуфтанд, ки Эмомалӣ Раҳмон ин ёрони калидиашро зиёд бевазифа нахоҳад гузошт. Ва чунин ҳам шуд.
Шералӣ Хайруллоев

Шералӣ Хайруллоев

Аз ҷумла Матлубхон Давлатови 64-сола, ки моҳи ноябр аз мақоми муовини аввали сарвазир ба нафақа рафт, баъди ҳамагӣ 2 моҳ референти раисиҷумҳур таъин шуд. Шералӣ Хайруллоев, ки моҳи ноябри соли 2013 дар синни 65 аз мақоми вазири дифоъ низ ба нафақа гусел карда шуд, низ 2 моҳ баъд ёвари раисиҷумҳур дар масоили амният ва дифоъ таъин шуд ва аз ширкати фаъолаш дар музокироти роҳҳои ҳалли таниши марзӣ дар марзи Исфараву Ворух ва ҳам дар ҳалли бӯҳрони ахир дар Хоруғ бармеояд, ки ба қавли маъруф, “тирдони ин генерал ҳанӯз пур аз тир будааст.”

Маълум мешавад, Сафаралӣ Наҷмиддинов ҳанӯз 31 январи соли 2014, тақрибан дар як вақт бо аз нав вазифа гирифтани Матлубхон Давлатов ва Шералӣ Хайруллоев ба мақоми мудири Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.
Рӯҳуллоҳ Ҳакимов

Рӯҳуллоҳ Ҳакимов

Аммо дар ин ҳолест ки ҳамагӣ якуним моҳ аз ин пештар - рӯзи 6 декабри соли 2013 - муовини собиқи вазири молия Рӯҳулло Ҳакимов, ки ҳамроҳ бо Наҷмиддинов барканор шуд, бо фармони раисиҷумҳур мудири Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таъин шуда буд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки дар ин байн чӣ шуду чӣ гузашт, ки Рӯҳулло Ҳакимов баъди камтар аз 2 моҳи кор ин курсиро ба шефи собиқаш дар вазорати молия холӣ кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG